Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва неруҳоеро дар назар дорад, ки ҳудуди зисти ин ё он миллатро фаро гирифтааст. Дар зери мафҳуми “Ваҳдати миллй” бояд ваҳдати тамоми сокинони кишвар новобаста аз мансубияти миллию динӣ дар назар дошта шавад. Зеро ҳеҷ яке аз манфиатҳои фардй ё гурӯҳӣ дар алоҳидагӣ берун аз доираи манофеи миллӣ вуҷуд дошта наметавонанд.
Аз ин лиҳоз, Ваҳдати миллӣ тарзи ҳастии миллат ба шумор меравад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши воло маҳсуб ёфта, эҳтиром ва пос доштани он, аз ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшинос масъулияти баландро тақозо менамояд. Халалдор сохтани Ваҳдати миллӣ маънои ба вуҷуд овардани имконият барои парокандагии миллатро дар назар дорад.
Лешрафту муваффақиятҳои ҳар оила, ҳар халқ, ҳар миллат ва ҳар давлат ба муттаҳидӣ ва ягонагии он вобастагии зич дорад. Бинобар ин, дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ бинобар сабабҳо ва омилҳои муайян ваҳдат ва ягонагӣ халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудии кавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо шудаанд.
Ба миллати тоҷик хатари парокандагию нобудӣ борҳо таҳдид карда, давлат ба нест шави рӯ ба рӯ шуда, вале дар тӯли бештар аз ҳазор сол худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, то ба боргоҳи истиқлолияти миллию давлатӣ расидааст.
Ҳар шаҳрванди кишвар бояд ҳаводиси таърихии муҳим ва такдирсоз чун парокандашавии давлати Сомониён ва ноодилона тақсимбандӣ шудани ҳудудҳои Осиёи Миёнаро дар ибтидои карни XX фаромӯш насозад. Аз ин ҳаводиси талх ва фаромӯшношуданӣ сабақи таърихие бардоштану аз онҳо хулосаи зарурие баровардан худ дарси муҳим баҳри ташаккул ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ва андешаи миллй ба шумор меравад.
Барои кадру қимати сулҳ ва ваҳдати миллиро бештар дарк кардан ба таърихи талхи кишвар дар солҳои 90-ум рӯ овардан басанда аст. Дар охирҳои солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта таҳти таъсири қувваҳои беруна омилҳои дохилие ба вуҷуд омада буданд, ки барои ташаккули андешаҳои зиддидавлатӣ
мусоидат мекарданд ва эҳсоси ифтихори миллӣ ва талаби адолати иҷтимоиро ба самти экстремизми сиёсию динӣ ва миллатгароию маҳалгароӣ равона намуданд, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонида буд. Пӯшида нест, ки дар кишвари мо доман густурдани фоҷиаи миллй, ки аксарияти мутлақи қурбоншудагон тоҷикон буданд маҳз барои аз байн бурдани ин миллати қадимтарин ва соҳибфарҳанги Осиёи Марказӣ тарҳрезӣ шуда буд ва зарарҳои моддию маънавии он, ки барои миллати мо ҳамчун бори гарон то ҳол эҳсос мешаванд, сабақи талхи таърихӣ барои халқи мо ҷиҳати муқаддас донистани Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.
Вале муддати зиёд нагузашта, ақлу хиради азалии халқи тоҷик ғолиб омад.
Масъулияти ҳифзи манфиатҳои олии миллӣ ва хомуш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари навинтихобшудаи давлатро ба тарзу усули корҳои ғайримуқаррарӣ ва ҷасурона водор намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ тавонистанд дар саросари кишвар оташбас эълон намуда, ба гуфтушуниди умедбахш оғоз намоянд. Сарвари навинтихобшудаи давлат ба хотири вахдати миллӣ ҳар гуна таҳдиду хатарҳоро сарфи назар намуда, тамоми ҳастии худро баҳри хомуш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва пойдории сулҳу субот дар кишварамон равона сохтаанд, ки натиҷаашро хар шаҳрванди кишвар имрӯз хуб дарк менамоянд.
Дар соли 1994 ба таври раъйпурсии умумихалқй кабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба вуҷуд омадани низоми нави иҷтимой ва ворид шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсиро фароҳам овард. Барои бо роҳи сулҳомез ҳал кардани масъалаҳои муҳимтарини сиёсию иҷтимоӣ тарзи идораи ирезидентӣ мусоидат намуд.
Дар чунин давра ба сари кор омадани Пешвои миллат мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дорои хислатҳои зарурии роҳбарӣ будани ӯ, ба мисли ҷасорат, ватандӯстӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва садоқат ба ватану миллат барои тезтар ҳал шудани проблемаҳои сулҳи Тоҷикон накши муҳим бозид.
27 июни соли 1997 имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсй, иҷтимой ва маънавии халқи тоҷик гардид.
Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ аз нав эҳё намуд. Хидматҳоии арзанда ва шоистаи таҳсини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсусан бояд зикр намуд, ки агар ӯ ҷасорат нишон дода, аз хатар наҳаросида, ба давлати Афғонистон ҷиҳати мулоқот бо сарварони ИНОТ сафар намекард, ин сулҳ метавонист хеле дер ба даст ояд ва ё амалӣ нагардад. Ё худ дар ҳолати ниҳоят вазнини сиёсию низомй барои вохӯрӣ бо дастаҳои силоҳбадаст ба ВМКБ сафар карда, на танҳо аз хатари террор наҳаросид, балки силоҳбадастонро бовар кунонид, ки ба ғайр аз сулҳу субот ва таъмини амният чораи дигар ва вазифаи ватанпарастонаи олитар вуҷуд надорад.
Бояд зикр намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилонаи роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хурду бузург зарурати Ваҳдати миллй, аз Ваҳдати миллӣ вобаста будани такдир ва ояндаи миллатро хуб дарк намуда, сатҳи шуур ва фарҳанги сиёсии мардум ба маротиб боло рафтааст, ки вазъи орому осуда ва шукуфоии кишвар аз он гувоҳӣ медиҳад.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсй, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд. Амнияту оромӣ, ки маҳз маҳсули сулҳу ризоияти миллӣ мебошанд, имкониятҳои ободию осудагии кишвари моро бештар фароҳам овардаанд.
Дар бораи аҳамияти санади такдирсози сулҳ Президенти кишвари соҳибистиқлоламон муҳтарам Эмомалй Раҳмон бо ҳисси ифтихор гуфта буданд: “Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар “Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Тоҷикистон ба таври расмй истиқлол ва соҳибистихтиёрӣ ато карда бошад, пас “Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин намудааст”.
Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофаринии байналмилалӣ эътироф намудаанд.
Бояд гуфт, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки мукобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби нооромиҳо тела медиҳад.
Дар ҷаҳони муосир низ баъзе аз қувваҳо ва гуруҳҳое арзи ҳасти доранд, ки бо мақсади ноил шудан ба ниятҳои нопоку ғаразноки геосиёсии худ ба ваҳдати миллии баъзе халқу миллатҳо рахна заданӣ мешаванд.
Баъди ба даст омадани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ чандин санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи сиёсат, ҳуқук, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маориф қабул карда шуда, чандин иншоотҳои иқтисодию фарҳангй сохта шуданд, ки барои таҳким бахшидани ваҳдату ягонагии халқамон мусоидат намуданд. Масалан, бо мақсади аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додани минтақаҳои мамлакат нақбҳои азим сохта ба истифода дода шуданд, ки тамоми минтақаҳои кишварро бо ҳам пайваста рафтуомади сокинони кишвар, боз бо ҳам наздик шудани мардумони ҷумҳуриро таъмин намуд. Ҳамчунин баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳи тоҷикон аз тарафи давлату ҳуқумати кишвар алалхусус бо талошхои шабонарузии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити зисту зиндагонии мардуми кишвар корҳои зиёди бунёдкорӣ ва созандагӣ ба анҷом расонида шуда истодааст, ки ҳамаи мо имрузҳо шоҳиди он ҳастем.
Ваҳдати миллӣ имрӯз аз ҷониби ҷомеаи кишвари мо ҳамчун ҷузъи таркибии андешаи миллӣ эътироф карда шуда, ҳар фарди солимаклу бозаковати ҷомеа бо кору фаъолияти худ баҳри таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ кӯшиш менамоянд, ки ин боиси ифтихор аст.
Напечатать страницу