Санаи 8 январи соли 2023 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2024 баргузор гардид.
Дар ҷаласа Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Мирзозода Рустам Пирахмад, Мушовири калони бахши Ердамчии Президенти Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои ҳуқуқӣ Шоназаров Содиқ Ашурович, судяҳо ва сардорони воҳидҳои сохтории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинон ва судяҳои судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Мутобиқи рӯзномаи маҷлис оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии
Тоҷикистон бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2024 муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилӣ Файзали вобаста ба фаъолияти марҳилаи якуми Суди Олии иқтисодӣ маърӯза намуда, сипас ахбороти муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода Зокир оид ба натиҷаи фаъолияти марҳилаи кассатсионӣ ва назоратии Суди Олии иқтисодӣ шунида шуд.
ҳамчунин, доир ба натиҷаи фаъолият Раисони суди иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе баромад намуданд.
Дар идомаи маҷлис натиҷаи фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ баррасӣ гардида вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта ва вазифаҳо барои давраҳои оянда супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар охир Лоиҳаи қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисоди дар соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2024 аз ҷониби муовини Раис Хайриддинзода Азизбек ироа гардид, ки аз тарафи аъзоёни Раёсати Суди Олии иқтисодӣ ҷонибдорӣ гардид.
Напечатать страницу