Санаи 30-юми августи соли 2023 дар бинои Кумитаи идораи замини шаҳри Турсунзода, воқеъ дар суроғаи шаҳри Турсунзода, кӯчаи Ф.Ниёзӣ 55, таҳти раисии Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҷ.Х., бо котибии Файзуллозода Х.Т., аз рўи парванда бо даъвои роҳбари Кооперативи тиҷоратии “Уктам”-и шаҳри Турсунзода Мингбоев Нурали Норалович нисбат ба хоҷагии деҳқонии “Қобилбек”-и шаҳри Турсунзода, Кумитаи идораи замини шаҳри Турсунзода ва хоҷагии деҳқонии “Шаҳриёр-2017”-и шаҳри Турсунзода дар бораи бартараф намудани монеагии истифодабарии қитъаи замин, рўёнидани 2900 сомонӣ маблағи зарар ва бартараф кардани беамалӣ маҷлиси ошкорои сайёри судӣ гузаронида шуд.
Инчунин, баъд аз анҷоми маҷлиси ошокорои сайёри судӣ Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҷ.Х. ва мутахассисони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Х.Т. ва Ҳамроқулзода Б.А. бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва иҷрои банди 1-и Нақшаи кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати кормандони Кумитаи идораи замини шаҳри Турсунзода ва як гурӯҳ сокинони шаҳри Турсунзода вохӯрӣ намуда, дар мавзӯи “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аҳамият ва манфиати он” сўҳбат ороста, ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас доданд.
Напечатать страницу

