Спитамен: Иштироки Раиси СОИ ҶТ Мирзозода Р дар маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2023

Санаи  11 июли соли 2023 дар толори калони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2023 баргузор гардид.

Дар маҷлис Мирзозода Рустам Пираҳмад – Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази намояндагии Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шамсиева Наргис иштирок намуданд.

Ҳамчунин, дар кори маҷлис муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони кумитаи маҳаллаҳо, раисони Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ, намояндагони муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занон, ҷавонон ва имомхатибон иштирок намуданд.

Оид ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2023 муовини Раиси ноҳия Исломзода Баҳодур Саид ҳисобот дод.

Дар идома гузориши муовинони Раиси ноҳия Султонӣ Мамур, Дилрабо Раҳимӣ ва Насруллозода Ойбек шунида шуд.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шамсиева Наргис баромад намуда, таъкид доштанд, ки ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор таҷлил намудани 35 –  умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ бояд тақвият дода шуда, масъулин ва сокинон бо ифтихори баланди ватандустӣ дар самти вусъати корҳои ободониву созандагӣ аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.

Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода фаъолияти хоҷагии халқи ноҳияро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Бо вазифагузорӣ ба масъулини сохторҳо маҷлиси ҷамъбастӣ ба анҷом расид.

Напечатать страницу Напечатать страницу