Дар ноҳияи Спитамен ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳи идона доир гардид, ки дар он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам иштирок ва суханронӣ намуданд.
Инчунин, дар чорабинӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҳир Толибзода, раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода, намояндагони касбу кори гуногун ширкат намуданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ва дар партави сиёсати хирадмандонаву созандаи Роҳбари давлат давоми 32 соли соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои арзишманд ноил гардида, сӯйи пирӯзиҳои назаррас қадамҳои устувор мегузорад.
Гуфта шуд, ки истиқлол дастоварди олитарини миллати тоҷик буда, ҳимоя ва ҳифзи ин неъмати гаронбаҳо масъулият, вазифа ва рисолати ҳар як сокини Тоҷикистон аст.
Ҳамзамон, як қатор фаъолон бо мукофоти давлатӣ, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.
Баҳри болидахотирии сокинон барномаи фарҳангӣ манзур гардид, ки ба таҷлили ҷашни миллии истиқлоли давлатӣ таровати бештар эҳдо намуд.
Напечатать страницу
















