Аз санаи 10 то 17 июни соли чорӣ Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гуруҳи корӣ –Мирзозода Рустам Пираҳмад ва муовини роҳбари гуруҳи корӣ Қаҳҳорзода Ҷ. ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом доданд.
Сараввал Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода ва дигар масъулин аз як қатор иншоотҳои ҷашнӣ, инчунин корхонаҳои истеҳсолию кишоварзӣ ва сохтмони мактабҳо боздид ба амал оварданд.
Аз ҷумла, рафти фаъолияти сехи истеҳсоли матои патдор дар ҶДММ «25-солагии Истиқлолият» ва истеҳсоли маҳсулотҳои ширӣ дар ҶДММ «Шири Спитамен», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Т. Ӯлҷабоев, парвариши боғи интенсивӣ дар хоҷагии деҳқонии “Дӯстобод”, ки бо иштироки сарвари давлат ба истифода дода шуда буд, инчунин вуруди об дар сойи Оқсу, воқеъ дар деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Тағояк боздид намуданд.
Масъулин дар Ҷамоати деҳоти Куруш аз рафти сохтмони муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, воқеъ дар деҳаи Файзобод, корхонаи истеҳсоли тухм дар ҶДММ “Файзи саҳар”, воқеъ дар деҳаи Куркат, парвариши пахта дар заминҳои хоҷагии кишоварзии БКТ “Групп”, фаъолияти насоси обкашии “Новая”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сарбанд дидан намуда, дар Ҷамоати деҳоти Сарбанд аз майдончаи варзишӣ ва дар Ҷамоати шаҳраки Навкат аз корхонаи истеҳсоли риштаи пахтагин дар ҶДММ “Спитамен текстайл”, рафти сохтмони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бо маркази хизматрасонии ҶДММ “Нуройл”, рафти сохтмони бинои баландошёна ва дигар иншоотҳо боздид карданд.
Ҳамзамон, дар ин Ҷамоат дар маросими ифтитоҳи маркази хизматрасонии “Кредит Маркет” иштирок намуда, корҳои таъмирӣ дар бинои баландошёна мавриди шиносоӣ қарор гирифт.
Дар доираи ин сафари корӣ Раиси Суди Олии иқтисодӣ собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ, агроном Ҳомидов Муҳаммадҷон ва собиқ раиси Ҷамоати деҳоти Куруш Ҳоҷиев Нормуродро аёдат намуданд.
Инчунин, дар идомаи сафар Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам аз рафти сохтмони иншоотҳои ҷашнии ноҳияи Спитамен ба муносибати 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.
Баъдан, санаи 13 июни соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен мулоқоти Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аъзои гурӯҳи кории Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолони ноҳия доир гардид.
Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода, ҳадафи баргузории машваратро вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 35 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аҳли ҷомеа, махсусан соҳибкорону шахсони саховатманд, омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2023, беҳтар гардонидани фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия унвон намуд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам оид ба таъмини рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ибрози назар намуда, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои умумимиллӣ ба самъи фаъолон ва сокинони ноҳия расонид.
Дар идома оид ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ муовини раиси ноҳия Исломзода Баҳодур, дар мавриди корҳои саҳроӣ ва нашъу намои пахта муовини раиси ноҳия Султонӣ Мамур, доир ба рафти ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар панҷ моҳи соли 2023 муовини раиси ноҳия Насруллозода Ойбек гузориш доданд.
Муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, раисони кумитаи маҳаллаҳо, имомхатибон ва дигар шахсони масъул муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои заруриро амалӣ намоянд. Ҳамзамон, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба ин ҷашни таърихӣ пурра иҷро карда шуда, баҳри зиёд намудани иншоотҳои ҷашнии берун аз нақшавӣ корбарӣ намоянд.
Инчунин ба роҳбарон ва аъзоёни гурӯҳҳои кории ноҳиявӣ ва раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот супориш дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои ҳамаи бандҳои нақшаи чорабиниҳо, баҳри вусъат додани корҳои ободониву бунёдкорӣ, ҷалби бештари сокинон ва соҳибкорон ба корҳои созандагӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Бо мақсади гузаронидани суҳбату вохуриҳо бо мардум ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии он, сафарбар кардани онҳо ба корҳои ободонӣ, таъмиру таҷдид ва тозагии ҳар як манзили истиқоматӣ, кӯча, маҳалла, деҳа ва шаҳраку деҳот, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон санаҳои 14 -17 июни соли 2023 роҳбари дастгоҳи суд Қаҳҳорзода Ҷ. ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дод.
Зимни сафари худ роҳбари дастгоҳи суд бо сокинони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Навкат, Куруш, Истиқлол, Т. Ӯлҷабоев ва Сарбанди ноҳия суҳбату вохуриҳо доир намуданд. Зимни вохурӣ мазмун ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузориҳои ҷорӣ дар самти муқовимат бо коррупсия, терроризм ва экстремизм, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, истифодаи оқилона ва самараноки ҳар як ваҷаб қитъаи замин ба саҳми мардум расонида шуд.
Ҳамчунин, дар суҳбату вохуриҳо аҳамияти ҷиддии таҷлили ҷашни бузурги миллӣ –35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафи чоруми стратегии мамлакат –саноатикунонии босуръати кишвар фаҳмонида, ҳар як сокини ноҳия ба корҳои ободонӣ, таъмиру таҷдид ва тозагии ҳар як манзили истиқоматӣ, кӯча, маҳалла, деҳа ва шаҳраку деҳот, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон, кишти картошка, сабзавот, ғалладонаҳо, пахта ва зироатҳои дигари кишоварзӣ, кишти такрорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва дар ҳар як оила захира намудани маводи ғизоӣ барои на камтар аз ду сол, даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват баамал оварда шудааст.
Зимни суҳбату вохуриҳо аз тарафи сокинон камбудиҳои ҷойдошта, аз қабили нарасидани оби тозаи нӯшокӣ ва таъмири кӯчаи Фирдавсии Ҷамоати шаҳраки Навкат, мавҷуд набудани китобхона ва ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони сартарошхона дар деҳаи Сомғар, мушкилотҳои алоқаи мобилии ширкати Тселл дар деҳаи Навандарсойи Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев баён гардид.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу









