- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Боздиди Мирзозода Рустам Пираҳмад аз вусъати омодагиҳо ба ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Спитамен

Дар идомаи мулоқот бо фаъолони ноҳияи Спитамен намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам ҳамроҳ бо Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода аз як қатор муассисаву корхонаҳои ноҳия боздид намуданд. Аз ҷумла, дар доираи ин ташаббус аз қисми ҳарбии 0228 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сарбанд дидан намуда, бо шароит ва имкониятҳои сарбозон шинос шуданд.

Ҳамзамон, аз гимназияи “Эҳёи маънавият”, насоси обкашии “Новая” дар Ҷамоати деҳоти Сарбанд ва корхонаи коркарди пахта бо номи 25 солагии Истиқлолият боздид сурат гирифт.

Ҳадаф аз ин ибтикор огоҳ шудан бо раванди фаъолият, мусоидат ба таъмини пешрафт ва ислоҳи камбудиву муаммоҳо унвон мешавад.

Дар идома дар ноҳияи Спитамен намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам аз як қатор корхонаву муассисаҳои ноҳия дидан намуд.

Аз ҷумла, аз фаъолияти корхонаи коркарди пахта “Деҳқон” ва ҷараёни сохтмони муассисаи роҳҳои автомобилгарди ноҳия боздид ба амал оварда, ҳамзамон рафти бунёди пули нав ва ҷамъоварии ҳосили шолӣ дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол мавриди шиносоӣ қарор гирифт.

Хотиррасон менамоем, ки мақсад аз ин иқдом таъмини пешрафти фаъолияти корхонаву муассисаҳо ва сазовор пешвоз гирифтани 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон мешавад.