Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, ҳадафи асосиашон таъмини адолати судӣ бо парвандаҳои иқтисодӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ мебошад.
Салоҳият, низом ва ҳайати судҳои иқтисодӣ дар Конститутсия, Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, кодексҳо ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.
Аз рӯи муқаррароти қисми 3 моддаи 46 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати зерин фаъолият менамояд:
– Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Пленум дар ҳайати Суди Олии иқтисодӣ мавқеи ба худ хосро доро буда, дар фарқият аз раёсат ва коллегияи судӣ бевосита парвандаҳои иқтисодиро баррасӣ наменамояд.
Ҳайат ва ваколатҳои Пленум, инчунин тартиби баргузор намудани маҷлисҳои Пленуми Суди Олии иқтисодӣ дар моддаҳои 47-49 Қонуни болозикр инъикос ёфтааст.
Ҳайати Пленуми Суди Олии иқтисодӣ аз Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум, муовинони ӯ, котиби Пленум ва судяҳои Суди Олии иқтисодӣ иборат мебошад.
Дар маҷлиси Пленуми Суди Олии иқтисодӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд, инчунин бо даъвати Раиси Суди Олии иқтисодӣ – Раисони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикитсон, Раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, аъзои Шӯрои илмию машваратии Суди Олии иқтисодӣ, мутахассисони дахлдор ва дигар шахсон иштирок карда метавонанд.
Ба салоҳиятҳои Пленуми Суди Олии иқтисодӣ тасдиқи шумора ва ҳайати Раёсати Суди Олии иқтисодӣ, Раис ва ҳайати коллегияи судии Суди Олии иқтисодӣ, Шӯрои илмию машваратии Суди Олии иқтисодӣ, ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Ахбори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, интихоби котиби Пленуми Суди Олии иқтисодӣ, додани тавзеҳоти дастурӣ бо мақсади ҷорӣ намудани таҷрибаи якхела ва татбиқи дурусти қонунҳо ва дигар ваколатҳои пешбининамудаи моддаи 48-уми Қонуни конститутсионии зикршуда дохил мешаванд.
Ғайр аз ин, дар ҷаласаҳои Пленум ҳисобот оид ба кори Раёсат, коллегияи судӣ, Судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, гузоришҳои раисони Судҳои иқтисодӣ дар бораи таҷрибаи татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба судҳо додани тавзеҳоти дастурӣ оид ба масъалаҳои амалияи судӣ бо парвандаҳои иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷаи он қарорҳои пленум дар бораи додани тавзеҳоти дастурӣ вобаста ба баррасии категорияҳои муайяни парвандаҳои иқтисодӣ қабул мегарданд.
Аз ин лиҳоз, дар ҷорӣ намудани таҷрибаи якхела ва татбиқи дурусти қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавқеи Пленуми Суди Олии иқтисодӣ назаррас мебошад.
Зеро, дар Қарорҳои Пленум, ки ҷиҳати таъмини таҷрибаи ягонаи татбиқи қонунгузорӣ қабул мегарданд, тартиби ҳалли масъалаҳое, ки солҳои зиёд дар натиҷаи баррасии парвандаҳои категорияи муайян дар асоси таҷриба ва дониши судяҳои собиқадор роҳандозӣ шудаанд, инчунин назари дигар ҳуқуқшиносони варзида ва олимоне, ки аъзои Шӯрои илмию машваратии Суди Олии иқтисодӣ мебошанд, инъикос меёбанд.
Фарқияти қарорҳои Пленум аз тафсирҳои қонун низ дар ҳамин хусусият зоҳир мегардад, зеро тафсир аз ҷониби олимони муайян ва ё гурӯҳи олимон таҳия гардида, дар он танҳо нигоҳи ҳамин олимон ба масъалаи тафсиршаванда баён мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки чунин тавзеҳотҳои дастурии Қарорҳои Пленум, ки аз натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ оид ба амалияи татбиқи қонунгузорӣ қабул мегарданд, мувофиқи қисми 5 моддаи 82 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, барои судҳо, мақомоту шахсони мансабдоре, ки қонуни тавзеҳшударо татбиқ менамоянд, ҳатмӣ мебошанд.
Дар маҷмӯъ, нақши пленум дар фаъолияти судҳои иқтисодӣ новобаста ба он, ки дар ҳайати он парванда баррасӣ намегардад бориз мебошад. Зеро, ки дар пленумиСуди Олии иқтисодӣ масъалаҳои мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд, ки барои фаъолияти минбаъдаи судҳои иқтисодӣ таъсиргузор ва воҷиб буда, барои судҳои иқтисодӣ иҷрои натиҷаи қарори пленум ҳатмӣ мебошад.