«Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт.
— Бо азму иродаи қавӣ ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳдномаи сулҳи тоҷикон амалӣ гардид. Дар пайомади заҳматҳои беандозаи Сарвари давлатамон Истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии мамлакат ва ягонагии миллат мустаҳкам гардида, таъмини сулҳу суботи сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ пазируфта шуд.
Рӯзи 27 июни соли 1997 барои мо тоҷикистониён рузи таърихӣ, тақдирсозу муқаддас буда, ин сана беҳтарин неъмати зиндагии башарият – сулҳу осоиш, бахшишу ҳамдигарфаҳмиро фароҳам оварда, дар ҳаёти ҷомеа саҳифаҳои навро баҳри рушду ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон боз кард.
Дар баробари ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, Созишномаи ваҳдати миллӣ боиси ба вуқўъ пайвастани тағйироти ҷиддӣ дар сохтори давлатӣ гардида, бо баргузории ислоҳоти конститутсионӣ сохтор ва фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва ҳокимияти судӣ такмил дода шуданд. Бори аввал дар таърихи сиёсии Тоҷикистон, асосҳои ташкилӣ ва тарзи тамоман нави Маҷлиси Олӣ ба миен омад, ки он аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат мебошад.
Таъсиси Маҷлиси намояндагони доимоамалкунанда ба манфиатҳои миллӣ ва ҷомеа, барои такмили низоми қонунгузории миллӣ аҳамияти муҳим дошта, заминаи мустаҳками ҳуқуқии инкишофи устувори иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии кишварро таъмин намуд.
Ҷиҳати таъмин намудани ягонагӣ, мустақилӣ, истисноӣ, танҳо ба қонун итоат намудан, мукаммал гардонидани қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти мақомоти судӣ Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул ва дар сохтори судӣ дигаргуниҳои назаррас амалӣ гардиданд.
Ваҳдати миллӣ дар ҳақиқат дастоварди нодир буда, қадру манзалати онро имруз мо – ҳар як фарди миллат бояд дарк ва баҳри таҳкиму пойдории он саъй намоем. Барои ба насли оянда омўзонидани арзишу аҳамияти он талош кунем, нагузорем, ки гуруҳҳои нохалаф, хоинони ватанфурўш тафаккури ҷавононро рахна ва сулҳу ваҳдати миллиро халалдор созанд.
Дастовардҳои имруз собит менамоянд, ки ҷиҳати пешрафти ҳаёти ҷомеа роҳбарияти давлату ҳукумат бомаром ҳадафҳои стратегии рушди миллиро амалӣ мегардонад. Пешравию анҷоми корҳои бузург дар самти коммуникатсия, энергетика, соҳаҳои сохтмону кишоварзӣ, маорифу илм, ҳифзи иҷтимоиву фарҳанг ва дигарҳо шаҳодати гуфтаҳои боло буда, дар маҷмўъ бобати дар амал татбиқ намудани муқаррароти конститутсионии бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ, ки тибқи он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро давлат фароҳам меоварад, пайомадҳои назаррас рўи кор омаданд.
Тавре боло зикр гардид, такмили қонунгузории марбут ба фаъолияти судӣ низ аз замони расидан ба Ваҳдати миллӣ ибтидо гирифта, то ба имрўз дар раванди ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул гардиданд, ки дар онҳо эҳтирому риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал мебошад.
Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳи тоҷикон, ки мо дар остонаи он қарор дорем, яке аз ҷашнҳои бузургу муҳташами миллати мо маҳсуб мешавад. Ин ҷашн, ки дар зоти худ нодиртарин падидаи хиради инсонӣ ва эҳёгари миллати тоҷик мебошад, бо мурури замон ҳар лаҳзаву ҳар соат дар назари мардуми кишвари маҳбубамон ва ҷаҳониён эътибори тоза пайдо менамояд. Зеро маҳз ба шарофати ин ҳодисаи бузурги таърихӣ мо дар фазои созандаю бунёдкорӣ зиндагӣ ба сар мебарем ва ҳамчун як узви ҷудонашавандаи ҷомеаи баҳри таҳкиму ташаккули давлати демократию дунявӣ камар бастаем.
Дар тӯли таърих ҳодисаҳои зиёде рух додаанд, ки миллатҳою давлатҳо дар натиҷаи задухӯрду кашмакашҳои дохилӣ ва надоштани ҳисси таҳаммулгароиву хиради оштипазирӣ ба арсаи нестӣ рафтаанд.
Ҳодисаи барқарории сулҳи тоҷикон як падидаи нодиртарини таърихӣ маҳсуб мешавад, ки бидуни шак дар оянда низ дар соҳаҳои гуногуни илм аз қабили сиёсатшиносию дипломатия ҳамчун далели ҷолиби сулҳгароӣ барои толибилмони миллатҳои гуногуни олам мавриди омӯзиш қарор хоҳад гирифт.
Иброз доштани он нукта мусаллам аст, ки масъалаи истиқрори сулҳу оштии миллии тоҷикон, пеш аз ҳама, дар замири қалби абармарди майдони сиёсат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо ва парвариш ёфта, сипас он маҳз бо кӯшишу тадбирҳои хирадмандонаи Пешвои миллат татбиқи амалии худро пайдо намуд.
Мардуми кишвар хуб дар хотир доранд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи матину оҳанин ва нерӯи созандагию офарандагии худ ҳанӯз дар рӯзҳои аввали роҳбариаш бо итминони қавӣ иброз дошта буд, ки “Ман ба шумо сулҳ меорам” ва “То он замоне, ки як тоҷик берун аз Ватан гуреза аст, ман ором буда наметавонам”.
Баъди гуфтушунидҳои зиёду чорасозиҳои фаровон ниҳоят он рӯзи фаромӯшнашаванда 27 июни соли 1997 – Рӯзи имзои санади тақдирсози Сулҳу истиқрори миллӣ дар шаҳри Москва фаро расид, ки дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гаштанд ва ниҳоят ба гуфтаи шоири маҳбуби тоҷик Лоиқ Шералӣ:
“Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад”.
Ҷиҳати дар амал ҷорӣ намудани мақсаду мароми барқарории сулҳу оромӣ корҳои бузургеро ба анҷом расонидан лозим меомад, ки мушкилтарини онҳо ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ва сохторҳои низомии мамлакат шомил намудани размандагони собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик ба шумор меравад. Ба ҳам овардан ва дар як сафи низомӣ қарор додани нафароне, ки дирӯз дар сангарҳо муқобили ҳам қарор доштанд, таҷрибаву падидаи нодиртарин буда, дар ҳалли низоъҳои дохилӣ беназир мебошад.
Ба ифтихори ҷашни 26- умин солгарди ба имзо расидани санади барои халқу давлати мо тақдирсоз – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ҳамватанони азизро самимона муборакбод намуда, барояшон тансиҳативу саодатмандиро таманно дорам.
Иди Ваҳдату оштӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!