Спитамен: Боздиди намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам аз вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳияи Спитамен

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам бо сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен ташриф овард. Ин ташаббус ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳия роҳандозӣ гардид.

Намояндаи Ҳукумати мамлакатро Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода ва дигар масъулин пешвоз гирифтанд.

Дар доираи сафари корӣ аз як қатор иншоотҳои ҷашнӣ ба муносибати 27 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ боздид ба амал омад.

Аз ҷумла, рафти фаъолияти сехи истеҳсоли матои патдор дар ҶДММ «25-солагии Истиқлолият» ва истеҳсоли маҳсулотҳои ширӣ дар ҶДММ «Шири Спитамен», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Т. Ӯлҷабоев, парвариши боғи интенсивӣ дар хоҷагии деҳқонии “Дӯстобод”, вуруди об дар сойи Оқсу, воқеъ дар деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Тағояк боздид шуд.

Масъулин дар Ҷамоати деҳоти Куруш аз рафти сохтмони муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, воқеъ дар деҳаи Файзобод, корхонаи истеҳсоли тухм дар ҶДММ “Файзи саҳар”, воқеъ дар деҳаи Куркат, парвариши пахта дар заминҳои хоҷагии кишоварзии БКТ “Групп”, фаъолияти насоси обкашии “Новая”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сарбанд дидан намуда, дар Ҷамоати деҳоти Сарбанд аз майдончаи варзишӣ ва дар Ҷамоати шаҳраки Навкат аз корхонаи истеҳсоли риштаи пахтагин дар ҶДММ “Спитамен текстайл”, рафти сохтмони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бо маркази хизматрасонии ҶДММ “Нуроил”, рафти сохтмони бинои баландошёна боздид карданд.

Ҳамзамон, дар ин ҷамоат дар маросими ифтитоҳи маркази хизматрасонии “Кредит Маркет” иштирок сурат гирифта, корҳои таъмирӣ дар бинои баландошёна мавриди шиносоӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин сафари корӣ намояндаи Ҳукумати мамлакат собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ, агроном Ҳомидов Муҳаммадҷон ва собиқ раиси Ҷамоати деҳоти Куруш Ҳоҷиев Нормуродро аёдат намуданд.

Инчунин дар идомаи сафар Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам  аз иншоотҳои ҷашнии ноҳияи Спитамен ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ боздид намуданд.

Напечатать страницу Напечатать страницу