Санаи 23 ноябри соли 2023, дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодӣ бахшида ба муносибати ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузоро гардид.
Чорабиниро Раиси СОИ ҶТ Рустам Мирзозода ифтитоҳ намуда, қайд қайд карданд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷамеаи мо ба ҳисоб меравад.
Аз ин лиҳоз ҳар як шаҳрванди ба ору номуси Ватанро мебояд бо ҳисси баланди ифтихор арзишҳои муқаддаси кишвари сулҳу амонидоштаро пос дошта ва зери ливои Ватан шукргузорӣ намояд.
Дар идома, доир ба таърихи парчамдори ва ливодории хатчи тоҷик ёдовар шуда зикр гардид, ки чун сухан аз таърихи парчамдории халқи тоҷик ва корномаи Коваи диловар рафт, ба хотир шоҳасари ҷаҳонии Фирдавсӣ «Шоҳнома» – и безавол меояд, ки намунаи осори барҷастаи ватандӯстию тарғибгари некию мардонагӣ буда, аз муборизаи қаҳрамонони миллии халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.
Ҳамчунин дар идомаи ҳамоиши имрӯза судяҳои СОИ ҶТ Саид Суҳроб ва Муминзода Қутбиддин ва ёрдамчии судя Қурбонова Мадина дар мавзӯҳои таърихи парчамдории тоҷикон, эҳтиром ва манзалати он, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ватандорӣ маъруза намуданд.
Напечатать страницу










