Маҷлиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 27 сентябри   соли 2023 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Раиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад, маҷлиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис Шикояти назоратии хоҷагии деҳқонии “Оби ширин”-и ноҳияи Балҷувон нисбати ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 05 августи соли 2022 ва қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодӣ аз 20 октябри соли 2022, Шикояти назоратии Намояндагии ҶДММ “Гурӯҳи Сохтмонии Ҷиангсӯ Ҷиангду” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 6-уми апрели соли 2023 ва қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми июни соли 2023, Эътирози назоратии Раиси Суди Олии иқтисодӣ нисбати ҳалномаи Суди Олии иқтисодӣ аз 22 июли соли 2020 ва қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодӣ аз 10 ноябри соли 2020, эътирози назоратии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 03 августи соли 2022 ва қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодӣ аз 29 сентябри соли 2022, эътирози назоратии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 25-уми майи соли 2022 ва қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодӣ аз 23-юми августи соли 2022 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Напечатать страницу Напечатать страницу