- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Бахшида ба рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

НИЗОМ ДАР МУЛК АЗ ИДОРАКУНИИ ОН ВОБАСТАГӢ ДОРАД

Мансаби Президентӣ,  мансаби олии давлатӣ буда, он бештар мавқеи  худро дар ҷумҳуриҳое, ки шакли идоракунии онҳо президентӣ мебошад, таҷасум менамояд.

Таърихнигаорон пайдоиши мансаби президентиро ба соли 1787 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рабт додаанд. Зеро ҳамон сол аввалин президенти ИМА, Ҷорҷ Вашингтон ба ин мансаби олии давлатӣ интихоб гардида буд.

Истилоҳи “ҷумҳурӣ” бошад, моли забони лотинӣ буда, маънояш “кори умумист” ва он тахминан дар замони давлатдории Румиҳо ва дигар давлатҳои Баҳри Миёназамин пайдо шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мансаби Президентӣ 30 ноябри соли 1990, ки он вақт Тоҷикистон бо номи Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон муаррифӣ мешуд, таъсис дода шуда буд.

Муттаасифона ҷорӣ гаштани мансаби Президентӣ дар замони сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амал кардани Конститутсияе, ки дар замони ҳукуматдории давлати Шуравӣ қабул гардида, Шурои Олии он ҳуқуқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро дар ҳар як маҷлиси худ дошт, рост омад.

Маҳз набудани мавқеи мустаҳками конститутсионӣ нисбат ба мансаби президентӣ, мансаби мазкур 20 ноябри соли 1992 барҳам додашуда, вазифаҳои президент ба зиммаи раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Сарвари давлат буд вогузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки аввали солҳои 90 асри 20 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузариш қарор дошта, қадамҳои аввалини худро дар эъморӣ давлати миллӣ гузошта истода буд. Конститутсияи амалкунандаи ҳамон давр ба шароити гузариш ва пайдоиши муносибатҳои нави ҷамъиятӣ-сиёсӣ ҷавоб гуфта наметавонист. Бинобар ин бо Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 Комиссияи таҳияи Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Аммо бо сабабҳои маълуми давр, ки болотар қайд намудем, ҳамин Комиссия кори худро танҳо баъди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 баргузор гардида дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат, раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд, воқеан шуруъ намуд. Бо Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 1993 ба ҳайати комиссия аъзоёни нав ворид карда шуда, гуруҳи корӣ оид ба таҳияи Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Гуруҳи корӣ тавонист, ки таҳти раисии Раиси Комиссия, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муҳлати ниҳоят кутоҳ Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода намуда, бо қабули Қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 1994 ин Лоиҳаро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намояд.

Сарвари Давлат, раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 18-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳороти сиёсӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки:-“Масъалаи муайян намудани шакли идоракунии ҷумҳурӣ, яъне ҷумҳурии президентӣ ва ё ҷумҳурии порлумонӣ аз қабули Қонуни Асосӣ вобастагӣ дорад.”

Баъдан, Сарвари Давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи июли соли 1994 дар маърузаи худ “Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба шакли идоракунии давлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳори ақида намуданд:-“Мо ҳама шоҳиди он будем, ки дар гузаштаи начандон дур баъзе аз хусусиятҳои давлатдории парламентарӣ чӣ гуна зоҳир шуда буд. Намедонистем, ки сардори давлат кӣ буду, кӣ раиси ҳукумат, кадоме аз инҳо дар назди кадомаш масъул буд. Яке аз сабабҳои субъективии хараҷу мараҷи давлатдорӣ ва оқибатҳои аз ин ҳам вазнинтар дақиқ муайян набудани салоҳияти мақомоти давлатӣ буд.

Имруз барои Тоҷикистон шакли идоракуние, ки дар Лоиҳаи Конститутсия сабт шудааст, мувофиқ аст.

Як хусусияти хуби ҷумҳурии президентӣ дар он нукта ифода меёбад, ки дар ин шакл мувозинату баробарии мақомоти олии давлатӣ таъмин мегардад.”

