- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Саволҳо оиди гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Суди Олии иқтисодии Чумҳурии Тоҷикистон

Саволҳо

оиди гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Суди Олии иқтисодии Чумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Интихоби вакили Маҷлиси намояндагон?
  2. Интихоби узви Маҷлиси миллӣ?
  3. Пешниҳод ва интихоби Раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ?
  4. Мустақиман қабули қонунҳо аз тарафи Маҷлиси намояндагон?
  5. Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон?
  6. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ?
  7. Низоми судӣ дар Тоҷикистон?
  8. Интихоб ва таъини ба вазифаи судяи Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе?
  9. Интихоб ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ?
  10. Мўҳлати ваколати судяҳо?
  11. Таъин ба вазифаи судяҳои шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии вилояти Мухтори Қўҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе?
  12. Ҳайати Суди конститутсионӣ?
  13. Ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсӣ ва интихобот?
  1. Муносибати давлат бо оила?
  1. Асосҳои ба миён омадани ҳуқуқу ўҳдадориҳои гражданӣ?
  2. Мафҳуми шаҳрванд (шахси воқеӣ) ?
  3. Мафҳуми шахси ҳуқуқӣ ?
  4. Қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд?
  5. Намудҳои объектҳои ҳуқуқи гражданӣ?
  6. Принсипҳои асосии қонунҳои гражданӣ?
  7. Мазмуни қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд?
  8. Намояндагӣ дар суд?
  9. Мўҳлати амали ваколатнома?
  10. Мафҳуми ҳуқуқи моликият?
  11. Шаклҳои моликият?
  12. Эмансипатсия ?
  13. Мафҳуми шартнома?
  14. Навъҳои аҳдро номбар кунед?
  15. Субъектҳои ҳуқуқи моликият?
  16. Вазифаҳои мурофиаи судии иқтисодӣ?
  17. Санадҳои судии суди иқтисодӣ?
  18. Шакл ва мазмуни аризаи даъвогиро тибқи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон?
  19. Ҳуҷҷатҳое, ки ба аризаи даъвогӣ замима карда мешаванд?
  20. Муҳлати баррасии парванда дар суди иқтисодӣ?
  21. Асос барои мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда?
  22. Протоколи маҷлиси судӣ ва муҳлати тартиб додани он?
  1. Асосҳои беҳаракат монондани аризаи даъвогӣ?
  1. Мафҳуми корфармо дар муносибатхои мехнатӣ?
  2. Асосҳо барои бекор кардани шартномаи меҳнатӣ?
  3. Қабули Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳарвандӣ ва сиёсӣ ва эътирофи он аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон?
  1. Мақсади таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид?
  2. Ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон?
  3. Арзиши олӣ эътироф шудани ҳуқуқ ва озодиҳои он тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон?
  4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» №1339 аз 23 июни соли 2016 ва мақсади қабули он?
  5. Намудҳои муроҷиат, шаклҳои муроҷиат ва муҳлати баррасии муроҷиатҳоро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» №1339 аз 23 июни соли 2016 ?
  6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» №372 аз 20 марти соли 2008?
  7. Сохтор ва вазифаҳои асосии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон?
  8. Механизмҳои (роҳҳои) миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон?
  9. Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №565, аз 30 декабри соли 2021 тасдиқ шудааст?
  10. Эъломияи Куруши кабир ва дигар сарчашмаҳои ҳуқуқии таърихи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон?
  11. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ вобаста ба соҳаи ҳуқуқи инсон, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст?
  12. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар?
  13. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» ?
  14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ?