МОҲИЯТ ВА ХУСУСИЯТИ ҲУҚУҚИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН СОЛИ 1994 ҲАМЧУН ЗАМИНАИ АСОСИИ НИЗОМИ ҲУҚУҚИИ КИШВАР

Конститутсия ин санади ҳамаҷонибаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ башумор рафта, дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад. Ин санади тақдирсози миллат асоси ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар ин мақоми ба худ хос имконият медиҳад, ки мутобиқи мақсад доираи васеъи муносибатҳои ҷамъиятӣ ба танзим дароварда шаванд.

Дар тӯли таърихи инкишофи Тоҷикистон панҷ Конститутсия қабул гардидааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 1929; Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 1931; Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 01 марти соли 1937; Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1978; Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 ноябри соли 1994[1].

Қабули ҳар кадоми онҳо шаҳодати тағйиротҳои куллӣ дар ҳаёти ҷомеа ба шумор рафта, ташаккулёбии пешинаро ҷамъбаст намуда, чун қоида давраи сифатан навро дар таърихи рушду нумуи Тоҷикистон муайян намуда, муқаррароти ақидаҳои навин ё ки тақвият ва инкишофи консепсияи давраи гузаштаро инъикос менамуд.

Хислати умумии чор Конститутсияҳои Тоҷикистон дар он ифода меёфт, ки онҳо воқеан хислати синфӣ дошта, танҳо як идеологияро ҳамчун идеологияи ҳукмрон мустаҳкам намуда буданд ва бисёрҳизбӣ, шаклҳои гуногуни моликиятро инкор карда буданд. Ҳамаи он сараввал ба сохтори сотсиалистӣ ва баъдтар ба сохтори коммунистӣ итоат менамуд. Норасогии онҳо дар он ифода меёфт, ки дар онҳо чун қоида ҳолатҳои ҳуҷҷатҳои муҳими байналмиллалӣ оиди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос нагардида буданд, қисми зиёди меъёрҳо хислати расмӣ доштанд. Дар аввал бевосита амал наменамуданд, гоҳо санадҳои зерконститутсионӣ нисбати Конститутсия бартарии воқеӣ доштанд. Мисол: тамоми Конститутсияҳои шӯравии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳоро танҳо барои ҳамин гуна гурӯҳҳои конститутсионӣ бо номи шаҳрванд муқаррар месохт, ки он ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро маҳдуд менамуд.

Ба даст овардани истиқлолият ва қабули ҳуҷҷатҳои мувофиқ оиди соҳибихтиёрии давлатӣ ҳамчун асос барои коркарди Конститутсияи нави амалкунанда хизмат намуданд.

06 ноябри соли 1994 баъди муҳокимаи тӯлонӣ ва ризоият лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯи баҳодиҳии райъпурсии умумихалқӣ гардид. Дар райъпурсӣ дар рӯйхати овоздиҳӣ дар ҳамаи 64 округ 2685727 шаҳрвандон сабт гардида буданд. Дар овоздиҳӣ 2535437 шаҳрвандон иштирок намуданд, ки шумораашон 94,4%-ро ташкил менамуд. Барои қабули Конститутсияи Тоҷикистон 2352554 шаҳрвандон овози худро доданд, ки шумораашон 87,59%-ро дар бар мегирифт. Муқобили қабули Конститутсияи Тоҷикистон 105300 шаҳрвандон овоз доданд, ки шумораашон 3,92%-ро ташкил медод.

Конститутсияи соли 1994 дар меъёрҳои худ, идеяҳои пешқадами ҷамъиятӣ-сиёсии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро таҷассум намуда, халқҳои Тоҷикистонро ба дастовардҳои таърихии мутамаддин ҳамроҳ менамояд.

Дар ин самт бағоят шоёни диққат он аст, ки дар Конститутсия боби дуюм хеле васеъ мавҷуд аст, ки меъёрҳо ва навиштаҷотҳои амиқро дар бар мегирад, ки онҳо маҷмӯи ҳуқуқ ва озодиҳо ва ӯҳдадориҳои асосии инсон ва шаҳрвандро инъикос менамоянд. Асоси боби мазкурро стандартҳои байналмиллалӣ дар доираи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таъсис медиҳанд. Ҳамин тариқа, санадҳои байналмилаллӣ-ҳуқуқие, ки аз ҷониби ҷумҳурӣ эътироф гаридааст, ҷузъӣ таркибии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад[2].

