Истиқлолият асоси рушди давлатдории миллӣ – Зокирова Нодира, Сармутахассиси Раёсати СОИ ҶТ

Истиқлолият – ин санаи таърихӣ ва рӯйдоди фараҳбахш 9 – уми сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва ин аст, ки ҳамасола расман санаи мазкур ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Яъне, аз ҳамон вақт то ба имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб меёбад.

Аз рӯзҳои нахустини бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, таъкид менамуданд, ки мо ҷонибдори бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастем. Илова бар ин, Пешвои муаззами миллат дар самти эҳёи арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳанг, забон, дину мазҳаб ва расму оини ниёгон фаъолияти назаррасеро ба анҷом расонида, ҷиҳати таблиғ ва эҳёи онҳо шароити мусоидеро фароҳам оварданд. Дар ин замина, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат даҳҳо асарҳо таълиф гардидаанд, ки имрӯзҳо ба ҳайси консепсияи фарогири миллӣ хизмат намуда, барои дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ватандорӣ тарбия намудани насли ҷавон, беҳтарин раҳнамо мебошанд.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки сӣ сол қабл аз ин, нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем. Ҳодисаву воқеаҳои пурошўби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо ҳисоб меёбад.

Бо паси сар кардани монеаву душвориҳои зиёд имрӯз Тоҷикистонро тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мешиносанд. Имрӯз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунад. Фарзандони ин миллати баруманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё бо Тоҷикистон робитаи дӯстию тиҷоратӣ ба роҳ мондаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузурги Истиқлолият аст. Имрӯз миллати тоҷик дар арафаи ҷашни 31 – солагии истиқлоли миллӣ ҳамаҷониба барои ободкорӣ ва ҳамзистии осоишта мекӯшад. Тавассути истиқлолият Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Имрӯз Тоҷикистон соҳибихтиёр аст, ки ин ҳам бошад самараи неки Истиқлолият аст. Аз ин рӯ, мо бояд аз ин воқеият биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани миллатамон кӯшишу ғайрат намоем.

Халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими Истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт Конститутсияи мамлакати орзую ормонашро қабул кард. Агар гўем, ки аз ҳамон соли қабули Конститутсия, яъне аз соли 1994 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишоф фаро расид, хато нахоҳад шуд. Зеро, барои расидан ба сулҳи том ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама пояи қонунии фаъолияти Ҳокимият зарур буд ва инро метавонист танҳо Конститутсия ҳаматарафа такмилёфта ва мутобиқ ба талаби замон таъмин намояд.
Баробари ин, пазируфтани Конститутсия аз ҷониби тамоми аҳолии кишвар нишони эътирофи Ҳукумати қонуниро дошт, ки бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон барои аз варта берун овардани мамлакати дар ҷанги шаҳрвандӣ харобгардида фаъолияти шабонарўзӣ мебурд. Кафолати зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халқ ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз таъмин менамояд.

Асоси чунин зиндагӣ бошад, меҳнати содиқонаю бунёдкорона аст. Пас, кафолати меҳнати озодона, донишу ҳунаромўзӣ, истироҳату фароғат, саҳм гирифтан дар пешрафти мамлакат барои ҳар шаҳрванд низ аз ҷониби давлат тавассути Конститутсия муайян гардида, кафили Конститутсия бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Акнун – пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани комёбиҳои муҳим метавонем чунин хулоса кунем, ки давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем.

Напечатать страницу Напечатать страницу