Дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷараён дорад.
Ин ташаббус дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1 июл оғоз гардида, рӯзи гузашта тибқи нақша дар боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Садриддин Айнии пойтахт намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии ноҳияи Спитамен баргузор гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар намоиш-фурӯши мазкур ҳамаи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ва бахшҳои гуногун иштирок намуда, раставу дӯкон ороста, анвои гуногуни маҳсулот ва ҳунармандон маҳсули дастони худро манзури сокинону меҳмонони пойтахт намуданд.
Шоми ҳамон рӯз дар Амфитеатри боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Спитамен шоми фарҳангии ноҳия доир шуд.
Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Наргис Шарифзода зимни суханронӣ ба роҳбарият ва фаъолону сокинони ноҳияи Спитамен ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани намоиш-фурӯш изҳори сипос намуд.
Темурҷон Нӯмонзода, раиси ноҳияи Спитамен иштирокдорон, меҳмонону сокинони пойтахтро хайрамақдам гуфта, аз ташаббуси мазкур ва аҳамияти баргузории чунин чорабинӣ таъкид намуд.
Гуфта шуд, ки иқдоми мазкур ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои судманд заминаи мусоид фароҳам оварда, баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини пешрафти ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги миллӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ба раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби муовини якуми раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Юсуфзода Бахтиёр Соибназар Сипоснома супорида шуд.
Барномаи адабӣ-фарҳангӣ табъи иштирокчиёнро болида намуда, ба ҷамъомад ҳусну мазмуни бештар эҳдо намуд.


