Санаҳои 15- 16 июни соли 2023 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорусия Пленуми Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Судяи Суди иқтисодии ИДМ – муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокирҷон Тоҳир, судяи Суди иқтисодии ИДМ – судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Сӯҳроб, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Белоруссия Сукало В.О., Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Қазоқистон Мергалиев А.А., Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Кирғизистон Базарбеков З.К., Муовини якуми раиси Суди Олии Федератсияи Россия Пётр Павлович Серков, судяи Суди иқтисодии ИДМ аз Ҷумҳурии Беларус Каменкова Людмила Эдуардовна, судяи Суди иқтисодии ИДМ аз Ҷумҳурии Беларус, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Беларус Плотников Андрей Владимирович, Судяи Суди иқтисодии ИДМ аз Ҷумҳурии Қазоқистон, раиси суди шаҳри Алмаато Смаилов Аскар Спартакович, судяи Суди иқтисодии ИДМ аз Ҷумҳурии Қирғизистон, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Қирғизистон Давлетов Айбек Абубакирович ва судяи Суди иқтисодии ИДМ аз Федератсияи Россия Нагорная Эвелина Николаевна иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур судяҳои Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Аминзода Зокирҷон Тоҳир, Давлетов Айбек Абубакирович, Плотников Андрей Владимирович, Смаилов Аскар Спартакович, Саид Сӯҳроб савганд ёд карданд.
Дар Пленум Низомномаи нави Суди иктисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки тартиби фаъолияти мурофиавии Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро муайян мекунад, тасдик карда шуд, ки Лоиҳаи Низомномаи Суди иқтисодии ИДМ аз 12 боб, 85 модда иборат буда, масъалаҳои зеринро танзим мекунад: муқаррароти умумӣ, принсипҳои мурофиаи судӣ, салоҳият ва ташкили Суди иқтисодӣ, ҳайати суд, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иштирокчиёни мурофиаи судӣ, тартиби муроҷиат ба суди иктисодӣ, тартиби тайёр кардани парвандаҳо, тартиби баррасии парвандаҳо, татбиқи расмиёти оштишавӣ, тартиби баррасии шикоятҳо, баррасии карорҳо оид ба ҳолатҳои нав ошкоршуда, иҷрои қарор ва қарорҳои Суди иқтисодии ИДМ.
Пленум Низомномаи нави Пленуми Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро тасдиқ кард.
Ёдовар мешавем, ки Низомномаи Пленуми Суди иқтисодии ИДМ хайат, салоҳияти Пленум, тартиби ташкил ва гузаронидани маҷлисҳои Пленуми Суди иқтисодии ИДМ, тартиби тайёр кардан ва қабул намудани қарорҳои Пленум, инчунин тартиби интихоби раиси Суди иқтисодии ИДМ ва муовини ӯро танзим менамояд.
Мутобиқи Низомнома дар бораи Суди иқтисодии ИДМ (бо ислоҳи Протоколи аз 13 сентябри соли 2017) ҳайат ва салоҳияти Пленуми Суди иқтисодии ИДМ тағйир ёфт.
Қаблан дар Пленум ҳамаи судяҳои Суди иқтисодии ИДМ ва раисони судҳои олие, ки баҳсҳои иқтисодиро дар давлатҳо ҳал мекунанд, дохил мешуданд. Мутобиқи Низомномаи Суди иқтисодии ИДМ (бо ислоҳи Протоколи 13 сентябри соли 2017) ба Пленум дохил мешавад;
1.Раиси Суди иқтисодии ИДМ;
- як судяи Суди иқтисодии ИДМ аз ҳар як давлати иштирокчӣ, ба истиснои давлате, ки раиси Суди иқтисодӣ шаҳрванди он аст;
- раисони судҳои олии миллӣ, ки ба баррасии баҳсҳои иқтисодӣ салоҳият доранд.
Инчунин, рӯзи 16 июн дар чорабини мазкур иштирок кардем, ки дар маҷлиси мазкур Ваколатҳои зерин аз салохияти Пленум хориҷ карда шудаанд;
1) баррасии шикоятҳо аз болои қарорҳои коллегияҳои Суди иқтисодии ИДМ;
2) муайян кардани вазифаҳои судяҳои Суди иқтисодии ИДМ дар давраи байни маҷлисҳо;
3) муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти Суди иқтисодии ИДМ;
4) баррасии масъалаҳо доир ба маблағгузории суди иқтисодии ИДМ.
Ҳамзамон ба салоҳияти Пленум ваколатҳои нави зерин дохил карда шудаанд:
1) интихоби раис ва муовини раиси Суди иқтисодии ИДМ;
2) таҳлили амалия ва усулҳои кори Суди иқтисодии ИДМ ва қабули тавсияҳо аз руи натиҷаҳои таҳлил бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти суд.
Ҳамчунин Вазифаҳои зеринро дар Пленум бетағйир монда шуд:
1) тасдиқи низомнома;
2) қабули тавсияҳо оид ба таъмини амалияи ягонаи татбиқи шартномаҳои байналхалқи, дигар санадҳои мақомоти Иттиҳоди аз руи натиҷаҳои баррасии парвандаҳо;
3) таҳия ва ба баррасии давлатҳои иштирокчии Созишномаи 6 июли соли 1992 пешниҳод намудани таклифҳо оид ба рафъи ихтилофот дар қонунгузории давлатҳои аъзо.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Пленум раиси нави Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва муовини Раиси Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро интихоб кард.
Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки Саид Сӯҳроб – судяи Суди иқтисодии ИДМ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини раиси Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб гардид.

