Имсол мо дар арафаи таҷлили ҷашни бошукӯҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон онро тасдиқ менамояд, қарор дорем. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддассоти миллӣ ва рамзҳои истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, он дар таърихи 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.
Парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осудагии Ватани азизамон рамзи бахту иқболи баланди миллати тоҷик мебошад, ки дар натиҷаи саъю талошҳои мардуми кишвари соҳибистиқлоламон ва бо заҳмату раҳнамоии Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Вақте ки дар баъзе гӯшаҳои дунё Парчами давлатии Тоҷикистон афрохта мешавад, ин маънои онро дорад, ки Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол ва соҳибихтиёр ба ҳисоб рафта, дар қатори дигар давлатҳо нуфуз ва эътибори худро дорад.
Бояд қайд намуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар буда, ранги сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир гардиааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 мебошад.
Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудаанд, ки паҳлуи амудиашон 0,8 ва паҳлӯи уфуқиашон 1,0 аз паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд. Тоҷи баландиаш 0,55 ва паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2 аз бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 аз рахи сафед васл мегарданд.
Ранги сурх дар Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи мубориза ва ҷонисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлол мебошад. Ранги сафед ҳамчун рамзи бахту иқболи сафед ва покизагӣ истифода шудааст, ки дар гузашта ҳамчун рамзи тозагӣ абадияти ҳаёт ва заволи зулмат эътироф гардида буд. Ранги сабз нишонаи саъю кӯшиш ва заҳмату талошҳои мардуми тоҷик баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватани азизамон мебошад.
Бо дастгириву талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили Ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паҳлӯи Қасри миллат дар манораи бузурги баландиаш 165 метр бузургтарин парчами ҷаҳон- Парчами давлатии Тоҷикистон қад ороста, ба ифтихори он мавзеи атрофи он «Боѓи парчами давлатии Тоҷикистон» номгузорӣ гардида буд, ки ин манораи муқаддас дар «Китоби рекордии Гинес» ҷой гардид. Баландии матои парчам 30 метр ва паҳнояш 60 метр буда, пояи он аз ҷониби бинокорони корхонаи «Алюминсохтмон» ва ширкати байналмиллалии «Трейдинг Саппот» бунёд гардида, маросими расмии ба истифода додани он 30 августи соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли зиёи мамлакат баргузор гардид.
Парчами имрӯзаи давлатӣ таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Мо бо парчами давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор мекунем ва он барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар муқаддас аст.
Напечатать страницу