Қайд кардан зарур аст, ки дар тамоми кишварҳои мутараққӣ ва ҷомеаи мутамаддин инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҷавҳари асосии сиёсати давлатиро ташкил медиҳад. Аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзиши олӣ эътироф гардидани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ гувоҳи ин ҳақиқат аст. Амалӣ намудани ин ҳадафҳои олӣ бе қонунҳои муосири ҷавобгӯи талаботи ҷомеаи демократӣ ва танзимкунандаи фаъолияти бонизоми мақомоти давлатӣ ғайриимкон аст. Яке аз афзалиятҳои калидии навкунии демократии мамлакат паиҳам демократикунонӣ, озодкунии низоми судӣ-ҳуқуқӣ мебошад, ки барои таъмини волоияти қонун, қонуният, ҳимояи эътимодноки ҳуқуқу манфиатҳои шахсият, мухтасар карда гӯем, – ташкили давлати ҳуқуқбунёд ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии одамон равона карда шудааст.Ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ бе мавҷудияти низоми дақиқан муайяншудаи мустақил ва беғарази судӣ аз имкон берун аст.Маҳз барои ҳамин ҳам аз рӯзҳои аввалини истиқлолият ба ин самти ислоҳотонӣ диққати махсус ҷудо карда шуда буд.
Бояд қайд кард, ки баъди соҳибихтиёр эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 ислоҳоти асосии иқтисодиёт ба амал омада, шаклҳои гуногуни моликият ба вуҷуд омаданд. Ҷои муносибатҳои амудии идоракуниро алоқаҳои мӯътадили уфуқии хоҷагидорӣ ва мубодилаи молию пулӣ гирифт. Ҷои нақшаро шартнома ишғол намуд, аз тарафи давлат мустақиман идоракунии марказонидашудаи иқтисодиёт ба танзими қонунгузории иқтисодиёт иваз шуд. Меъёрҳои ҳуқуқие, ки пеш фаъолияти арбитражӣ ва тартиби ҳал намудани баҳсҳои хоҷагидориро ба тартиб меандохтанд, ба таври пурра ба шароити нав номутобиқ шуда монданд. Вобаста ба роҳи муносибатҳои бозориро интихоб намудани ҷумҳурӣ муносибатҳои дигар ба шаклҳо ва методҳои фаъолият, баланд бардоштани нақши арбитраж, васеъкунии салоҳияти ӯ, баланд бардоштани обрӯи он зарур дониста шуд. Аз ин рӯ, 10 марти соли 1992 Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорро дар хусуси амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонун “Дар бораи тартиби ҳалли баҳсҳои хоҷагӣ дар додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард, ки дар онҳо ба ғайр аз равшан намудани масъалаҳои вобаста ба вазифаҳо, мақом, фаъолияти додгоҳҳои ҳакамӣ алоқаманд, тартиби ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ низ инъикоси худро ёфтанд.
Ҳамчунин бояд ёдовар шуд, ки то соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони шӯравии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баҳсҳои иқтисодӣ аз тарафи мақомоти дахлдор баррасӣ карда мешуданд. Таърих дар бораи муносибати гуногуни ҳалли баҳси байни субъектони фаъолияти соҳибкорӣ шаҳодат медиҳад.То соли 1931 баҳси байни корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ аз тарафи комиссияҳои арбитражӣ ҳал карда мешуд, ки бо қарори Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Совети Комиссарони Халқии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ (СССР) ташкил карда шуда фаъолияташон асосан бо Низомномаи Комиссияи арбитражии назди Совети меҳнат ва мудофиаи СССР аз 6 майи соли 1924 ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешуд. Дар моҳи майи соли 1931 дар низоми мақомоти идоракунии давлатӣ арбитражи давлатӣ ташкил карда шуд, ки барои ҳал намудани баҳси молумулкии байни муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои хоҷагии сотсиалистӣ дар самти мустаҳкам намудани интизоми шартномавию нақшавӣ ва ҳисоби хоҷагӣ равона карда шуда буд. Низомномаи аввалин дар бораи арбитражи давлатӣ бо Қарори КИМ ва СКХ СССР аз 3 майи соли 1931 тасдиқ шуд.
