Маҷлиси ҳафтаинаи суд

Санаи  17 июли соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид.

Маҷлисро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Р.П., оғоз намуда саравал кормандонеро, ки аз руи натиҷаи даври дуюми озмун – суҳбат бо довталабон дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои гузаришро ба даст оварда ба кор қабул шуданд, табрик намуда бо кормандон шинос намуданд.

Сипас дастур дода шуд, ки мувофиқи талаботи  моддаи 15 ва моддаи 28, Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ, ки уҳдадориҳои асосии хизматчии давлатиро муқаррар менамояд, шаҳрванде, ки бори аввал ба мансаби маъмурии хизмати давлатӣ қабул мегардад уҳдадор аст, ки савганди хизматчии давлатиро ёд кунад.

Сипас Раиси суд омодаги барои нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба натиҷаи фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2023-ро таъкид намуданд.

Сипас қайд карда шуд, ки парвандаҳо, аризаҳо, шикоятҳо ва дигар дархосту пешниҳодҳои дар истеҳсолоти суд қарордоштаро дар доираи талаботи қонун ва муҳлати муқарраргардида баррасӣ карда шуда, иҷрои саривақтии санадҳои судии қабулгардида таъмин карда шавад.

Напечатать страницу Напечатать страницу