- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Нақш ва мавқеи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва инкишофи давлати навини тоҷикон – Омина Наҷмудинзода, Мутахассиси пешбари бахши кадрҳо ва корҳои махсус

Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хосса касб намуд. Барои миллат ин бахти нодир ва воқеаи хеле бузургу фараҳбахш ва ифтихор гашт. Дар тӯли Истиқлолияти давлатӣ халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардид, бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, истгоҳҳои барқии обӣ, нақбҳо, шаҳрҳои калони сераҳолӣ ва дигар муваффақиятҳо.

Бузургии миллати тоҷик дар он аст, ки ҳарчанд тӯли асрҳо барои аз байн бурдани ин миллати кӯҳанбунёд, аз тарафи душманони  аҷнабӣ муборизаҳои зиёде рӯйи кор омада бошанд ҳам, ному нишони миллати тоҷик аз байн нарафтааст, зеро номи ӯро фарзандони фарзонааш   пос доштанд.

Бешубҳа метавон гуфт, ки дар таърихи дирӯзае, ки офтоби бахт бори дигар ба рӯйи миллати тоҷик фурӯзон гашт, соҳиби дастоварди бузург – истиқлолияти давлатӣ гаштем, дар ин раванд нақши фарзанди абарманди миллат, ки дар лаҳзаҳои ҳассос барои халқи худ ҷон дар кафи даст ҷоннисорӣ намудааст, ин шахси бузург Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз бо шоҳкориҳояш дар қалби хурду бузург кишвар роҳ ёфтааст.

Вобаста ба хизматҳои бузурги таърихиаш дар назди халқу давлати Тоҷикистон бо заҳматҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи муносибу мақоми воло доранд. Ба тариқи фишурда баршумурдани хислатҳои наҷибу шоиста ва иқдомҳои накуву созандаи ин ҷеҳраи баргузидаи миллат ва абармарди дунёи сиёсат кофист, ки симои ин фард ба сифати номбардори миллат дар ойинаи ҷеҳранамои башарият таҷаллӣ намояд. Зеро дар муддати кутоҳ хомӯш намудани шуълаҳои инсонсӯзи ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳаёти 150 ҳазор нафарро ба коми худ кашид, беш аз як миллион нафарро бехонумон ва фирорӣ намуд. Танҳо ин шахси бузург тавонист мардуми парешону парокандаи тоҷикро дар рӯзҳои даҳшатноки  кишвар сарҷамъ намояд, ки ин кори саҳлу сода набуд.

Дар ин роҳ Президент кишвар ҷони худро ба гарав гузошта, ҳаёти миллатро аз ин ҳодисаи мудҳиши миллаткуш раҳонид, зеро бидуни сулҳу таҳкими амният бунёди ҷомеаи демокративу адолатпарвар ғайриимкон буд ва амалӣ намудани шиори «Ман ба Шумо сулҳ меорам» роҳро ҷиҳати бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёди дунявӣ ҳамвор кард.

Дар арсаи ҷаҳонӣ зиёда аз 145 давлати дунё Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил мешиносанд, эътироф ва пазироӣ мекунанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 119 кишвару давлати ҷаҳон муносибати дипломатӣ ва бо зиёда аз 100 кишвару давлат муносибати тиҷоратӣ дорад.

Таҳкими сулҳу субот ва шукуфоии Ватани маҳбубамон барои ҳар яки мо, гавҳари ноёб буда, бо сарзамини авлодии хеш ифтихор бояд намуд, ки меҳвари асосии таҳкими сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Ҳамаи ин якҷоя бо дигар тарафҳои рушди мамлакат аз ҷумла- соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, эътибор ба оилаҳои камбизоат, эътибор ба бачагони болаёқат бо шарофати сиёсати хирадмандона, дурандешона, ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон амали гардида истодааст, ки ба ин баҳои сазовор бояд дод.

Ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, Президент ва миллат, бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва воқеияти ҳаёти ҳуқуқии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тащти №1320 аз 14 майи соли 2016 ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Дар лоиҳаи пешниҳодшуда масъалаи ба рӯзҳои ид илова намудани таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябр пешбинӣ шуд. Ҳамин тариқ лоиҳаи мазкур 14 марти соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 15 апрели соли 2016 ҷонибдорӣ намуд.

Минбаъ ҳамасола 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса ва хурсандии хурду бузург ҷашн гирифта мешавад.

Гироми доштани ин рӯз танҳо як чашн нест. Он агар аз  як тараф арҷгузорӣ ба хизмати беназири Пешвои миллат бошад, аз тарафи дигар нишон додани ваҳдат ва иқтидори миллӣ намоди иттиҳоди мардуми кишвар дар атрофи идеяҳои созандаи сарвари худ, дарки дурусти барномаҳои роҳбари маҳбуби миллат аз тарафи мардум ва талоши дастаҷамъонаи ҳамаи мо барои амалӣ шудани барномаҳост.

Хушбахтона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қадам ба қадам  заминаи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқиро баҳри расидан ба зиндагии шоистаи тамоми сокинони ҷумҳурӣ, ки ҳадафи волотарини давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, фароҳам оварда истодааст.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқу овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.

Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату Ҳукумат дар самти таҳкими рукнҳои давлатдории навини Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тамоми нерӯ, қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷрибаамонро ба кор барем.