Афзалияти санадҳои байналмиллалӣ-ҳуқуқӣ нисбати қонунгузории дохилӣ-давлатӣ муқаррар карда шудааст. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд на танҳо аз ҷониби Конститутсия, балки аз тарафи санадҳои байналмиллалӣ-ҳуқуқие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст низ ба танзим дароварда шуда, муҳофизат карда мешавад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қонуни асосии давлат мебошад, ки иродаи халқро ифода намуда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, асосҳои вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва маъмурӣ-минтақавӣ, низоми интихоботӣ ва низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ, низоми судиро мустаҳкам менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ асосан бо хусусиятҳои ҳуқуқии худ фарқ менамояд, ки онҳо чунин зайланд:

– Конститутсия қонуни асосии давлат. Он сохторҳои асосии давлат ва ҷамъият, институтҳои муҳими давлатӣ-ҳуқуқӣ, принсипҳои созмон додан ва фаъолияти онҳоро мустаҳкам менамояд;

– Меъёрҳои Конститутсия дорои қувваи олии ҳуқуқӣ ҳастанд. Қонунҳои ҷорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ наметавонанд ба Конститутсия мухолифат кунанд, онҳо бояд пурра ба он мувофиқат намоянд, дар ҳолати мутобиқат накардани санади мазкур ба Конститутсия меъёрҳои конститутсионӣ амал менамоянд;

– Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи асосии низоми ҳуқуқии давлат ба шумор меравад. Ҳолатҳо ва принсипҳои Конститутсия нақши пешбарандаро барои тамоми низоми ҳуқуқ мебозанд ва ҳамчун зер бинои ҳуқуқӣ барои низоми қонунгузорӣ баромад менамоянд;

– Санадҳои байналмиллалӣ-ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, набояд ба Конститутсияи Тоҷикистон мухолифат намоянд. Бо баробари он Конститутсия наметавонад ба меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ мухолифат намояд. Санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқие, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидаанд, ҷузъи таркибии низоми ҳуқуқии миллӣ баҳисоб мераванд;

– Дар қисми 2, моддаи 64-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шудааст, ки Президент кафили Конститутсия мебошад. Илова бар он дар муҳофизати Конститутсия суди конститунсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад;

– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба тариқи муқаррар намудаи конститутсионӣ метавон тағйир дода шавад, яъне бо роҳи гузаронидани овоздиҳии умумихалқӣ.

Доир ба шакли берунаи худ Конститутсияи Тоҷикистон меъёри навишташуда баҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон боз санадҳои иловагие мавҷуданд, ки қонунҳои конститутсионӣ ном гирифтаанд. Ҳатто онҳо конститутсионӣ ном гирифта бошанд ҳам, мутобиқи шаклашон сандҳои мустақиле башумор мераванд, ки дар навиштаҷоти Конститутсия ворид карда нашудаанд. Аммо ин гуна қонунҳо барои татбиқи ҳолатҳои алоҳидаи Конститутсия аҳамияти муҳим доранд ва қабули онҳо дар матни худи Конститутсия навишта гардидааст[3].

Ба ҳайси ин гуна санадҳо баромад менамоянд, мисол: қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар. Ин гуна қонунҳои конститутсионӣ доир ба қувваи ҳуқуқии худ ба Конститутсия гузашт намуда, қисми таркибии он ба ҳисоб намераванд.

Мувофиқи сохтори худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дебоча, қисми асосӣ (10 боб) ва ҳолатҳои интиқолиро дар бар мегирад.

Дебоча халқи Тоҷикистонро ҳамчун субъекти махсусе, ки Конститутсияро қабул намудааст муаррифӣ менамояд, дар худ тақвияти анъанавӣ қабул ва эълон кардани Конститутсияро таҷассум менамояд. Шароитҳои таърихии табъу нашри он тавсиф дода мешаванд, ҳуқуқ ва озодиҳо, асосҳои роҳбарикунандаи сиёсати давлатӣ эълон карда мешаванд.

Қисми асосии Конститутсия аз 10 боб иборат аст, ки онҳо ба моддаҳо тақсим карда шудаанд. Моддаҳо дар навбати худ рақамгузорӣ карда шудаанд. Ҳар як боб доираи муайяни муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад ва модда бошад меъёрҳои муайянро муқаррар месозад.