Дар Лоиҳаи Конститутсия боби чаҳорум ба “Президент” бахшида шуда, дар моддаи 64-и он, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст, пешбинӣ гардид. Яъне, бо ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии президентӣ пениҳод шуд.

Бояд қайд намуд, ки зери мафҳуми шакли идоракунии давлат тартиби ташкили мақомотҳои олии ҳокимияти давлатӣ, сохтор, муҳлати амал ва салоҳияти онҳо, инчунин тартиби муносибатҳои байниҳамдигарии ин мақомотҳо ва муносибатҳои онҳо бо ҷамъият, дараҷаи иштироки аҳолӣ дар созмондиҳии ин мақомотҳо фаҳмида мешавад.

Қобили зикр аст, ки шакли идоракунии давлатро бояд аз шакли сохтори давлат ва режими сиёсии он фарқ бояд кард. Агар шакли сохтори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати ягона (унитарӣ) ташкил диҳад, режими сиёсии он,  демократӣ мебошад, ки ин нишонаҳо дар сархати 1-уми моддаи 1 Лоиҳаи Конститутсия зикр гардида буд.

Мувофиқи муқаррароти сархати 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон :-“Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.”

Ҳарчанд аз муҳтавои моддаи 64-и Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеомад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии президентӣ пешбинӣ мегардад, аммо ин шакли идоракунӣ ошкоро дар Конститутсия зикр нагардида буд.

6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Танҳо 22 майи соли 2016 ба моддаи 1-и Конститутсия, қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шуд:-“Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.”

Муайян намудани тарафҳои мусбӣ ва манфии шакли идораи президентӣ масъалаи осон нест. Зеро, бояд дарк намуд, ки шакли идоракунии идеалӣ ҷой надорад. Аммо идораи президентӣ баъзе фарқиятҳои мусбии худро аз дигар шаклҳои идоракунӣ доро буда дар бардавомии давлат, суботи ҷомеа ва инкишофи минбаъдаи миллат таъсиргузор мебошанд.

Аз ҷумла, интихоби президент ва таъсиси ҳукумат аз ҷониби парламент сурат намегирад, ки ин аз доштани ваколатҳои васеи президент шаҳодат медиҳад.

Маҷлиси Олӣ-парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз якдигар аз тариқи раъйпурсии умумихалкӣ интихоб мешаванд.

Президент  худ Раиси Ҳукумат буда, Сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро таъин ва озод менамояд. Муҳимияти таъсиси ҳукумат аз ҷониби Президент дар он аст, ки Сарвазир ва аъзои ҳукумат на аз руи руйхати ҳизбӣ, балки аз нигоҳи касбият таъин карда мешавад. Дар баробари ин салоҳияти ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва судӣ дақиқан муайян шуда, Президент ҳуқуқи пароканда намудани ҳокимияти қонунгузор-парламентро надорад.

Президенти аз ҷониби мардум интихобшуда, инъикосгари ягонагии давлат ва рамзи миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, дар ташакул ва устувории ҳуввияти миллӣ басо муҳим арёбӣ мегардад.

Шакли идораи президентӣ имконоти онро медиҳад, ки тамоми ҳокимияти иҷроияро як шахс роҳбарӣ намуда дар қабули қарорҳои фаврӣ, ҷиҳати ҳалли савривақтии масъалаҳои умумимиллӣ, давраҳои гузариш, муноқишаҳо ва ё таҳдид ба амният ва суботи давлат, масъул мебошад.

Ҳамчунин шакли идораи президентӣ аз ҳамгуна таъсиррасонии ҳизбӣ, ки онҳо дар парламент ҷой дошта метавонад, эмин боқи мемонад.

Хулоса:-Шакли идораи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона шаклӣ аз нигоҳи миллӣ, ҳуқуқӣ ва давру замон ҷавобгӯ ба манфиатҳои давлат ва миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, “идоракунии мувафақонаи давлат пеш аз ҳама ба устувории низом ва мувозинати байни рукнҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо вобаста аст.”