ВАҲДАТ–АСОСИ ТАҲКИМИ ҶОМЕАИ ҲУҚУҚБУНЁД – Ҷалилзода Х, судяи СОИ ҶТ

Ҳамагон хуб огоҳ ҳастем, ки дар аввали солҳои истиқлолият ба сари мардуми Тоҷикистон  дар асоси нақшаи тарҳрезинамудаи душманони миллат чи қадар воқеаҳои нангину сангини ҷанги шаҳрвандц ба бор оварда шуда, боиси талафоти зиёди ҷонию молии гӯшношунид гардида буд, ки асорати он рӯзҳои мудҳиш ҳанӯз аз ёдҳо нарафтаанд. Гарчанде, ки нооромиҳои аз берун тарҳрезигардида давоми якчанд солҳо идома ёфта бошад ҳам мо Тоҷикистониён бо Сарварии Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомали Раҳмон тавонистем бар ивази ҷонбозиҳои зиёд сади роҳи нақшаҳои щаразнок ва нопоки душманони миллат гардем ва сулҳу суботро дар сарзамини хеш таъмин намоем.

Санаи 27 июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Россия – шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида буд, ки  27-уми июни соли ҷорц аз имзои ин санади басо муҳими таърихӣ ва барои миллату давлати мо тақдирсоз бисту чор сол пур мешавад. Ин давраи таърихц барои халқу миллати мо бисту се  соли роҳи сафед, бисту се  соли эҳёи миллӣ, бисту се  соли баҳамоӣ, бисту се  соли худсозӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, бисту се  соли сулҳу субот ва оромӣ, бисту се  соли рушду тараққиёт аст. Ин санаи таърихӣ таҷассумгари сулҳу ваҳдат буда, гувоҳи тинати поку сулҳпарвар доштани мардуми бофарҳанги тоҷик мебошад.
Ба даст овардани ҳуҷҷати тақдирсоз, яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ шаҳодати пирӯзии хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик мебошад, ки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат – паёмовари воқеии сулҳро дар он рӯзҳои душвор самимона дастгирӣ намуда буданд.
Ҳарчанд ки гузашти солҳо моро аз он рӯзи таърихӣ – ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон -ин санади тақдирсози миллат, дур мебарад, аҳамияти ҳаётӣ ва қадру қимати он торафт меафзояд. Дар шуури мардуми кишвар зарурати ҳифзи оромӣ ва суботи ҷомеа, ки асос ва сарчашмаи пешрафту тараққиёти ҳар давлату миллат мебошад, сол ба сол амиқтар ҷой мегирад ва барои аҳли ҷомеа аз сулҳу субот неъмати азизтар ва бузургтаре вуҷуд надорад. Халқи тоҷик бо имзои Созишномаи сулҳ бори дигар ба аҳли олам собит сохт, ки сулҳу дӯстию ваҳдат ва эҳтиром ба якдигар дар ҷавҳари ҷисму ҷонаш нуҳуфтааст ва он аз суннатҳои волои чандҳазорсола бархӯрдор аст.

Гаштаю баргашта мо бояд ба ёд орем, ки бо талошҳои пайгирона, бедорхобию азхудгузаштанҳо, ҷон дар кафи даст ба минтақаҳои хатарнок сафаркарданҳои Пешвои миллат– Асосгузори сулҳу ваҳдат, Сарвари муаззами кишвар мӯҳтарам Эмомали Раҳмон маҳз ба хотири наҷоти миллат дар он марҳалаи бениҳоят ҳассос буд.
Президенти мамлакат ба мардуми шарафманди тоҷик муроҷиат карда, гуфта буданд: «Биёед ин ҳадяи таърихӣ ва ин имконияти хубро, ки бо кумаки Созмони Миллали Муттаҳид, кишварҳои нозир имконпазир гардид, барои ваҳдати ҷовидонаи ҳамдиёрони азиз пурсамар истифода барем. Мо дар остонаи асри 21- марҳалаи навини таърихи инсоният қарор дорем. Дар пешорӯи сарзамини муқаддас ва покизаи мо-Тоҷикистон низ уфуқҳои наву тоза боз мешаванд. Бигзор, ин уфуқҳо софу беғубор, рангину нуронӣ ва сафеду покиза бошанд».
Боиси ифтихор ва шарафмандии мардуми мо аст, ки созишномаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ чун падидаи олии ваҳдати миллӣ ва намунаи ибрат барои кишварҳои дар ҳоли даргир қарордошта ба сифати як мактаби сабақомӯзӣ эътироф гардида, ҳамчун сабақи таърихӣ барои расидан ба сулҳ ва пойдории он дар баҳамоии қавму мазҳаб, муноқишаҳои қисме аз кишварҳои рӯи олам истифода бурда мешавад. Таҷрибаи сулҳи мардуми мо, ки меъмори он Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд аз ҷониби маҳфилҳои муътабари ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нодир ва омӯзанда эътироф гардид ва эътибори моро дар арсаи байналмилалӣ чун миллати мутамаддину фарҳангӣ боз ҳам афзун гардонд.
Сулҳу ваҳдати миллц имрӯз барои ҳар сокини солимфикри кишвар азизу гиромӣ буда, пойдориву устувор нигоҳ доштани он вазифаи шаҳрвандии ҳар як соҳибватан аст. Ваҳдат ва сулҳу ризоияти миллӣ аз унсурҳои бунёдии таърихи сиёсии тоҷикон ва рушди асосҳои суботи ҷомеа ва давлатдории он ба шумор меравад. Халқи мо бо такя ба ғановати ҷаҳоншумори тамаддуну фарҳанги хеш, таҳаммулгароӣ ва мусолиҳакории ифтихормандаш тавонист сулҳпарвару сулҳхоҳ будани худро исбот намуда, зери парчами ваҳдату ризоият гирди ҳам ояд.

