Шояд миёни тамоми эҳсосоте, ки дар ниҳоди мо инсонҳо ҷойгоҳи онҳост наҷибтаринаш эҳсоси ватандорӣ бошад. Эҳсосе, ки мо имрӯзҳо бо баробари соҳибихтиёр гаштанамон беш аз ҳар вақти дигар ба доштани он ниёзмандем. Меҳру муҳаббат ба Ватан ба Меҳан нахуст дар чаҳордевори хонавода шаклу сурат мегирад ва баъдан дар доираи иҷтимоӣ рушду камол меёбад. Эҳсос наҷибтарин ҳиссиёте мебошад, ки қодир аст шахсоро ба сӯи эҳёи Ватан раҳнамун созад.
Дар бузургию арҷу манзалат Ватан-модар бо ҳам баробаранд ва касе, ки нахустин бор ин ду мафҳумро канори ҳам гузоштааст, зеҳни равшану дидаи дурбин доштааст. Эҳсоси ватандорию ватандӯстӣ бо василаҳои гуногун дар ниҳоди ҳар як инсон хуруҷ мекунад. Ҳангоми дидани манзараҳои зебои кишвар, шунидани суруди миллӣ, фаҳмидани муваффақиятҳои кишвар дар самтҳои гуногун ва ҳоказо аз қабили онҳо мебошанд. Яке аз воситаҳои муҳими барангезандаи эҳсоси ватандорӣ ин парчаи давлатӣ шуморида мешавад. Ҳангоми назари шахс ба парчам эҳсоси ватандорӣ ба миён омада шахсоро дар ҳолати ҳисси ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва муҳаббат қарор медиҳад. Садоқ ва нерӯмандӣ аз қабили ҳиссиёте мебошанд, ки ҷомеаи мо ба он ниёз доранд. Он танҳо бо дидану доштани парчам ва дигар василаҳое, ки дар боло зикр кардем ба миён меоянд. Ҳар халқияте, ки хусусиятҳои давлатро касб мекунад барои шинохти миллату давлати худ дар арсаи ҷаҳонӣ унсурҳои муайянеро ба худ мегирад. Парчам, ки намоёнтарини онҳо мебошад мақсадҳо ва хусусиятҳои худро дошта, гузашта ва дурнамои давлатро инъикос мекунад. Воқеъан, парчам муарифгари давлат буда, ҳамоҳангкунанда ва сарҷамъкунандаи миллат мебошад. Парчам ба қалбҳо ғурур ва нури умедро ба ояндаи нек зуҳур мебахшад. Мақоми парчам дар зеҳни шаҳрвандон бояд то андозае арзишманд бошад, ки дар ҳар бори дидани он масъулиятро эҳсос намоянд. Чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро барои Ватан ва Ватанро барои худ шуморида барои беҳбудии он камари ҳиммат банданд. Бетарафӣ ва бетафовутиро ихтиёр накунанд ва номи муассирро дар тарбияи ватандорию ватанпарастӣ гузоранд. Барои дарк намудани моҳияти парчам аз тарърихи худ бохабар будан лозим аст. Мо танҳо дар он сурат моҳияти парчамро дарк карда метавонем, ки дар дил эҳсоси ватандорию ватанпарастиро ба вуҷуд орем. Таърих гувоҳ аст, ки парчам мавқеи аввалиндараҷа дошта, дар размҳои байни давлатҳо афтидани парчам ба дасти ҳариф мағлубият шуморида мешуд. Бинобарин имрӯз, ки дар зери ливои парчам ҳаёти осуда ба сар мебарем, ба қадри ин бояд расид. Шаҳрвандон ҳар куҷое, ки набошанд чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ парчам пайвандгари қалбҳои онҳо буда иртиботи онҳоро бо Ватан нигоҳ медорад. Ҷашни парчам муборак ҳамватанони гиромӣ.