- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Спитамен: Мулоқоти Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Р.П. бо фаъолони ноҳия тадбирҳо ҷиҳати вусъати корҳои созандагӣ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен мулоқоти Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аъзои гурӯҳи кории Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолони ноҳия доир гардид.

Темурҷон Нӯмонзода, Раиси ноҳияи Спитамен ҳадафи баргузории машваратро вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 35 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аҳли ҷомеа, махсусан соҳибкорону шахсони саҳоватманд, омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2023, беҳтар гардонидани фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия унвон намуд.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам оид ба таъмини рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ибрози назар намуда, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои умумимиллӣ ба самъи фаъолон ва сокинони ноҳия расонид.

Дар идома оид ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ муовини раиси ноҳия Исломзода Баҳодур, дар мавриди корҳои саҳроӣ ва нашъу намои пахта муовини раиси ноҳия Султонӣ Мамур, доир ба рафти ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар панҷ моҳи соли 2023 муовини раиси ноҳия Насруллозода Ойбек гузориш доданд.

Муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, раисони кумитаи маҳаллаҳо, имомхатибон ва дигар шахсони масъул муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои заруриро амалӣ намоянд. Ҳамзамон нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба ин ҷашни таърихӣ пурра иҷро карда шуда, баҳри зиёд намудани иншоотҳои ҷашнии берун аз нақшавӣ корбарӣ намоянд.

Инчунин ба роҳбарон ва аъзоёни гурӯҳҳои кории ноҳиявӣ ва раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот супориш дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои ҳамаи бандҳои нақшаи чорабиниҳо, баҳри вусъат додани корҳои ободониву бунёдкорӣ, ҷалби бештари сокинон ва соҳибкорон ба корҳои созандагӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Бо вазифагузорӣ дар назди масъулин ба хотири таъмини рушд ва расиадн ба дастовардҳои арзанда мулоқот ҳусни анҷом пазируфт.