- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

ДУШАНБЕ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН – Одиназода Ҷ.Х,Судяи СОИ ҶТ

Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази илму фарҳанг, шаҳри сулҳ, зебову дилоро, пайвандгари дилҳо, макони меҳру шафқат, маскани миллати бузурги тоҷикон мебошад. Пайдоиши номи Душанбе аз чорроњае маншаъ мегирад, ки рӯзҳои душанбе дар он ҷо бозор ташкил мешуд, ки ин чорроҳа ботадриҷ бузург шуда, номи Душанберо гирифт.  Пас аз Инќилоби октябри соли 1924 дар Осиёи Миёна таќсимоти миллии марзї сурат гирифт. Санаи 14-уми октябри соли 1924 шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон интихоб гардид. Ҳукумати навтаъсис соли 1925 аз Бухоро ба Душанбе кӯчонида шуд ва фаъолияти худро оғоз кард. Баъди ҷумҳурии итттифоќї ном гирифтани Тоҷикистон эътибори Душанбе афзуда, соли 1929 номи Сталинободро гирифта, дар соли 1961 аз сари нав номи зебои ќадимааш шаҳри Душанберо мегирад. Дар замони Иттиҳоди Шўравї шаҳри Душанбе рушд карда, ҳамчун шаҳри саноатӣ, тиҷоративу фарҳангӣ шинохта шуд. Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба дастовадҳои бузурги ҷаҳониву минтақавӣ ноил гардида, рӯз то рӯз бузургу зебо гардидааст. Ин ҳама дастовардҳо, пеш аз ҳама хизматҳои бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Мардуми тоҷик, бахусус сокинони шаҳри зебои Душанбе дорои сатҳи баланди одобу ахлоқ ва фарҳангу маданият мебошанд. Барои боз ҳам баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ, бо қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 28 декабри соли 2000 “Маромномаи сокини пойтахт” ва аз 16 октябри соли 2008 “Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе” қабул гардидаанд. Дар ин қарорҳо қайд шудааст, ки риояи тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ дар кӯчаву маҳаллаҳо, боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, клубу театрҳо, кинотеатрҳо, нақлиёти шаҳрӣ, ҷойи кору истиқомат, инчунин дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, барои ҳамаи шаҳрвандон масъулият ва шахсони мансабдор уҳдадорӣ маҳсуб мешавад.

Яке аз рӯзҳои барои шаҳри Душанбе таърихї санаи 31-уми августи соли 2011 мебошад. Дар ин рӯзи муқаддас рекорди нави ҷаҳонӣ гузошта шуда, парчами баландтарини дунё ба андозаи 165 метр дар маркази пойтахти кишварамон қомат афрохт. Инчунин, ба ифтихори 90-умин солгарди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 сентябри соли 2014, шаҳри Душанбе аз ҷониби Форуми байналмилалии “Мегаполис”-и асри 21 бо Дипломи 7-умин озмуни байналмилалии таҷрибаҳои шаҳрии шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё “Шаҳре, ки он ҷо зистан мефорад-2014” барои ободонӣ, рушди инфрасохтории муосири шаҳрӣ ва дар сатҳи олии ташкилї баргузор намудани чорабиниҳои байнидавлатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай сарфароз гардид. Шаҳри Душанбе дар соли 2017 аз рӯи нуқтаи назари маҷаллаи “The TeIegrarh”-и Бритониёи Кабир ба ҷумлаи 20 шаҳри тамошобоби қитъаи Осиё дохил карда шудааст. Инчунин, дар соли 2021 эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” дастоварди беназири шаҳри Душанбе мебошад.

Дар пойтахти кишвар раванди навсозиҳо ба таври муосир рушд намуда, симои шаҳри азизамонро дилнишин ва ҳамчун шаҳри ҷавону пешрафта ба шаҳрҳои бузурги дунё баробар менамояд.

Боис ба зикри хос аст, ки бо туфайли ибтикороти бевоситаи Роҳбари, кордон ва боирода, созандаю ободкор – Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, барои ташаккули низоми иҷтимої, рушди босуботи иқтисодии пойтахт ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ ба сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун ҳадафи стратегӣ дар меҳвари фаъолияти сохторҳои мақомоти шаҳрдорӣ қарор дода шуд.

Њамчунин, дар ин замина қомат афрохтани биноҳои маъмурӣ ва муассисаҳои иҷтимої, ба фаъолият пардохтани корхонаву ширкатҳои гуногун, бунёду тармими маконҳои фарҳангиву фароғатӣ, ба истифода додани майдончањои варзишии назди биноҳои истиқоматӣ ва азнавсозии роҳу пулҳо, ки дар шаш соли охир вусъат ёфтаанд, шаҳри Душанберо ба пойтахти муосиру обод табдил додааст.

Аз рӯ, мо сокинони ин шаҳри афсонавӣ вазифадор ҳастем, ки бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар, сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро ҷонибдорӣ намуда, баҳри ободу зебо ва хурраму сарсабз гардонидани шаҳри Душанбе камари ҳиммат баста, саҳми арзандаи хешро гузорем.

 Судяи суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон Одиназода Ҷ.Х