Дар боби аввал, ки “Асосҳои сохтори конститутсионӣ” ном гирифтааст ва тавсифи давлати ҳуқуқӣ ва сиёсии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд; принсипҳои умумиҳатмии ташаккул ва фаъолияти мақомоти ҳокимият муқаррар карда шудаанд; шакли идоракунӣ ва сохтори давлат муайян гардидаанд; арзиши олии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии идеологӣ ва сиёсӣ эътироф гардидааст; ҳолатҳое, ки моликиятро дар бар мегирад мухтасар ифода карда шудааст. Илова бар ин эълон карда мешавад, ки дорандаи соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ халқ ба шумор меравад.

Ҳолатҳо оиди ҳуқуқҳо, озодиҳо, ӯҳдадориҳои инсон оиди шаҳрванд ва шаҳрвандӣ дар боби дуюми Конститутсия бо номгӯи “Ҳуқуқ, озодиҳо ӯҳдадориҳои асосии инсон ва шаҳрванд” гирд оварда шудаанд. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд; ҳар як инсон ҳуқуқ ба ҳаёт, тағйири озодонаи макони зист; озодии иттиҳод, озодии меҳнат, моликияти хусусӣ, муҳофизати саломатӣ, озодии виҷдон, гирифтани маълумот доранд. Инчунин шаҳрванд бояд поквиҷдонона ӯҳдадориҳои конститутсионии худро иҷро намояд.

Дар бобҳои 3,4 ва 5 қоидаи интихобот, мутобиқан таъиноти Парлумон, Президент ва Ҳукумат, салоҳият, функсияҳои онҳо, роҳхати амал дар вазъиятҳои гуногуни сиёсӣ, муносибатҳо бо дигар мақомот, фаъолият дар доираи рушди иқтисодиёти мамлакат, амалӣ сохтани сиёсати дохилӣ ва берунӣ муқаррар карда шудаанд.

Қоидаи баамал баровардани ҳокимияти маҳаллӣ ва худидоракунӣ дар боби шашум – “Мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ” мухтасар ифода ёфтаанд. Вазъи конститутсионӣ-ҳуқуқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар боби ҳафтум муайян гардидааст.

Дар боби ҳаштум, ки “Суд” ном дорад муқаррар шудааст, ки ҳокимияти судӣ мустақил буда, танҳо аз ҷониби судяҳо ба амал бароварда мешавад; қоидаи ташаккул ва мазмуни фаъолияти судҳо ва низоми судӣ дар боби зикргардида муайян гардидааст. Дар боби нуҳум тамоюли фаъолият ва асоси ҳуқуқии мақомоти Прокуратура нишон дода шудааст.

Боби даҳ “Тартиби тағйири Конститутсия” тартиби махсуси таклифот ва ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба Конститутсияро муқаррар менамояд, инчунин тағйиротнопазирии шакли идоракунӣ ва тавсифи конститутсионӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мустаҳкам менамояд.

Ҳолатҳои интиқоли тартиби ба қувва ворид гаштан, тағйироту иловаҳо ба Конститутсия, мутаносибии қувваи ҳуқуқии тағйрот ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар лаҳзаи ба қувва ворид гаштан амал менамояд, муайян мекунанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардидааст ва ба қатори конститутсияҳои устувор мансуб аст. Тағйиротҳо ва иловаҳо ба Конститутсия метавонанд танҳо ба тариқи райъпурсии ҷумҳуриявӣ ворид карда шаванд. Ҳуқуқи ташаббуси аз нав дида баромадани Конститутсия ба Президент ё ки на кам аз се як ҳиссаи овозҳо аз шумораи умумии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони мардумии Маҷлиси намояндагон таалуқ дорад.

Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тағйроту иловаҳое, ки мутобиқи натиҷаҳои райпурсиҳои умумихалқӣ аз 29 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ворид карда шудаанд, амал менамояд. Мутобиқи маълумотҳои расмӣ тағйиротҳои конститутсионии соли 2016 аз ҷониби 96,6% интихобкунандагон маъқул дониста шуд.

[1] Асосҳои давлат ва ҳуқуқ. Нодиров Ф.М., Душанбе 2019

[2] Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон , боби 2 моддаи 10, Душанбе 2016

[3] Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон , моддаҳои 47,48,61,66, Душанбе 2016

Котиби марҳиллаи якуми Раёсати коргузорӣ, назорат ва омори судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Абдураҳимзода Шамсиддин Ҳусниддин.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу