Ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки он боиси ифтихори ҳар як фарди соҳибватан мебошад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор рафта, бо дидани он ифтихори ватандорӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегирад. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаю фардои дурахшон ва лоиқи эҳтироми ҳар як шахс мебошад. Парчами давлатии Тоҷикистон пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳидро оро дода, диёри моро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягонаю ҳуқуқбунёд муаррифӣ менамояд.
Боиси ёдоварист, ки дар солҳои аввалини мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ давлати Тоҷикистон яке аз давлатҳои таркиби он буда, дар соли 1924 парчами он сурхи якранг буд. Дар канори чапи он акси досу болға, ситора, пахта ва навиштаҷоти бо хати форсӣ- “Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!”-ҷой дода шуда буд. Дар соли 1953 Парчами Тоҷикистон дигаргун гардида, сохтораш қисман содатар гардид, яъне аз боло ба поён ранги сурх, дар миён ду хати нисбатан борики сафеду сабз, дар гӯшаи чап, аз боло досу болға ва ситорача ҷойгир шуда буданд, ки чунин тарҳи Парчами Тоҷикистони шӯравӣ то соли 1991 мавҷуд буд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми ноябри соли 1992 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Дар Парчами Ватани маҳбуби мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстию ватанпарастӣ, ҳимояи марзу буми муқаддаси мо таҷассум гардидааст. Рангҳои Парчами давлатӣ ифодагари роҳи таърихии тайнамуда ва арзишҳои маданӣ, маърифатӣ ва фарҳангии миллии тоҷикон мебошанд.
Беҳтарин суханони баландмазмун ва воқеиро дар мавриди мақому ҷойгоҳи хоси Парчами давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта, чунин таъкид намудаанд:
“Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.
Боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Ватани маҳбубамон мебошад, ки маҳз бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 15-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи ноябри соли 2009 ҳамасола 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад ва ин маъракаи муҳими сиёсӣ имрӯзҳо ба як ҷашни бошукӯҳи изҳори муҳаббату садоқат ба Ватан ва тантанаи адолату садоқат мубаддал гардидааст.