Истиқлолият воқеан ҳам мафҳумест муқаддас, ки баъзе миллатҳо асрҳо баҳри ба даст овардани он пайваста мубориза мебаранд, вале боз ҳам ноком гардида, орзуҳои худро аз насл ба насл чун васият ба ёдгор мегузоранд, то ки ахиран ба шарафи озодӣ комёб гарданд.
Истиқлолият вожаест, ки ба таври дигар онро наметавон таъбиру тасвир кард. Истиқлолиятро ба ҳар қимате, ки бошад, бояд ба даст овард, то ки аз фазои руҳбахши он нафас кашиду онро эҳсос намуд.
Истиқлолият ҳастии миллат, муаррификунандаи он ба ҷаҳону ҷаҳониён мебошад. Истиқлолият ин шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар як миллати соҳибтамаддун аст. Истиқлолият он дастоварди муқаддасу таърихиест, ки ному амали муборизони он дар саҳифаҳои заррини таърих чун корномаи Сарбадорони шуҷоу далер абадан сабт мегардад.
Оре, Истиқлолият моҳияти ҳастии ҳамаҷонибаи озоди инсонро ифода менамояд.
Имрӯз миллати мо аз он ифтихор дорад, ки соҳиби давлати мустақил аст, яъне ба Истиқлолияти давлатӣ даст ёфтем, давлати миллӣ ва соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис додем, ки дар таърихи навини давлатдориямон рӯйдоди бузурги нодири таърихист. Зеро дар гузаштаи начандон дур миллатҳое буданд, ки муѓризона мавҷудияти миллати куҳанбунёдеро бо номи миллати тоҷик эътироф намекарданд. Ҳамин боис гардид, ки Тоҷикистон баъди Инқилоби Октябр ҳамчун Ҷумҳурии автономӣ таъсис ёфт. Ин таҳқирро бузургоне, чун устод Айнӣ, бардошт карда натавонистанд. Натиҷа он шуд, ки барои шиносонидани ин миллати куҳанбунёду фарҳангӣ Садриддин Айнӣ асари ниҳоят муҳимму бузурги худ “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро иншо карда, онро чун «парчам»-и дифои миллати тоҷик барафрошт. Бояд эътироф намуд, ки маҳз аз ҳамон лаҳза аввалин хишти Истиқлолияти давлатии миллати тоҷик дар даврони муосир гузошта шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид ниҳоят воқеъбинона дар асари таърихии худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» таъкид намудаанд: «… пас аз ҳазор сол аз шарофати Инқилоби Октябр дар харитаи ҷуѓрофии ҷаҳон пайдо шудани Ҷумҳурии худмухтори тоҷикон мебошад. Чанде нагузашта кишвари тоҷикон чун Ҷумҳурии Сотсиалистӣ дар таркиби Иттиҳоди Шӯравӣ арзи вуҷуд намуд. Ва бо ҳамин садои онҳое, ки ному насаби миллати тоҷикро қасдан иқрор намекарданд, оқибат хомӯш гардид».
Ин тараҳҳуми таърих буд, ки танҳо дар охири солҳои 90-уми асри бист миллати тоҷик ба Истиқлолияти воқеии давлатӣ расида, соҳибихтиёрии ҳақиқии миллиро ба даст овард.
Пешвои муаззами миллат ҳамеша дар баромаду суханрониҳояшон Истиқлолиятро муқаддастарину азизтарини неъмат, рамзи саодату асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи асосии бақои давлат номида, онро тантанаи адолати таърих ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани оини давлатдории навини миллиамон номидаанд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».
Дар ҷойи дигар таъкид намуда, мефармоянд: «Дар натиҷа, мо дар зарфи беш аз ду даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад. Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад».
Оре, бузургтарин дастоварди замони Истиқлолият ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар мебошад. Зеро хона бошад, ҳамаи чизи дигар мешавад, бе хона маъвое нест, ки ба он паноҳ барӣ ва ӯро обод намоӣ. Аз ин нигоҳ, Тоҷикистон хонаи ҳар яки мост. Акнун қарзу фарзи ватандории мо он аст, ки ин хонаи ягонаамонро ободу зебо гардонем. Сарвари давлат низ ба ин маънӣ таъкид намудаанд: «Дар айни замон, итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланду бонангу бономус, ватандӯсту ватанпарвар ва соҳибтамаддуни тоҷик бо дарки қадру қимат ва арзиши таърихии истиқлолият ва дастовардҳои бузурги ин давра сиёсати давлату Ҳукумати мамлакатро минбаъд низ самимона ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Зеро мо ҳанӯз дар зиндагии ҷомеа ва давлатамон мушкилоти зиёд дорем. Вале дар айни замон итминони комил ва азму иродаи қавӣ дорем, ки ҳамаи мушкилоти мавҷударо бо дастгирии мардуми заҳматкашу таҳаммулгароямон, бо заҳмати аҳлонаву софдилона бартараф месозем ва нақшаву ниятҳои созандаамонро ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон амалӣ мегардонем».
Оре, соҳиби давлати мустақил ва вориси Конститутсия будан, барои ҳар инсони соҳибдил бахти бузург аст. Бо гузашти солҳо дар айёми соҳибистиқлолӣ давраи нави давлатсозию давлатдории мустақилона зарурат пеш овард, ки барои пешрафту иртиқои ҷомеа қонунҳое бояд қабул карда шаванд, ки мардумро аз буҳронҳои маънавию иқтисодӣ раҳоӣ бахшида, ба ташаккули иқтисодиёти миллӣ раҳнамун намояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳамин замина тарҳрезӣ гардид.
Бале, он қонуне буд, ки бо дархосту пешниҳодҳои якдилонаи мардум қабул гардид. Ҳадафҳои аввалини ин қонун танзими ҷашну маросимҳои беасосу серхарҷ, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми шарифи Тоҷикистон буд. Инак, бо гузашти беш аз 10 сол мушоҳида намудем, ки чи тавр ин қонун дар баробари ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии аҳли ҷомеа, барои паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ хидмати шоён намуда, ба мақоми Қонуни миллӣ расид.
Дар ин радиф дастоварди дигари миллати моро дар замони Истиқлолият метавон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” донист. Воқеан вазъияти дарҳамбарҳамиҳои ҷаҳони муосир, ки боиси коҳиши ахлоқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташаннуҷи ҷинояту ҷинояткориҳо ва таназзули сатҳи иқтисодии дунё гардида, таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ва ҳатто кӯдаконро барномаҳои ҳадафманди шабакаҳои интернетӣ ба худ кашида истодааст, қабули қонуни фавқуззикр ниҳоят саривақтӣ буда, ҳушдори ҷиддие ба волидон ва шахсони онҳоро ивазкунанда, дар ҳамгироӣ бо муассисаҳои таълимӣ гардида тавонист.
Дар интиҳо он нуктаро бояд ёдрас намуд, ки бо шарофати Истиқлолият ба дастовардҳои назарраси давлатию миллӣ комёб шуда бошем ҳам, дар марҳалаи кунунии ниҳоят мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир, мо ба иттиҳоду якдилӣ, ваҳдати қавии миллӣ, омӯзиши маърифату заковати ҳарчи бештар, зиракии сиёсӣ, худшиносиву хештаногоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ беш аз пеш ниёз дорем, ки инро ҳар як фарди ҷомеа ба хубӣ дарк менамояд.
Бигзор, Истиқлолияти давлатии мо абадӣ гардаду он барои ҳар шаҳрванди озоди кишвари азизамон бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбиҳои мудаввом илқо намояд
Напечатать страницу