Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 2 августи соли 2011 таҳти №753 санаи 5 октябр ҳамчун рӯзи ид қайд карда шуда, рӯзи корӣ дониста мешавад.
Дар шароити нави ҷаҳонишавӣ, ки фарҳангҳо ба ҳам омехта, ҳавзаҳои фарҳангӣ ба ҳам рӯ ба рӯ мешаванд, шинохти ин фарҳангҳо, донистани осори фарҳангу тамаддуни ин халқҳо, забони онҳо бисёр муҳим аст. Агар мо мехоҳем ба худшиносии миллӣ бирасем, бояд пеш аз ҳама забони модарии худро аз худ кунем, аз унсурҳои фарҳангии худ бохабар шавем, онҳоро ҳангоми сӯҳбат бо намояндагони халқҳои дигар муарифӣ ва таблиғ карда тавонем ва аз тарафи дигар, бо таъриху тамаддуни он халқҳо ошноӣ пайдо намоем. Яъне, омӯхтан, донистани забонҳои дигар дар заминаи забони миллӣ ё забони модарии худ бисёр муҳим аст. Албатта, ин паҳлӯи масъала, бахши бисёр муҳими сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ҳамагон шоҳидем, ки имрӯзҳо забонҳои русиву англисӣ дар заминаи забони тоҷикӣ омӯхта мешаванд ва албатта, дар шароити муосир донистани натанҳо забонҳои русиву англисӣ, балки забонҳои дигари дунё низ муҳим аст. Бинобар ин, ҷавонони тоҷикро, ки имрӯз дар донишкадаву донишгоҳҳои бонуфуз ва дар шароити мусоид таҳсил мекунанд, зарур аст, ки дар бахшҳои муҳими муносибатҳои давлатӣ бо кишварҳои дигар фаъол бошанд. Яъне, омӯзиши фарҳанг, тамаддун, забон, сиёсати давлатҳои дунё, махсусан давлатҳои абарқудрат барои пешрафти минбаъдаи мардуми мо хеле муҳим аст. Мо, тоҷикон, ҳарчанд давлати ҷавони соҳибистиқлол дорем, вале фарҳанги ҳазорсолаҳо шаклгирифтаи мо худ оламгир аст. Моро танҳо зарур аст, ки бо огоҳии дуруст, бо пажӯҳишҳои дақиқ ва ба таври шоиста онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Бояд қайд кард, ки фарҳанги мо ҳанӯз аз тарафи гузаштагонамон ба мардуми ҷаҳон муаррифӣ шуда буд ва бисёре аз унсурҳои фарҳангии мо имрӯз ҷаҳонӣ шудааст, ки ҷашни Наврӯз беҳтарин намунаи он аст.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҷурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ тамоми унсурҳои заруриро соҳиб аст, яъне дар тамоми қаламрави Тоҷикистон васеъ истифода мешавад, ҳамчун забони давлатии коргузорӣ аз тарафи тамоми вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятию ғайридавлатӣ ва дар муносибатҳои байнамилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди корбурди фаъол қарор дорад. Яъне, агар хулоса карда гӯем, тибқи гуфтаҳои Пешвои миллати мо, Сарвари тоҷикони ҷаҳон, забони тоҷикӣ ё ин ки забони модарии мо дар паноҳи давлат қарор дорад. Бисёр як ибораи машҳур аст, ки ин “Забон дар паноҳи давлат аст”, ё худ “Давлат дар паноҳи забон аст”, ки ин аз гуфтаҳои Пешвои миллати мост.
Дар Тоҷикистон баҳри таҳкими пояҳои давлатии забони тоҷикӣ корҳои зиёде анҷом дода шудааст. Агар аз нуқтаи назари таърихӣ нигарем, танҳо даврони Истиқлол мо забони тоҷикиро ба ҳадде мустаҳкам намудем, ки имрӯз он тамоми рукнҳои истифодаи забони давлатиро доро гардидааст. Имрӯз забони мо ба асли худ баргашта истодааст ва тамоми унсурҳои дигаре, ки дар забони миллии мо аз давраҳои пешин то имрӯз вуҷуд доштанд, ба таври васеъ, фаъол истифода мешаванд ва худи ҳамин раванди хурӯшони вожаҳову истилоҳоте, ки имрӯз ба забони тоҷикӣ ворид гаштаву мавриди истифода қарор доранд, шоҳиди возеҳи гуфтаҳои болост. Забони тоҷикӣ тадриҷан ба забони илм табдил шуда истодааст. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯроҳои ҳимоя дар ҷумҳурӣ таъсис меёбанд ва коршиносон, забоншиносон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни иқтисоди халқи мо метавонанд ба забони тоҷикӣ рисолаҳои худро ҳимоя намоянд, ки ин заминаи устуворест баҳри забони илм гардидани забони давлатии мо. Албатта боиси ифтихор аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ ба ин андоза равнақ ёфтааст.
