- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Шанбегӣ дар суд

Санаи 5 августи соли 2023 бо супориши Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам бо иштироки  кормандони дастгоҳ шанбеги баргузор гардид.

Дар шанбегӣ бо мақсадӣ дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба  ободу зебо нигоҳ доштани ҳудуди шаҳри Душанбе, инчунин бо мақсади зебову назаррабо гардонидани назди бинои суд, ба тариқи дастаҷамъона гирду атроф ва боғи назди биноро аз алафҳо, хазонҳо ва партовҳо тоза намуда, баҳри нашъу намои хуб зери дарахтонро нарм намуданд.