Бо ба даст овардани Истиқлоли комили сиёсӣ, дар мамлакат шароит муҳайё гардид, то низоми идоракунии сезинагии рукни ҳокимияти давлатӣ ташкил карда шуда, гуногунандешии сиёсӣ кафолат дода шавад.
Эъломияи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба рукнҳои мустақил: қонунгузор, иҷроия ва судӣ муайян намуд.
Маҳз бо эълон намудани истиқлоли давлатӣ ба мақомоти судӣ ҳамчун сохтори калидӣ дар масоили риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти махсус дода шуда, соли 1994 бо қабули Конститутсияи давлати соҳибихтиёр принсипи мазкур дар сатҳи конститутсионӣ мустаҳкам карда шуда, дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, мақомоти судӣ низ ба сифати шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид.
Аз ҷумла бори нахуст дар низоми судии кишвар ниҳодҳои мустақили судӣ Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис дода шуданд.
Тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти суди ҳуқуқу озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф гардида, дар сатҳи конститутсионї кафолат дода шудааст, ки онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти рукнҳои ҳокимияти давлатӣ буда, ба воситаи мақомоти судӣ таъмин мегардад.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалї Раҳмон қайд кардаанд, раванди ташаккули ягон давлати муосирро бе фаъолияти самараноки мақомоти судӣ, ки асоси таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Дар ҳамин замина бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо, барномаҳои ислоҳоти суди-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010, 2011-2013, 2015-2017 ва 2019-2021 қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки дар таҳким ва таъмини пурраи адолати судї мусоидат намуд.
Мақомоти судии Тоҷикистон дар ҷараёни рушду такомул борҳо тағйири сохторӣ ёфта бошад ҳам, моҳияти фаъолияти асосии он таъмини адолати судӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии инсон, шаҳрванд ва давлат, тағйирнопазир мемонад.
Ҳокимияти судӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ буда, яке аз шаклҳои асосии фаъолияти давлат ҷиҳати ба амалбарории адолати судӣ мебошад. Адолати судӣ сохти ҷамъиятӣ, давлатӣ, тамоми шаклҳои моликият, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, дигар ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсии шаҳрвандон, корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳои дорои шаклҳои гуногуни моликиятро аз ҳама гуна сӯиқасд муҳофизат менамояд.
Вобаста ба ин адолати судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон судҳои муташаккил ба амал мебарорад. Низоми ягонаи мақомоти судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон судҳои салоҳияташон умумӣ ва махсус ташкил медиҳад. Низоми судҳои умумиро Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, аз Суди Олӣ, судҳои ҳарбї, Суди ВМКБ, судҳои вилоят ва шаҳри Душганбе, шаҳр ва ноҳияҳо иборат мебошад. Дар баробари онҳо судҳои салоҳияташон махсус, аз қабили: Суди конститутсионӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди иқтисодии ВМКБ, вилоят ва шаҳри Душанбе ташкил карда шудаанд.
Таъмин намудани қонуният ва адолат аз ҷониби судҳои иқтисодӣ шарти муҳимтарини пешрафти иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Дар давра истиқлолияти давлатӣ ислоҳоти низоми судҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иваз гардидани мақомотҳои арбитражи давлатӣ ба судҳои ҳакамӣ ва баъдан ба судҳои иқтисодӣ оғоз ёфт, раванди ташаккули ҳокимияти судии мустақил ва самаранокро баҳри таъмини адолати судӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ суръат бахшид.
Зарурияти такмили минбаъдаи қонунгузории мурофиавии хоҷагӣ дар соли 1995 ба вуқӯъ омад ва ду санади нав Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асоси ҳуқуқии тартиби сохтори судӣ ва мурофиаи судии судҳои иқтисодӣ буданд, қабул шуданд.
Онҳо табдил ёфтани собиқ арбитражҳои давлатиро ба мақомотҳои пурраи ҳокимияти судӣ ифода менамуданд ва бори аввал салоҳияти баамалбарории адолати судиро аз рӯи парвандаҳои хоҷагӣ ба зиммаи мақомоти судӣ вогузор намуд.
Ҳамин тавр, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ ва парвандаҳои дигаре, ки аз тарафи судҳои иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, мақоми олии судӣ буда, дар шаклҳои мурофиавие, ки қонун пешбинӣ кардааст, ба фаъолияти онҳо назорати судӣ мебарад ва оид ба масъалаҳои таҷрибаи судӣ тавзеҳоти дастурӣ медиҳад.
Сармутахассиси Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёри ҳуқуқӣ Файзуллозода Х.Т.
Напечатать страницу