- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси суд

Имруз аз ҷониби Раиси суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам қабули шаҳрвандон баргузор гардид..

Мирзозода Рустам 4 нафар шаҳрвандон, шахсони воқеъи ва намояндагони шахсони ҳуқуқиро қабул намуда, бобати пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои онҳо ба кормандон супоришҳои мушаххас доданд.

Қобили қайд аст, ки бобати амали гардонидани дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 марбут ба роҳандози намудани қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе тибқи муқарароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шаҳсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули шаҳрвандон дар дигар рӯзҳои корӣ низ ба роҳ монда мешавад.