Аз лаҳзаи ташкилшавиаш арбитраж дар ду намуд – давлатӣ ва идоравӣ амал мекард. Дар арбитражи давлатӣ баҳси байни корхонаҳо ва ташкилотҳои тобеияти гуногуни маъмурӣ, дар арбитражи идоравӣ бошад баҳси байни корхонаҳо ва ташкилотҳои тобеи як идора (вазорат, кумита ва ғ.) ҳал карда мешуданд.
Дар таърихи шастсолаи мавҷудияти арбитражи давлатӣ (аз моҳи майи соли 1931 то моҳи марти соли 1992) аз тарафи давлат чанд маротиба кӯшиши навсозии сохтор ва фаъолияти он, мувофиқа намудан ба шароитҳои иқтисодии тағйирёбанда, баланд бардоштани нақши он дар хоҷагии халқ карда мешуд. Ба зиммаи арбитраж вазифаҳои нав ба нав гузошта мешуданд. Дар соли 1960 Совети Вазирони СССР Низомнома дар бораи Арбитражи давлатӣ аз соли 1931-ро бекор кард ва Низомномаи навро дар бораи Арбитражи давлатии назди Совети Вазирони СССР тасдиқ кард.
Дар моҳи августи соли 1970 Совети Вазирони СССР қарор «Дар бораи баланд бардоштани нақши мақомоти Арбитражи давлатӣ ва арбитражи вазоратҳою идораҳо дар хоҷагии халқ»-ро қабул кард, ки мувофиқи он арбитраж бояд ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ, такмили алоқаҳои хоҷагидорӣ, мустаҳкам намудани нақши шартномаҳо дар муносибатҳои хоҷагидорӣ кӯмак мекард.
Ташкил ва тартиби фаъолияти мақомоти арбитражи давлатӣ аввалин маротиба дар Қонун «Дар бораи арбитражи давлатӣ дар СССР», ки аз тарафи Совети Олии СССР 30 ноябри соли 1979 қабул шуд, сабт ёфт. Дар асоси ин қонунгузорӣ Низомнома дар бораи Арбитражи давлатии назди Совети Вазирони СССР ва қоидаи баррасии баҳсҳои хоҷагӣ аз тарафи арбитражҳои давлатӣ қабул шуда буданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арбитражи давлатӣ дар фаъолияти худ Низомнома дар бораи мақомоти Арбитражи давлатиро, ки бо Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон тасдиқ шуда буд, ба роҳбарӣ мегирифт.
Бояд қайд кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мақомотҳои арбитражиро ба додгоҳҳои ҳакамӣ – мақомотҳои юрисдиксионии мустақил, соҳибихтиёр, ки қобилияти ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектони хоҷагидориро сарфи назар аз шакли моликият доранд, табдил дод.
Ин як комёбии назаррас дар низоми судии кишвар буд, чунки то он вақт танҳо судҳои умумӣ амал мекарданд ва арбитражҳо бошад ҳамчун мақоми судӣ эътироф карда намешуданд.
Мувофиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба масъалаи тартиби интихоби судҳои ҳакамӣ бахшида шудааст, судяҳои судҳои ҳакамӣ интихобӣ буда, раиси Суди Олии ҳакамӣ аз ҷониби Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешуд. Ин аввалин ва оғози ислоҳоти судии кишвар буд, вале мутаассифона, оғози ҷанги гражданӣ ба рафти минбаъдаи ислоҳоти судӣ монагӣ кард.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 барои ислоҳотонии низоми судии кишвар қадами наверо гузошт.
Махсусан, моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кард, ки «ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад».
