- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Истиқлолият ва самараи он дар рушду нумӯи давлатдории тоҷикон – Шарифзода Х, ёрдамчии судя

Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақо ва  симои дурахшон, рамзи асолату ҳуввият, махзани идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори мутамаддини мардуми  Тоҷикистон, пайваста бо кишварҳои пешрафта ва пурқудрати ҷаҳон мебошад.Истиқолияти давлатӣ волотарин ва пурарзиштарини дастоварди сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин ҳаводиси фараҳбахшу хотирмон ба миллати тоҷдори тоҷик, ки санаи 9 сентябри соли 1991, 32 сол муқаддам мушарраф  гардидааст. Бояд гуфт, ки аз ҳамон лаҳза  cap карда  то инҷониб ин сана бо як шукӯҳу шаҳомати мутантан таҷлил карда  мешавад. Ин неъмати бузургро баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ҳамфикрию озодӣ ва осоиштагиву абадият ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз муяссар гардид. Имрӯз бояд ҳар як сокини кишвар шукрона  кунад, ки дар чунин давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, яъне ҷомеаи навини давлати соҳибихтиёру озодамон зиндагӣ карда истодааст. Воқеан, ин ҳама самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолияти давлатиамон ва таъмин намудани рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии кишварамон сиёсати давлатии худро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, имконияту захираҳои воқеӣ ва таҷрибаи давлатдории миллӣ ва тибқи меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ амал намоем. Бояд тазаккур дод, ки пас аз мустақил гардидани кишвар соҳаи ҳуқуқ ба яке аз соҳаи рушдкарда ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ таъмин карда шуд. Махсусан, таҷзияи ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мустақилан фаъолияти худро ба роҳ монанд. Дар давраи 32 соли истиклолияти давлатӣ ба ҳокимияти судӣ раванди барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳукуқӣ ва талаботи мақомоти судӣ барои кадрҳои ҷавон ва болаёқат баҳри дар амал татбиқ намудани муқарраротҳои нави конститутсионӣ ба амал расонида шуданд.

Ба даст овардани истиқлолият, ки тӯҳфаи нодир ва деринтизори мардуми тоҷик буд барои кишвари офтобии мо роҳи рушди комилан навро кашф намуд. Пас аз солҳои парешонӣ, ҷангу ихтилоф ва қурбониҳо,  миллати куҳанбунёди тоҷик соҳиби давлати соҳибихтиёри худ гашт. Санаи 9 сентябри соли 1991 Эъломияи Истиқлолияти  Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, 24 ноябри соли 1991 нахустин интихоботи  умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Инчунин рӯзҳои таърихӣ ва фаромӯшнашаванда 21 ноябри соли 1991 Тоҷикистон Узви Иттиҳодияҳои Давлатҳои Мустақил ва 2 марти соли 1992 Тоҷикистон ба Созмони Миллали Муттаҳид шомил гардид.

Маҳз истиқлолияти давлатӣ шароит фароҳам овард, ки имрӯзҳо бунёду барқарорсозии нерӯгоҳҳои барқию обӣ, сохтмон ва азнавсозии роҳҳо бо  суръат идома дошта, рӯ овардан ба осори гузаштагон, эҳтиром ба таърихи ниёгон эҳтироми кишварамонро дар арсаи ҷаҳон афзун намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “Раванди ташаккули ягон давлати муосирро бе фаъолияти самараноки мақомоти судӣ, ки асоси таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ғайриимкон аст». Яке аз дастовардҳои истиқлолият – ин  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мебошад, ки арзиши аз ҳама воло  эътироф  кардани  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва эълон доштани бунёди давлати ҳуқуқбунёд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро амри таъхирнопазир гардонид.

Бояд қайд кард, ки ҳадафи давлату  Ҳукумат дар заминаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ  баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи суботу амнияти он мебошад ва хушбахтона мо сулҳро ҳамчун падидаи ҳуқуқиву сиёсӣ ва воқеӣ  ба даст оварда, дар фазои ин неъмати бузург кору зиндагӣ дорем.

Дар даврони солҳои соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа тадбирҳои назаррас андешида шуд. Аз ҷумла, барои рушду тақкими мақомоти судӣ чор барномаи ислоҳоти судиву хуқуқӣ қабул карда шуданд, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд. Тибқи  ин барномаҳо чандин қонун, аз ҷумла қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистои», кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, маданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» аз нав таҳия ва қабул карда шуданд, ки барои такмили сохтори судӣ, фаъолияти судҳо ва дар маҷмуъ барои таҳкими ҳокимияти судӣ дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд овардаанд. Барои ҳамаҷониба омода кардани номзадҳо ба мансаби судягӣ вазифаи коромӯз-судя ҷорӣ карда шуд. Дар ҷавоб ба ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ, хоса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кормандони мақомоти судиро зарур аст, ки баҳри таҳкими волояти қонун ва ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон масъулияти бештар ҳис намоем. Воқеан ободии диёр ва зиндагии осудаву ороми халқи азизамон аз Истиқлолияту Ваҳдат иборат аст ва аз гуфтаҳои  шоир Низом Қосим:

Қатра-Қатра оқибат дарё шудем,

Зарра-зарра кӯҳи побарҷо шудем.

Ҳосили ҳамдасту ҳампой бубин,

Дасти ҳам бигрифтаву барпо шудем.