Дастовардҳо дар зарфи 31 соли пойдории ваҳдати миллц дар кишвари маҳбубамон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бунёдкориву созандагӣ, ҳалли худро ёфтани масоили муҳими тақдирсози кишвар, махсусан дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, таҳкими асосҳои сохтори конститутсионц, рушди қонунгузорц, рушди ҷомеаи адолатпарвар ва демократц бори дигар азму иродаи қавии Президенти муҳтарами мамлакатро дар амалӣ намудани мақсадҳои наҷиби ваҳдатофар баҳри шукуфоиву пешрафти Тоҷикистони азизамон собит менамояд.

Маҳз ба шарофати пойдорӣ ва устувории Ваҳдати миллӣ дар ҷомеа ҳувият, асолат, андеша ва худогоҳиву худшиносии миллӣ побарҷо буда, бедории ифтихори миллии шаҳрвандон хуб эҳсос мешавад. Пойдорӣ ва устувории Ваҳдатӣ миллӣ, эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, муттаҳидии нерӯи созандаву бунёдгароёна, иқдоми неку навоварона ба хотири бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва мутараққӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар соҳибватан аст. Бахусус таҳкими Ваҳдати миллӣ аз ҳар фарди худогоҳу худшинос масъулияти беш аз пешро тақозо менамояд.
Андешаи миллии солиму созанда ва мафкураи қавӣ миллату давлат ва муқаддасоти онро аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва равандҳои ҷаҳонишавӣ эмин нигоҳ дошта, сипари боэътимод аз пайдо намудани майл ба чунин гаравишҳо  аст.
Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллц ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз ва заминаи боэътимод барои таҳкими минбаъдаи давлати ҳуқуқбунёду демократц мусоидат намуд. Ба шарофати сулҳу субот дар кишвар садҳо санадҳои меъёрию ҳуқуқц доир ба рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ қабул ва дар амал тадбиқ карда шуданд, ки дар натиҷа қонунгузории миллиамон ба сатҳи имрӯза расид. Созишнома дар радифи ҳаллу фасли як силсила масъалаҳои мубрами рӯз, ки ниҳоят натиҷаи дилхоҳ дод, аз ҷумла ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия пешбинӣ намуд. Ин раванд ба устувору пойдории меъёрҳои Конститутсия дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ, сулҳу субот, оромӣ ва камолоти давлатдорӣ мусоидаткард.
Ба шарофати ваҳдати миллц ҳамчун омили арзишмандтарин барои таҳкими минбаъдаи пояҳои истиқлолияти давлатц ва сохти конститутсионц, таъмини волоияти қонун ва адолати судц заминаи шикастнопазир гузошта шуд.

Маҳз тинҷию оромц ва сулҳу субот буд, ки соҳибкорц ва муносибатҳои иқтисодиётц бозоргонц дар зарфи 31 соли охир бомаром рушд ёфта ниҳоди нави судц – судҳои иқтисодц таъсис ёфтанд. Имрӯзҳо мо судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодц бояд щояи ваҳдати миллиро ҳамчун фалсафаи фаъолияти амалии худ қабул намуда, барои таҳкими минбаъдаи давлатдории миллиамон бо роҳи тадбиқи меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузории ҷории кишвар аз ҳарвақта бештар кӯшиш намоем.

Напечатать страницу Напечатать страницу