- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Вохурии Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Ҳақиқиён

Санаи 20 декабри соли 2023 Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам Пираҳмад бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён  вохӯрӣ  ба анҷом расониданд. Ҳамчунин дар вохӯрӣ муовинони Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода З.Т. ва Хайриддинзода А., мушовири иқтисодии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Ҳуҷҷатӣ ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруф Абдураҳмон иштирок намудаанд.

Мулоқот дар замимаи ёддошти сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе роҷеъ ба дархости мулоқоти  сафири ин кишвар бо Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Р.П. баргузор гардида, дар он гуфтугӯ ва табодули назар доир гардид.

Дар идома тарафҳо доир ба марҳилаи нави муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Эрон суҳбат намуда доир ба фарҳанг, забон, таърих ва тамаддуни якхела ин ду кишвар табодули афгор намуданд.