Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 32 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас ва фаромӯшнашаванда маҳсуб мешавад.
Истиқлолият барои мо воситаи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгирона баҳри созандагии ватан, азму талошҳои фидокорона ва расидан ба истиқлолияти сиёсии комил, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад. Истиқлолият ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Ба иқболи миллати тоҷик Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зуҳури шахсияте ба саҳнаи таърих ҳамрадиф омад, ки дар саропои вуҷуд ва андешаҳои созандааш, муҳаббати бепоён ба сарзамину мардуми хеш, ба таърих ва муқаддасоти миллӣ шӯълавар буд, ки чароғи сафоангези ӯ дар воқеъ чароғи ҳидояти миллати кӯҳанбунёди мо гардид. Дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, ки дар замони бенизомиву бесуботӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии мамлакат, дар замоне, ки аз ҳеҷ самте роҳи наҷот ба чашм намерасид, баргузор гардид, умед фақат ба шахсияти нотакроре буд, ки боэътимод ва фазли бузургворони миллат мулку мардумро соҳибӣ кунад, дар роҳи ростигарӣ, дар роҳи расидан ба саодати миллӣ раҳнамо бошад. Дар сарҳади ҳаёту миллати тоҷик ин марди худодод падид омаду хитоб кард: “Ман ба Шумо сулҳ меоварам”! Тоҷикистони навистиқлол бо роҳнамоии ӯ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мураккабтарин ва сангинтарин ҷодаҳоро сипарӣ кард. Монеаҳоро барандохт бо хайрхоҳон ва нохайрхоҳон ба музокира нишаст, бо размандагону ниқорҷӯён низ дасти салоҳу саломат дод, рафтагонро дубора ба Ватан баргардонд, парокандагонро дубора пайванд кард. Ҳамин тавр таъсиси давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳадафи ҷомеа ва ниҳоии сиёсат дар пойдории Истиқлоли миллӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.
Инак, 32 сол мешавад, ки аз партави истиқлолият тоҷи зарини давлати Тоҷикистони соҳибихтиёрамон бо рангу ҷилои тобон нурафшон аст ва аз партави анвори файзбахшаш зиндагии мардуми кишвар маъниву мӯҳтавои нав пайдо карда, файзу баракат фузунтар мегардад.
Чуноне, ки Президенти мамлакат, Пешвои миллат – Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад». Халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими Истиқлолият, нигахдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу вахдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт Конститутсия қабул кард. Аз соли қабули Конститутсия, яъне соли 1994 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишоф фаро расид, зеро барои расидан ба сулҳ ва Вахдати миллӣ пеш аз ҳама пояи қонунии фаъолияти Ҳокимият зарур буд ва инро метавонист танҳо Конститутсияи ҳамаҷониба такмилёфта ва мутобиқ ба талаби замон таъмин намояд.
Пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани комёбиҳои муҳим метавонем чунин хулоса кунем: «Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем».
Дар давоми 32 соли Истиқлолияти давлатӣ бо cарварии оқилонаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи мо бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузошт ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурўъ намуд. Аз ҷумла, ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукуматро муайян намуда, истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани кишвар ва таъмини амнияти озуқавории мамлакатро ба самтҳои асосии сиёсати давлат табдил дод. Ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқро пайгирона амалӣ карда истодааст. Баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат-истиқлолияти энергетикӣ танҳо дар солҳои охир ҷиҳати истеҳсоли қувваи барқ, таҷдиду барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда ва умуман, рушди соҳаи энергетика зиёда аз 12 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Ҳоло дар соҳаи энергетикаи кишвар татбиқи зиёда аз 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 6 миллиард сомонӣ идома дорад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар асоси нақшаву тадбирҳои стратегӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ лоиҳаҳои ҳаётан муҳими энергетикӣ, ба монанди нерӯгоҳи барқӣ-обии «Сангтӯда-1», нерӯгоҳи барқӣ-обии «Сангтӯда-2», хатти интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» ва «Лолазор-Хатлон», хатти интиқоли барқи байни Тоҷикистону Афғонистон, корҳои барқарорсозии нерўгоҳи Роғун, таҷдиду навсозии иншооти амалкунандаи энергетикӣ амалӣ гаштанд ва гардида истодаанд.
Дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ корҳои назаррас, монанди сохтани пулҳо, нақбҳо, аз ҷумла ба истифода додани нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Хатлон» анҷом дода шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Расидан ба ин ҳадаф рушду нумӯи иқтисодӣ ва зиндагии осудаю шоистаи аҳолии кишварро таъмин хоҳад кард. Бо назардошти аҳамияти бузурги ҳадафи мазкур дар мамлакат аз ҷониби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ даҳҳо коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.
Барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо муносибатҳои баробарҳуқук ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақа ва мамолики пешрафтаи олам аҳамияти махсус доранд. Дар робита ба ин бояд гуфт, ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати «дарҳои кушода» чунин муносиботу ҳамкориҳо рӯз аз рӯз таҳкиму густариш меёбанд. Имрӯз Тоҷикистон сохибихтиёр аст. Самараи неки истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ дар самти сиёсати хориҷӣ роҳи сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифта аъзои ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Мақоми кишвар дар сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ хеле истеҳком ёфт. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли созмонҳои ҳамгироии минтақавиву байналхалқӣ пайваста барои ҳалли масъалаҳои мубрами иқтисодаву сиёсӣ аз қабили хатарҳои фаромиллии ҷаҳони имрӯза саҳмгузорӣ менамояд. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳалли қазияи Афғонистон, пешгирии терроризм ва экстремизм, ҳалли муаммоҳои норасоии обу экология, тағйирёбии иқлим дар сайёра ташаббусҳои нав ба навро пешниҳод менамоянд, ки он аз ҷониби СММ пазируфта шудааст.
Сар карда аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Асамблеяи генералии СММ 7 қарордод вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул намуд, ки номгӯи зерин аз муҳимтарини онҳо мебошанд: Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри 1999) – эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза, пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба элон намудани солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”. Пешниҳод оид ба таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсис додани Консортсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез. Ташаббус оид ба Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо. Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир. Эълон намудани соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028.
Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба рукнҳои мустақил: қонунгузор, иҷроия ва судӣ муайян намуд.
Тибқи Конститутсия аз тарафи давлат ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат дода шуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф гардиданд, ки ин ба фаъолияти ҳокимияти судӣ алоқамандии ногусастанӣ дорад.
Мутобиқи талаботи моддаи 84 -и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Чунин тақсимоти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ба оғози ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ дар кишвар асос гузошта, соли 1995 қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуданд, ки дар низоми судии кишвар судҳои конститутсионӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис ёфта, арбитраж ба суди иқтисодӣ табдил дода шуд. Яъне, дар натиҷаи ислоҳоти бавуҷудомада зарурияти такмили минбаъдаи қонунгузорӣ оид ба сохтори судӣ дар соли 1995 ба миён омада, барои қабули ду санади меъёрии ҳуқуқӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд.
Ҳамин аст, ки судҳои иқтисодӣ ҳамчун низоми алоҳидаи ҳокимияти судии ҷумҳурӣ баҳри баамалбарории адолати судӣ оид ба парвандаҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳои бо фаъолияти соҳибкорӣ ва дигари иқтисодӣ равона гардид.
Бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 -уми ноябри соли 1995 таҳти №103 “Дар хусуси мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” расман судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, бе шубҳа гуфта метавон, ки судҳои иқтисодӣ самараи истиқлоли давлатӣ ба шумор меравад.
Дар фарҷоми баромад ҳаминро қайд карданӣ ҳастам, ки бигузор иди муқаддаси Истиқлоли давлатӣ барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!
Поянда бод вахдати миллй ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!
Ба диқататон ташакур.