Боби 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзими ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида, принсипҳои асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколатҳои судяҳоро муқаррар кард.Маҳз бори аввал дар ҳамин боби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори судҳои юрисдиксияи умумӣ аз ҷониби Суди конститутсионӣ ва судҳои иқтисодӣ амалӣ намудани адолати судӣ қайд гардид.
Бояд қайд кард, ки дар шароити дар қатори моликияти давлатӣ мавҷуд будани моликияти хусусӣ танзимкунандаи асосии муносибати моликият, истеҳсолот ва мубодилаи байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаи маҳсулоту молҳо қонун ва шартнома дар ягонагии онҳо ва алоқаҳои байниҳамдигарии бозорӣ мешаванд. Бо ташкил ёфтани муносибатҳои бозорӣ талабот ба ташкилкунии системаи судии мустақил, ки махсус барои баррасӣ намудани баҳсҳои иқтисодии байни субъектҳои хоҷагидорӣ мувофиқ гардонида шудаанд, ба миён омад.
Инро ба назар гирифта иҷлосияи дуюми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 4 ноябри соли 1995 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кард, ки асоси ҳуқуқии системаи сохтори судӣ ва мурофиаи судии судҳои иқтисодӣ гаштанд. Онҳо табдил ёфтани собиқ арбитражҳои давлатиро ба мақомотҳои комили ҳокимияти судӣ ифода менамоянд ва бори аввал салоҳияти баамалбарории адолати судиро аз рӯи парвандаҳои судии иқтисодӣ ба зиммаи мақомоти судӣ гузошт.
14 декабри соли 1999 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонтаъсис дода шуд.Бо таъсис додани Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои ташкилии фаъолияти судҳои поёнӣ, аз он ҷумла Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе аз як мақомоти иҷроия – Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дигари иҷроия – Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.Таъсис додани Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиротҳоро талаб мекард. Ба ин хотир 6 августи соли 2001 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуда, дар асоси ин Қонуни конститутсионӣ қонунҳои конститутсионии дар моҳи ноябри соли 1995 қабул карда шуда – «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Дар бораи судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи сохтори судӣ» аз эътибор соқит карда шуданд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 таҳти № 271 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.Барномаи мазкур дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2006 таҳия шуда, тадбирҳои мушаххасро бобати амалӣ намудани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар бар мегирад.
Мақсади асосии Барнома таҳким бахшидан ба ҳокимияти судӣ ва мақоми судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини кафолати судии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, тақвияти талабот нисбати кадрҳои судӣ, баланд бардоштани донишу таҷриба ва масъулиятнокии онҳо буд.
Маҳз дар асоси ҳамин Барнома Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ қабул карда шуд.Тағйиротҳои зикргардида салоҳияти судро боз ҳам васеъ ва масъулияти онҳоро дучанд сохт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи Паёмҳояшон таъкид менамоянд, ки дар таъмин намудани волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ хеле бузург мебошад.
Бояд қайд кард, ки 26 июли соли 2014 қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул карда шуданд, ки дар инкишофи низоми судии кишвар саҳми калоне мегузоранд.
Ҳамчунин бояд ёдовар шуд, ки дар вақти ҳозира Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул карда шудааст, ки барои боз ҳам инкишоф ёфтани мақомоти судӣ, махсусан низоми судҳои иқтисодӣ мусоидат менамояд.
Ҳамин тавр, дар давоми 20 соли фаъолияташон судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи мураккабу тағйиротҳои ҷиддиеро тай намуданд, ки ин пеш аз ҳама дар баррасӣ намудани парвандаҳои аз оддӣ сар карда то ба мураккабу гуногуншакл бо назардошти мураккаб гаштани муносибатҳои иқтисодӣ, тағйир ёфтани шакли тобеияти судҳои иқтисодии поёнӣ, якчанд маротиба тағйир ёфтани марҳилаҳои судҳои иқтисодӣ алоқаманд аст.
Напечатать страницу