Дар миёни ҷашну идҳое, ки мо дар ҷумҳурии азизамон дорем, ҷашни истиқлол мавкеъи хоси худро дорад, зеро таҷлили истиклолият моро ба андешидан ва азизу гиромӣ доштани мафҳумҳои баланде мебарад.
Асосан истилои истиқлол ба маънои озод будан ва дақиқтар карда бигуем мустаъқилияти як давлату як кишвару як миллатро ифода мекунад.
Имрузҳо Точикистони нозанин зеботарин зодрузи эҳёи хеш -32-солагии озодӣ, мустаъқилияту соҳибихтиёриашро таҷлил месозад.
Дар 32-соли охир халқи тоҷик тавонист дар фазои комилан озоду демократии орому осоишта зиндагӣ намояду ба дастовардҳои беназире ноил гардад. Агар ба вожаи сиёсии истиқлолият аз нигоҳи иҷтимоӣ назар созем, мебинем, ки барои ҳар як шахс имкони фарроҳи озодиҳову мустаъқилият пайдо гардидааст. Оре, ҳар рузи мо ба он нуқтае, ки қуллаи муродаш меноманду моро ба истиқлоли воқеъии сиёсии иқтисоди мерасонад, наздику наздиктар мешавем. Барои ояндаи дурахшони кишвар моро лозим меояд, ки ҷавононро дар руҳияи миллӣ ва ватанпарвариву башардустӣ ба камол расонем. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳамин нуқта аҳамияти ҷиддӣ дода, гуфтаанд:
«Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба души онҳо гузошта шудааст.Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, ватандустӣ кушишу талош намоянд».
Бояд қайд кард, ки маҳз дар ҳамин давра ба занон озодии комил дода шуду, онҳо дар ҳама соҳаҳо фаъолият намуда, дар таҳкими иқтидори иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Кишвари мо имруз ба суи фардо ҷаҳиши бузурге дорад.Мушкилиҳои солҳои аввали расидан ба истиқлолият бо кушишу ҷоннисории фарзандони барумандамон рафъ гардид.Дар паҳнои бозсозиҳои мамлакат, ки чаҳор қисмати Ватанро фаро гирифт, бунёди роҳҳои аҳамияти байналмиллалӣ дошта, пулҳо аз болои рудхонаҳо, тунелҳо ва неъругоҳҳои азиму кучак тарҳрезӣ шуда, ба истифода дода шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистони мо алъон дар арсаи байналмиллалӣ обру ва нуфузи калоне дорад.Чун узви комилҳуқуқи Созмони миллали муттаҳид дар аксар тадобирҳои байналмиллалӣ ба ҳарфи Тоҷикистон гуш медиҳанд.
Сиёсати созандаю бунёдкоронаи давлату ҳукуматамон моро ба суи қуллаҳои боз ҳам дурахшон рохнамоӣ кардааст.Муҳим аз ҳама-мо соҳибдавлат гардидаем ва такдиру сарнавиштамонро муайян сохтаем.
32-соли истиқлолият неруи созандагӣ ва бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур овард, сатҳи худшиносӣ, асолати Ватандорӣ ва ифтихори Миллӣ шаҳрвандии моро хело боло бурд.
32-соли истиқлолият барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳилаи ибратомузӣ, расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷадидии ру овардан ба накшаҳои азими созандагӣ ва бунёдкориҳое гардид, ки ҳадафхои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда вобастаанд.
Бо симои хоси худ ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ворид гардидаем, ба бунёди рукнҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатамон ноил шудаем, ваҳдату ягонагӣ ва тамомияти арзии мамлакатро нигоҳ доштаем.
Имруз шукри он мекунем, ки сулҳу амният дар мамлакат пойдор аст, ваҳдати миллӣ ва фазои боварию эътимоди кули шаҳрвандони Тоҷикистон торафт таҳким меёбад, ҳисси худшиносӣ, ватандустӣ ва ифтихори миллии мардумамон боло меравад.
Хиради азалӣ ва ҳуввияти худшиносии миллӣ ба мо эътимод мебахшад, ки ба роҳи пешгирифтаи худ, яъне барпо кардани давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистони соҳибистиқлол пеш рафта, орзуву омоли чандинасраи хешро амалӣ гардонем.