Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сол сипарӣ гардид ва ҷумҳурӣ ҳамасола, рӯзи 6 ноябрро ҳамчун Рӯзи Конститутсия кишвар ҷашн мегирем. Конститутсия ин ҳуҷҷати олие мебошад, ки он сохти идоракунии давлатиро дар чаҳорчубаи муайяни қонунҳо тарҳрезӣ намудааст. Яъне бо тарзи дигар гӯем Конститутсия ҳуҷҷати тақдирсоз аст, ки манфиатҳои ҳамаи рукнҳои ҷомеъаро дар бар мегирад.
Бояд изҳор намоям, ки Конститутсия ба сифати Қонуни асосӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо падидаи нав нест, чунки дар замони Ҳукумати Шуравӣ мо соҳиби кониститутсияҳои умумихалқӣ будем ва ҳар яки онҳо афкору воқеъияти замони худро иникос мекарданд. Худи мафҳум ва ё истилоҳи «Кониститутсия» ин «барқарор мекунам», «таъсис медиҳам»-и ҳокимиятро маънидод мекунад. Аммо ба сифати Қонуни асосии давлат аз маҳдуд сохтани ҳокимияти беҳадди давлат, таҳкимбахши ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз замони ба миён омадани муносибатҳои сармоядорӣ ба вуҷуд омад. Кониститутсия ин Қонуни Олии кишвар ба ҳисоб меравад ва онро муассисоте, ки дар чаҳорчӯбаи меъёру муқаррароти он таъсис ёфтаанд, наметавонад таъғйир диҳанд. Тағйири Кониститутсия бо роҳи хоса ва танҳо бо райъӣ аксари шаҳрвандон ба роҳ монда мешавад. Бояд зикр намуд, ки давлатҳо дар ҷаҳон аз ҷиҳати шакл, сохт ва идоракунӣ гуногун мебошанд ва ҳар яки онҳо хусусияту вижагиҳои нотакрори иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, фарҳангиву таърихӣ, диниву мазҳабиро доро мебошанд ва ҳар як давлат вобаста ба шароити худ қонуни асосиашро таҳия ва қабул мекунад. Ҳануз, дар тули беш аз 75 соли Ҳукумати Шуравӣ, Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ соҳиби Кониститутсияи худ буд ва он дар доираи Кониститутсияи Давлати Шуравии Сотсиалистии Умумииттифоқ амал мекард. Ҳар боре, ки дар Кониститутсияи умумииттифоқ таъғйиру иловаҳо ворид карда мешуд, дар дигар ҷумҳуриҳо низ бе каму кост тағйиротҳо ворид мегардид, ки аксар вақт баъзе хусусиятҳои ҷумҳуриҳои миллӣ нодида мемонд.
Вале, баъд аз пош хурдани Давлати Шуравӣ ҳар як ҷумҳурии он ба таҳия ва қабули сарқонунаш пардохт. Мутаасифона дар кишвари мо ҷангҳои шаҳрвандӣ оғоз гардид ва лоиҳае, ки аз тарафи комиссияи босалоҳияти онвақта таҳия шуда буд ба райпурсии умумихалқӣ ва қабули он нарасид.
Баъди барқарор шудани сохти кониститутсионӣ масъалаи таҳия ва қабули Кониститутсия аз ҷониби Сардори давлати навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Ин ҷо як сухани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар мешавам, ки чунин баён карда буд: «Имрӯз вақти он расидааст, ки мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем. Бинобар ин, ман ҳамчун Сардори давлат изҳор менамоям, ки асоси эҷоди ин навъ давлатро Конститутсияи нави ҷумҳурӣ мегузорад». Ин изҳори Сардори давлат басо бомаврид ва ба ҷо буд. Чунки дар ҷомеъа акнун муносибатҳои нави давлатӣ, чӣ дар шакли иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ба миён омада буданд ва зарурати қабули он ногузир буд.
Бояд зикр намуд, ки ин иқдом ва ташаббуси Сардори давлат дар роҳи таҳияи лоиҳаи Конститутсияи кишвар бисёр наҷиб буд ва аз моҳи марти соли 1993 Комиссияи корӣ оид ба таҳияи консепсия бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд. Бо назардошти зарурати таҳияи лоиҳаи нави Қонуни асосии нав моҳи ноябри соли 1993 гурӯҳи корӣ, оид ба таҳияи лоиҳаи Кониститутсия аз ҳисоби олимони ботаҷрибаи соҳаҳои гуногуни илм, донишмандони таъриху фарҳанг, пешвоёни дину мазҳабҳои миллатҳо ва халқҳои Тоҷикистон дохил гардиданд.
Дар саҳифаҳои таърихи навин Иҷлосияи 18 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун марҳилаи нав дар заминаи таҳияи лоиҳаи Қонуни асосӣ ва муайян намудани самтҳои асосии он, ки аз ҷониби Сардори далат сурат гирифт, эътироф шудааст. Яъне бо пешниҳоди Сардори давлат Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бояд эътироф мешуд ва онро Кониститутсияи кишвар тасдиқ мекард ва хушбахтона ин аҳкомҳои давлатӣ тозабунёд дар моддаи 1- и Кониститутсия дарҷ ёфтаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар райпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 июни соли 2023 бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 10 Боб ва 100 модда буда, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро ҳамаҷониба иникос намудааст.
Яке аз рукнҳои кониститутсионӣ ин ҳокимияти судӣ мебошад, ки он дар боби ҳаштуми Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон басо равшан ва возеҳ дарҷ шудааст.
Дар моддаи 84 –и Кониститутсия омадааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияти адолатро ҳифз менамояд.
Адолати судиро Суди кониститутсионӣ, Суди олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.
Тарзи ташкил ва фаъолияти судро қонуни кониститутсионӣ муайян мекунад.
Дар поёнии суханҳо мехоҳам аз фурсати муносиб истифода бурда, кули мардуми Тоҷикистонро ба ҷашни 29-умин солгарди қабули Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, рӯзгори тинҷу ором ва ваҳдату риояи низоми қонунро хоҳонам.
Муовини сардори раёсати ташкили кори судҳо, ҷамъбастии амалияи судӣ ва баррасии муроҷиатҳо Самадзода Б.Қ.