Забони мо се давраи таърихиро аз сар гузаронидааст: давраи бостон, давраи миёна ва давраи нав. Дар давраи нави таърихи забон – замоне, ки гунаҳои дигари забон, яъне забонҳои миёнаи эронӣ ба забони тоҷикӣ табдил ёфт ва забони тоҷикӣ шакл гирифт, дар ҳолати шаклгирии ин забон мо ба як таҳоҷуми бисёр бузурги фарҳангӣ – ҳуҷуми араб дучор шудем. Дини ислом дар ин минтақа ривоҷ ёфт, забони арабӣ забони илм ва забони коргузории давлатӣ гардид ва ба андозае ба забони модарии мо таъсир кард, ки имрӯз як бахши бисёр муҳими таркиби луғавии забони моро вожаҳои арабӣ ташкил медиҳанд. Ҳатто кор ба дараҷае расида буд, ки дар як матне, ки ба забони тоҷикӣ нигошта мешуд, тақрибан 5-6 иқтибоси арабӣ вуҷуд дошт. Яъне, забони мо ба андозае махлут гардида буд, ки агар ҳамин тавр идома меёфт, оҳиста-оҳиста мисли дигар забонҳои он давра, ба монанди забонҳои сурӣ, қибтӣ, забонҳои барбарии Африқои шимолӣ ва ғ, ки забони арабӣ онҳоро фурӯ бурд, аз байн мерафт. Вале, хушбахтона, бинобар он тавоноие, ки забони модарии мо дошт ва заҳмати он донишмандоне, ки ба ин забон эҷод карданд, баҳри устуворсозии ин забон хидмат карданд, забони мо аз байн нарафт. Дар даврони оғози ташаккулёбӣ ба ҳамлаи араб гирифтор шуд, вале аллакай баъди тақрибан 150 соли хомӯшӣ, ки дар ҳама ҷо забони арабӣ ҳукмрон буд, забони мо тавонист он тавоноиеро пайдо кунад, ки бо ин забони муқтадири дунё рақобат намояд, мавқеи худро соҳиб гардид ва аллакай дар асри X ба як забони тавонои давлатӣ ва расмиву коргузорӣ табдил шавад. Аз қарни XI шурӯъ карда, забони модарии мо забони байналмилалии минтақаи бисёр васеъ аз Осиёи Хурд то Ҳиндустон гардид ва тахминан то асри XIX ин мавқеи худро ҳифз карда, дар ҳавзаи паҳноваре истифода мешуд. Ин ҳолатро ҳам метавон як навъ ҷаҳонигароии ҳамон давра қаламдод кард.
Ҷаҳонишавӣ тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро гирифтааст. Дастовардҳои илму техника дар қарни XX халқҳои ҷаҳонро бисёр ба ҳам наздик кард, аз тарафи дигар, мо дар асри XXI дар истиқлоли ҷаҳонишавии нав ҳастем. Имрӯзҳо дастовардҳои илму техника, махсусан дастгоҳҳои иттилоотӣ ба андозае иқтидор доранд, ки дигар марзҳои сиёсӣ монеи барқароршавии муносибатҳои халқу миллатҳо шуда наметавонанд. Имрӯзҳо шоҳид ҳастем, ки хабаре дар як минтаҷаи ҷаҳон сар занад, фавран оламгир мешавад. Яъне принсип ё усули ҷаҳонигароӣ дар шароити муосир тавре амал карда истодааст, ки акнун башарият дар пешорӯи баҳамоӣ қарор доранд, яъне фарҳангҳо ба ҳам омада, омехта шуда истодаанд ва як фарҳанги томи умумибашарӣ ба миён омада истодааст.
Албатта, дар ин раванд рисолати зиёиён басо назаррас мебошад, зеро тамоми он осору дастовардҳои фарҳангие, ки имрӯз мо дорем маҳсули заҳмат ва эҷоди фарҳангиён, зиёиён аст. Маҳз зиёиёни мо ҳастанд, ки бо забони ноби тоҷикӣ асарҳо менависанд, шоҳасарҳо меофаранд ва симои фарҳангии миллати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд. Метавон гуфт, ки аҳли зиёи кишвар дар ин марҳилаи таърихии мавҷудияти мо, тоҷикон, низ парчамбардорони воқеии фарҳангу тамаддуни чандҳазорсолаамон гашта, онро ба тариқи шоиставу сазовор ва обурангу тарҳи муосир ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд.