ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТ АСТ Насруллозод Суҳроб Нурулло – муовини сардори раёсати коргузорӣ, назорат ва омори судӣ

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед ва умед ба ояндаи некро дар худ таҷассум менамояд. Парчами миллӣ дар қатори дигар рамзҳои давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ мебошад.

Парчам ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлату миллат мавқеи худро устувор ва мазмуну моҳияти муҳим касб намудааст, ки имрӯз мавҷудияти ҳеҷ як давлат, озодӣ ва истиқлоли онро бидуни парчам наметавон тасаввур намуд. Дар таърихи қадимии рамзҳо парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар шахсе ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод, парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт. Дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ Шоҳ Фаридун парчами худро бо сангҳои қиматбаҳо ва тасвири ситораи чоргӯшаи тиллоӣ ва шилшилаҳои сурх, зард ва бунафш оро дода, онро «Дирафши Ковиёнӣ» номид.

Боиси тазаккур аст, ки баъди пош хӯрдани давлати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳуриҳои иттифоқ, аз ҷумла, Тоҷикистон марҳилаи нав оғоз ёфт ва ин боис шуд, ки ҳар давлати мустақил парчами худро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ қабул кунад.

Санаи 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки бо ин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз шуд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Парчами миллӣ дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб меёбад.

Қобили зикр аст, ки бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 892 аз 11 декабри соли 1999  Низомнома Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ шудааст. Баъдан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» № 254 аз 12 май соли 2007 қабул шудааст, ки вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии парчамро муқаррар мекунад.

Санаи 3 ноябри соли 2009 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” пешниҳод гардид, ки мувофиқи он 24 ноябр «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон гардид. Ин сана ҳамасола ҳамчун рӯзи ид таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили санаи мазкур эҳтиром ба ин рамзи давлатӣ, бедор намудани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносии шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла насли ҷавон мебошад.

Дар воқеъ, парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин, дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъи муҳимро иҷро менамояд.

Бояд қайд намуд, ки маҳз бо дастгириву талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паҳлӯи Қасри миллат дар манораи баландии 165 метр бузургтарин парчами ҷаҳон – Парчами давлатии Тоҷикистон қад ороста, ба ифтихори он мавзеи атрофи он «Боғи парчами давлатии Тоҷикистон» номгузорӣ гардида буд, ки ин манораи муқаддас дар «Китоби рекордии Гинес» ҷой гардид.

Аз ин рӯ, тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба ин рӯзи Парчами давлатӣ муборакбод намуда, барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ саодатмандӣ ва хонаободӣ таманно менамоям. Бигзор парчами озодиву Истиқлолият доимо парафшон бошад.

Напечатать страницу Напечатать страницу