Саволҳо
оиди гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Суди Олии иқтисодии Чумҳурии Тоҷикистон
- 1.Доир ба моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавқеи он дар низоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, маълумот диҳед.
- 2.Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйироту иловаҳо ба он?
- 3.Соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ нисбати давлат чиро инъикос менамояд?
- 4.Ҳуқуқи сухан гуфтан аз номи халқи Тоҷикистон?
- 5.Дар Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар кадом асос ва принсип амалӣ мегардад?
- 6.Асоси иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва мавқеи моликияти хусусӣ?
- 7.Ки шаҳрванди Тоҷикистон ҳисоб меёбад?
- 8.Асоси гунаҳкор ҳисобидани шахс дар содир намудани ҷиноят?
- 9.Ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва раъйпурсӣ?
- 10.Ҳизбҳои сиёсӣ ва принсипи иштироки онҳо дар идоракунии Тоҷикистон?
- 11.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом ҳизби сиёсӣ амал мекундад?
- 12.Ҳолатҳои гирифтани молу мулки шахсӣ барои эҳтиёҷоти ҷамъият?
- 13.Амалӣ намудани ҳокимияти иҷроия дар маҳал?
- 14.Салоҳияти мақомоти намояндагӣ ва иҷроия дар маҳал?
- 15.Мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузор дар ҷумҳурӣ?
- Интихоби вакили Маҷлиси намояндагон?
- Интихоби узви Маҷлиси миллӣ?
- Пешниҳод ва интихоби Раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ?
- Мустақиман қабули қонунҳо аз тарафи Маҷлиси намояндагон?
- Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон?
- Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ?
- Низоми судӣ дар Тоҷикистон?
- Интихоб ва таъини ба вазифаи судяи Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе?
- Интихоб ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ?
- Мўҳлати ваколати судяҳо?
- Таъин ба вазифаи судяҳои шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии вилояти Мухтори Қўҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе?
- Ҳайати Суди конститутсионӣ?
- Ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсӣ ва интихобот?
- 29.Салоҳияти Маҷлиси миллӣ?
- 30.Салоҳияти Маҷлиси намояндагон?
- 31.Рамзҳои давлатии Тоҷикистон?
- 32.Таъин кардани раъйпурсӣ?
- 33.Кафолати ҳифзи судӣ?
- 34.Санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки бо он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳифз мегардад?
- 35.Сохтори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон?
- 36.Эълон намудани вазъияти фавқуллода?
- 37.Дахлнопазирии ҳудуди Тоҷикистон?
- 38.Дахлнопазирии манзили шахс?
- 39.Ҳуқуқи шаҳрванд ба меҳнат?
- 40.Ҳуқуқи шаҳрванд ба ҳифзи саломатӣ?
- 41.Ҳуқуқи инсон ба зиндагӣ?
- 42.Ҳокимияти давлатӣ ва таҷзия он?
- 43.Амали қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст?
- 44.Намудҳои моликияти истисноии давлат?
- 45.Ҳуқуқи шаҳрванд оид ба иштирок дар ҳаёти сиёсӣ?
- 46.Баробарии шаҳрвандон дар назди қонун?
- Муносибати давлат бо оила?
- 48.Ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзил?
- 49.Ҳуқуқи шаҳрвандон ба истироҳат?
- 50.Маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон?
- 51.Қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ?
- 52.Ҳокимияти маҳаллӣ аз кадом мақомотҳо иборат мебошад?
- 53.Санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд?
- 54.Вазифаҳои ҳокимияти судӣ?
- Асосҳои ба миён омадани ҳуқуқу ўҳдадориҳои гражданӣ?
- Мафҳуми шаҳрванд (шахси воқеӣ) ?
- Мафҳуми шахси ҳуқуқӣ ?
- Қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд?
- Намудҳои объектҳои ҳуқуқи гражданӣ?
- Принсипҳои асосии қонунҳои гражданӣ?
- Мазмуни қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд?
- Намояндагӣ дар суд?
- Мўҳлати амали ваколатнома?
- Мафҳуми ҳуқуқи моликият?
- Шаклҳои моликият?
- Эмансипатсия ?
- Мафҳуми шартнома?
- Навъҳои аҳдро номбар кунед?
- Субъектҳои ҳуқуқи моликият?
- Вазифаҳои мурофиаи судии иқтисодӣ?
- Санадҳои судии суди иқтисодӣ?
- Шакл ва мазмуни аризаи даъвогиро тибқи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон?
- Ҳуҷҷатҳое, ки ба аризаи даъвогӣ замима карда мешаванд?
- Муҳлати баррасии парванда дар суди иқтисодӣ?
- Асос барои мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда?
- Протоколи маҷлиси судӣ ва муҳлати тартиб додани он?
- 77.Тартибот дар маҷлиси судии суди иқтисодӣ?
- Асосҳои беҳаракат монондани аризаи даъвогӣ?
- 79.Коргузорӣ дар судҳои иқтисодӣ?
- 80.Вазифаҳои асосии корманд дар муносибатхои мехнатӣ?
- Мафҳуми корфармо дар муносибатхои мехнатӣ?
- Асосҳо барои бекор кардани шартномаи меҳнатӣ?
- Қабули Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳарвандӣ ва сиёсӣ ва эътирофи он аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон?
- 84.Таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва аъзои он?
- Мақсади таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид?
- Ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон?
- Арзиши олӣ эътироф шудани ҳуқуқ ва озодиҳои он тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон?
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» №1339 аз 23 июни соли 2016 ва мақсади қабули он?
- Намудҳои муроҷиат, шаклҳои муроҷиат ва муҳлати баррасии муроҷиатҳоро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» №1339 аз 23 июни соли 2016 ?
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» №372 аз 20 марти соли 2008?
- Сохтор ва вазифаҳои асосии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон?
- Механизмҳои (роҳҳои) миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон?
- Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №565, аз 30 декабри соли 2021 тасдиқ шудааст?
- Эъломияи Куруши кабир ва дигар сарчашмаҳои ҳуқуқии таърихи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон?
- Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ вобаста ба соҳаи ҳуқуқи инсон, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст?
- Эъломияи умумии ҳуқуқи башар?
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» ?
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ?
- 99.Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №591 аз 3 декабри соли 2015 қабул гардидааст?
- 100.Ҷавобгарии интизомии хизматчии давлатӣ?
Напечатать страницу