Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олии ҳуқуқи буда, он сарчашмаи тамоми қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ ва ғайримеъёрӣ мебошад. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди худи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон нисбатан ҷавон аст. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо баъди барҳам хўрдани сохтори давлати шўравӣ, 9 сентябри соли 1991 ҳамчун давлати соҳибихтиёр ташкил ёфт. Заминаи сиёсӣ-ҳуқуқии ташаккулёбии марҳилаи моҳиятан ва сифатан нави рушди Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Асоси ҳуқуқии чунин тағйироти куллӣ дар сохтори ҷамъиятӣ ва давлатии Тоҷикистон, Конститутсияи 6 ноябри соли 1994 қабулгардида ва санадҳои ҳуқуқие мебошанд, ки дар заминаи он қабул гардидаанд.
Мутобиқи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд”. Бори аввал дар сатҳи Конститутсия-дар низоми судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои иқтисодӣ пешбинӣ гардид, ки дар баробари судҳои салоҳияти умумӣ адолати судиро ба амал мебарорад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки судҳои иқтисодии Тоҷикистон нахуст тибқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсиони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи судҳои ҳакамӣ таъсис дода шудаанд.
Судҳои иқтисодӣ бо дигар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати ташкилӣ ва фаъолияти худ чунин умумиятҳои муайян доранд:
– ҳамаи судҳо бо тартиби муайяннамудаи Конститутсия, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин ва интихоб карда мешаванд;
– асосҳои озод кардан ва бозхонди судяҳо якхел мебошанд;
– муҳлати ваколати тамоми судяҳо 10 сол аст.
Аз ҷиҳати асоси фаъолият бошад, умумияти онҳо чунин аст:
– судяҳо дар фаъолияти худ ба принсипҳои якхела, ба монанди қонуният, баробарии тарафҳо ҳангоми муҳокимаи судӣ, ошкоро гузаронидани мурофиаи судӣ, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат кардани судяҳо ва ба ин монанд принсипҳо такя мекунанд;
– судяҳо мустақил буда, фаъолияти онҳо аз рӯи Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, ба роҳ монда шудааст ва барои ҳифзи ҳукуку озодиҳои шахс, манфиати давлат, созмону муассисаҳо, қонунияту адолат равона гардидааст;
– санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокарда бояд ҳатман иҷро карда шаванд;
– асосҳои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани судяҳо якхел мебошанд.
Доираи субъектҳои ба судҳои иқтисодӣ муроҷиаткунанда муайян аст: инҳо шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорон ва дигар шахсон мебошанд. Дар ин маврид муроҷиати пешниҳодшаванда баҳсҳои иқтисодие мебошанд, ки мазмуни онҳоро молу мулк ё ин, ки ҳимояи ҳуқуқи моликият ё ҳимояи шараф, қадру қиммат ва ғайра ташкил медихад.
Низоми судҳои иқтисодӣ аз Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе иборат аст.
Фаъолияти судҳои иқтисодӣ бевосита аз ҳифз намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии вайронкардашуда ё мавриди баҳс қароргирифтаи шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ё дигар намудҳои фаъолияти иқтисодӣ иборат аст. Фаъолияти судҳои иқтисодӣ инчунин барқарор кардани қонуният ва адолат ҳангоми баррасии баҳсҳои иқтисодӣ ва таҳкими қонуният равона карда шудааст. Ғайр аз ин, судҳои мазкур дар доираи салоҳияти худ барои пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар намудҳои фаъолияти иқтисодӣ вазифадор мебошанд.
Барои интихоб кардани номзад ба мансаби судяи Суди Олии иқгисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ӯ талаботи муайян пешбинӣ шуд. Ин талабот дар қисми 1 моддаи 85 Конститутсия, моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд. Интихоб намудани раис, муовинони раис ва судяҳои СОИ дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Точикистон аз тарафи Маҷлиси миллӣ ба амал бароварда мешавад.
Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраркаршуда дар бораи муносиб будани номзад ба мансаби судяи СОИ хулоса медиҳад. Ҳангоми розӣ набудани номзад бо хулосаи Коллегияи тахассусӣ, ӯ ҳуқуқи ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят карданро дорад. Чунин талабот дар Тоҷикистон падидаи нав буда, дар моддаи 121 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар карда шудааст. Бозхонди раис, муовинон ва судяҳои СОИ бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси миллӣ анҷом дода мешавад. Ҳолатҳое, ки барои бозхонд асос мешаванд, дар моддаи 18 Қонуни конститутсионии зикргардида пешбинӣ шуд, онҳо ба тамоми судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар дахл доранд.
Суди Олии иқтисодӣ нисбат ба дигар судҳои иқтисодии кишвар вобаста ба баррасии парвандаҳо мақоми олии судӣ мебошад. Аз нуқтаи назари КМИ, Суди Олии иқтисодӣ ба фаъолияти дигар судҳои иқтисодӣ назорати судӣ мебарад ва дар доираи салоҳияташ оид ба масъалаҳои таҷрибаи судӣ тавзеҳоти дастурӣ медиҳад. Чунин мавқеи Суди Олии иқтисодӣ аз муқаррароти моддаи 44 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд.
Суди Олии иқтисодӣ аз раис, муовини якум, муовинони раис ва судяҳо иборат мебошад. Шумораи судяҳои Суди Олии иқтисодиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Суди Олии иқтисодӣ аз рӯи сохти таркибӣ дар ҳайати зерин амал мекунад:
– Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Салоҳияти ташкилии ҳайати СОИ дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва салоҳияти мурофиавии ҳайати СОИ дар КМИ инъикос гардидааст.
Дар маҷмӯъ, судҳои иқтисодӣ низ дар ҷараёни бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд нақши муҳим дошта, дар асоси Қонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияташро ба роҳ монда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Ҳамчунин, вазифаи аввалиндараҷаи судҳоро, ки аз таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ иборат мебошад, амалӣ менамоянд.
Конститутсияи мо дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътирофшударо таҷассум намуда, баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон дошт.
Маҳз бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ мо имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем.
Напечатать страницу