Ҳадафи асосии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ин барқарор, пойдор ва инноватсияи замонавӣ додан ба расму ойин, анъана, маросиму ҷашнҳои қадимаи тоҷик, гум накардани мероси гаронбаҳои маънавии миллатамон аст.
Эмомали Раҳмон
Табиист, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ пайваста дар ташаккул буда, барои танзими онҳо зарурати қабули санади меъёри ҳуқуқӣ ба миён меояд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо тақозои рушди ҷомеа, анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Дар охирҳои асри 20 баргузории тӯю маъракаҳо ба мусобиқаи бемаънии ҳамсояҳо ва хешу ақрабҳо табдил ёфта буд, ки ҳар як нафар мехост бо сарфи маблағи зиёд аз ёру бародар, дӯсту ҳамкор ва ҳамсояву хешу табор қафо намонад ва тӯю маъракаҳоро бо зиёдаравию исрофкорӣ барпо мекарданд. Ин ҳама сарфи беҳуда бошад на ба беҳдошти зиндагии мардум мусоидат менамуд, балки иқтисоди хонаводагиро касод ва ба оилаҳо зиндагии мушкилу носолимро солҳои зиёд ҳамроҳ буд.
Тӯю маъракаҳои хурсандӣ як тараф истад, ҳатто пурдабдабаю серхарҷ гузаронидани маъракаи азодорӣ ба мусобиқаи бемаънии сокинон табдил ёфта, сарфу харҷ аз рӯзи дафн оғоз мегардид. Ин амал натанҳо дар рӯзи фавти шахс ҳатто дар серӯзагӣ, ҳафтрӯзагӣ, бистрӯзагӣ, чил ва сари соли шахси фавтида идома меёфт.
Исрофкорӣ аз нуқтаи назари дини мубини Ислом ҳукми ҳаромро дорад, вале ин дар ҳоле сурат мегирифт, ки зиёда аз 90 дарсади шаҳрвандони кишвар мусулмонанд.
Бинобар ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар аҳамияти махсус зоҳир намуда, аз ҳамагон хоҳиш намуданд, ки то баргузории машварати умумиҷумҳуриявӣ (24-уми майи соли 2007) тамоми хоҳишу дархост ва оид ба чӣ гуна гузаронидани урфу одатҳои миллӣ фикру андешаҳои худро ирсол намоянд. Аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат беш аз 6 ҳазор таклифу пешниҳодоти муфид ирсол гардид ва аксарияти аҳолӣ иқдоми танзими анъанаҳои мардумӣ ва миллиро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони шаҳру ноҳияҳои кишвар 24-уми майи соли 2007 оид ба масъалаи танзими расму ойин ва анъанаву маросимҳои миллӣ сухан ронда, гуфта буданд: “Қисме аз мардуми мо, бо сабаби зоҳирпарастии беасос ва пойбанди таассубу хурофот будани худ, дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад”.
Дар моддаи 1-уми Қонуни мазкур омадааст: “Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст”.
Қобили қайд аст, ки яке аз мақсадҳои асосии қонуни мазкур ин паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад, ки тибқи оморҳо то қабули Қонуни мазкур камбизоатӣ 53 дарсади аҳолии кишварро ташкил медод, ки дар давоми 16 соли амали Қонун, камбизоатӣ то 22,5 дарсад коҳиш ёфт, ки ин яке аз таҷрибаи беназир барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон ёдовар шудан ба маврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар низ мусоидат карда, дар ҳалли мушкилии иҷтимоии ҳазорҳо ҷавон нақши мусбат гузошта истодааст. Як меъёри ниҳоят муҳими Қонун ба таври ихтиёрӣ баргузор намудани маърака мебошад. Акнун ҳар як фарди ҷомеаи имрӯзаи мо имкон пайдо намуд, ки ба муқаррароти Қонун такя намуда, маъракаашро бо хоҳиши худ бе хиҷолатмандӣ гузаронад.
Лозим ба ёдоварист, ки яке аз мавзӯъҳои асосӣ ва марказии Нақшаи кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2023, ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии шаҳрвандон, бо ташкил намудани вохӯриву мулоқот бо аҳолӣ, соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, муассиса, ташкилот ва корхона, инчунин ҳамкорӣ бо матбуоти даврӣ ва воситаҳои ахбори омма, ба саҳми онҳо расонидани мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.
Дар яке аз вохӯриҳои худ бо мардуми кишвар, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки ҳадафи ҷамъ омадан аз байн бурдан ва барҳам додани расму ойинҳои халқӣ ва маросимҳои динӣ нест, балки раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассуби хурофотпарастӣ аст, чунки дар ҷомеа равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ибтидо ва вусъат гирифтанд.
Бо мақсади иҷрои моддаи 4-уми Қонуни мазкур, ки тибқи талаботи он роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки на камтар аз 30 нафар корманд доранд, сарфи назар аз шакли моликият, оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис медиҳанд, дар назди Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонниз комиссия ҷамъиятӣ таъсис дода шуда, ки аъзоёни он дар тамоми ҷашну маросимҳо ва маъракаҳоии кормандон иштирок карда, иҷро шудани талаботи қонунро назорат мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки барои риоя накардани талаботи Қонун, ду намуд ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
Аз ҷумла, қисми 2 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешбинӣ мекунад, ки аъзои Ҳукумат, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.
Тафсири меъёри мазкур ба он оварда мерасонад, ки шахсони мансабдори болозикр ҳам барои кирдорҳои худ ва ҳам барои кирдорҳои фарзандонашон дар ҷодаи риоя накардани талаботи Қонун ба ҷавобгарии сахти интизомии аз мансаб озод кардан, ҷазо дода мешавад.
Моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, барои вайрон кардани қонун ҷавобгарии маъмуриро пешбинӣ менамояд.
Моддаи мазкур аз се қисм иборат буда, қисми якум аз дуюм вобаста ба субъекти ҳуқуқвайронкунӣ фарқ карда, қисми сеюм бошад ҷавобгарии вазнинтарро барои дағалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросим муқаррар кардааст.
Напечатать страницу