- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Маҷлиси ҳафтаина

Санаи  7 августи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ бо Раисии Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид.

Мирзозода Рустам саравал вобаста ба омодагии кормандон ба нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба фаъолияти суд дар нимсолаи якуми соли 2023,, ки имрӯз баргузор мегардад, таъкид намуда, вобаста ба гузаронидани ин чорабини вазифагузорӣ намуданд.

Сипас оид ба ҷобаҷогузории ёрдамчиёни судяҳо дар Суди Олии иқтисодӣ қайд намуда, ба судяҳо баҳри саривақт барраси намудани парвандаҳо ва маводҳои дар истеҳсолот қарордошта кормандонро вобаста намуданд.

Сипас қайд карда шуд, ки парвандаҳо, аризаҳо, шикоятҳо ва дигар дархосту пешниҳодҳои дар истеҳсолоти суд қарордоштаро дар доираи талаботи қонун ва муҳлати муқарраргардида баррасӣ карда шуда, иҷрои саривақтии санадҳои судии қабулгардида таъмин карда шавад.