- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ – Рустам МИРЗОЗОДА, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агар ҳар яки мо дар рушду таҳкими истиқлолияту ваҳдат ва дигар арзишҳои муқаддаси миллиамон сидқан саҳм гузошта, дар атрофи давлати миллие, ки баъди садсолаҳо насибамон гаштааст, муттаҳид шавем, пас метавон гуфт, ки чун миллати воҳид – бо асолату фарҳанг ва симои худ – миёни давлатҳои мутамаддини ҷаҳон мавқеи сазовор пайдо намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Имрўз миллати тоҷик дар арафаи 32-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Истиқлоли давлатӣ ин падидаи давлатдорие мебошад, ки дар фазои он инсон озодона умр ба сар бурда, бо истифода аз ҳуқуқҳои худ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ҳуқуқи ширкат варзиданро дорад. Истиқлолият муҳимтарин дастовард барои халқи шарафманди Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ дар кишварамон заминаи воқеӣ барои обод гаштани ватанамон гаштааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар аввалҳои соҳибихтиёрӣ, халқи тоҷик шаҳди ширинии соҳибистиқлолиро  начашида, мубталои найранги аҷнабиён гашт ва ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуд. Қувваҳои бегона то ҳадде тавонистанд алангаи кинаю адоватро байни мардум пиёда намуданд. Ҷанги шаҳрвандӣ тамоми соҳаи хоҷагии халқро хароб намуда, иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварамонро ба танназул рў ба рў карда, ҳазорон  нафарро гурезаву оилаҳоро бесаробон кард. Оқибати ҷангу бесарусомониҳо ба ҷуз фасоду ғоратгарӣ дигар ҳосиле наовард. Ҳатто меъёрҳои конститутсионӣ поймол гардида буданд ва ҷинояткорӣ ба як рафтори муқаррарӣ табдил ёфта буд.

Бояд гуфт, ки аввалин шахсияте, ки барои барқарор кардани                             сохти конститутсионии давлати Тоҷикистон камари ҳиммат баст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Бо иқдоми хирадмандонаи Сарвари давлат дар як муддати кўтоҳ ба ин даргириҳои сиёсӣ ва ҷангҳои дохилӣ хотима бахшида шуда, дар кишвари ҷангзадаи мо сулҳу амонӣ ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо шуд. Ин ҳам бошад, бо некқадамӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат       муяссар гардид.

Масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он яке аз вазифаҳои асосии ҳокимияти судӣ ба шумор меравад.

Ба шарофати истиқлолият имрўз Тоҷикистон соҳиби ҳокимияти судии мустақил буда, ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ, ба инкишофу таҳкими институтҳои демократӣ, ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ноил гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ва баромадҳояшон аҳамияти бузург доштани нақши ҳокимияти судӣ дар мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъкид намуда, махсусан қайд карданд, ки «адолати судиро дар ҳақиқат ҳам, бояд ҳамчун яке аз кафолатҳои асосии таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон бошад.

Имрўзҳо бо баракати Истиқлол ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик бо дастовардаҳои бузург ноил гардид. Махсусан ба даст овардани давлатдории миллӣ, ваҳдати миллӣ, арҷгузори ба забон, таърих ва фарҳанги миллӣ, рушди маориф, ба кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадам гузоштан мебошад, ки барои ояндаи дурахашон, рушд кардан ва барқаррор намудани адолати иҷтимоӣ нақши беназир гузоштаанд.

Мо, кормандони ҳокимияти судӣ дар оянда низ сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро ҷонибдорӣ намуда, баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассиса, қонуният ва таъмини адолати судӣ дар мамлакат масъулияти муҳимро дарк намуда, барои пешрафти рушди Ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ ҳиссагузор хоҳем буд.

Бознашр аз Паёми Душанбе