Санаи 06.07.2023 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023 баргузор гардид.
Дар ҷаласа Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Мирзозода Рустам Пирахмад, Мушовири калони бахши Ердамчии Президенти Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои ҳуқуқӣ Шоназаров Содиқ Ашурович, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинон ва судяҳои судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Мутобиқи рӯзномаи маҷлис оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023 муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилӣ Ф. маърӯза намуда, сипас ахбороти муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода З. оид ба натиҷаи фаъолияти марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ шунида шуд. Сипас доир ба натиҷаи фаъолият Раисони суди иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе баромад намуданд.
Дар идомаи маҷлис натиҷаи фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ баррасӣ гардида вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар охир Лоиҳаи қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисоди дар нимсолаи соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023 аз ҷониби муовини Раис Аминзода З. ироа гардид, ки аз тарафи аъзоёни Раёсати Суди Олии иқтисодӣ якдилона қабул гардид.





