Вожаи “паём” ба маънои суханест, ки касе барои касе мегўяд ё мерасонад ва бештар ба маънои хабар, пайғом, мужда, нома, даъват ва огоҳӣ истифода мешавад. Аз ҷумла, дар калимаи машҳури “паёмбар” решаи “паём” маҳз ба ҳамин маънои сухан ва хабари фиристодашуда аз касе барои касе истифода ёфтааст. Яъне, Паёмбар ба маънои шахси оварандаву расонандаи паём ё сухани Худованд барои башарият аст.
Аммо, дар назарияи сиёсӣ ва амалияи давлатдории муосир Паёми роҳбари давлат ба маънои истилоҳӣ истифода шуда, суханронии марҳилавӣ ва барномавии роҳбари як давлат дар муаррифии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, вазъият ва рушду дастоварду фаъолияти давлат ё амалкарди нерўи роҳбарикунандаи давлат дар марҳилаи муайян ва ҳадафу вазифаҳои нави он барои марҳилаи баъдиро ифода мекунад. Дар он маъмулан маҷмӯаи дидгоҳҳои ҷорӣ ва дурбурдии роҳбари давлат дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ, амниятӣ, байналмилалӣ ва ғайра ифода меёбанд. Он ҳамчун муҳимтарин суханронии иттилоотию ҷамъбастӣ ва дар айни замон, усулию самтмуайянкунандаи роҳбари давлат маъмулан бо тартибу ташрифоти махсус дар назди мардум ё намояндагони мардумӣ ироа шуда, талабот ё рўйдоди муҳими давлатию сиёсӣ ба ҳисоб меравад.
Албатта, маънои истилоҳии давлатию коргузории “паём” дар асл аз ҳамон маънои аслию луғавии он чандон дур нест, зеро ба ибораи сода, Паёми ҳар роҳбари давлат дар амал ҳамон сухан, ҳарф, гуфтанӣ ва барномаест, ки ў мехоҳад барои мардуми худ ё барои ҷомеаи дохиливу хориҷӣ расонад. Аммо, бинобар мақоми сиёсии роҳбари давлат ва моҳияти расмӣ ва муайянкунадагии ин сухану муроҷиати ў, паёми роҳбари давлат аҳамияти махсуси ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иттилоотӣ, консептуалӣ ва байналмилалӣ касб карда, дар мақоме фаротар аз як сухану суханронии маъмулӣ қарор мегирад. Аз ин ҷиҳат, Паём ҳуҷҷати расмии давлатист, ки мақоми расмии ҳуқуқӣ ва барои ниҳодҳои давлатӣ моҳияти роҳнамоӣ дорад.
Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурнамои рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян намуда, ҳамчун санади муҳим дар таҳкими сохти давлатдорӣ, таъмини субот, пешрафту шукуфоии ҷумҳурӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ба ин васила беҳтар намудани неруи зеҳнию инсонии мамлакат ва бунёди ҷомеаи дунявӣ нақши бориз дорад.
Яке аз самтҳои афзалиятноки паём тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба шумор меравад. 24 декабри соли сипаригардида Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» имзо гузоштанд. Қонуни мазкур барои тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талошҳо баҳри фардои боз ҳам ободу дурахшони кишвар ва некӯаҳволии рӯзафзуни халқ таҳия ва қабул шудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мувофиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмили қонунгузорӣ ва танзими меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон таҳия ва пешниҳод шуда, зимни баррасӣ дар Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, санаи 2 ноябри соли 2022 тасдиқ гардид.
Тавре аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ бармеояд «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.
Яъне, ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.
Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.
Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем».
Созандагию хирадмандии Пешвои миллат дили мо ҷавононро дар самти ватандӯстиву меҳанпарастӣ рӯҳу тавони тозае бахшид. Ҳар як ҷавон бояд ба монанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муазами миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии худро дар назди миллат, Ватан ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боло барад ва барои ободиву осоиштагии кишвари азизамон бо кору пайкори созанда ин муҳаббати худро собит намояд.
Дар марҳилаи ҳозираи таърихи арзишҳои миллӣ аҳамияти махсус пайдо намудаанд. Тарбияи ҷавонони кишвар дар рӯҳияи баланди ватандустию ватанпарасти, ифтихор аз ватандори, худшиносию худогоҳхии миллӣ, меҳнатдустию масъулиятшиносӣ, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии онхо, истифодаи пурсамари иқтидори зеҳнӣ ва маънавии онҳо ба манфиати ҷомеа хеле саривақтӣ буда, масъалаҳои муҳимтарини аҳли ҷомеа ҳисобида мешавад, зеро рӯшди имрӯзу фардои кишвар ба ҳалли дуруст ва саривақтии ин масъалаҳо — таълиму тарбияи фарзандони комил, сатҳи маълумот, маърифат ва салоҳияти онҳо вобаста аст.
Имрӯз, ҷаҳон дар ибтидои садаи ХХ1 воқеан пешгӯинашаванда гардида, ба сари фарзандони одам мушкилию печидагиҳои зиёди фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва диниро оварда, ватани иддае аз мардумони оламро ноорому истиқлолияти давлатии онҳоро осебпазир гардонидааст. Бовуҷуди ин моро зарур аст, ки аз ин хатарҳо ва таҳдидҳо наҳаросида, баръакс, роҳҳои табдил додани онҳоро ба имкониятҳои нав ва мусоид барои пешрафти миллат ва давлати худ пайдо намоем. Зерозамона имрӯз танҳо ба халқҳое шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам месозад, ки қудрати илмии ба некиҳо табдил додани бадиҳоро доранд.
Бинобар инмо ватанро бояд бо чашми кушодаи дил дида, садои ӯро бо гӯши қалб шунида, ҳикмати ҳастии онро бо хирад ва рӯҳи равонамон эҳсос намоем, ки ҳеҷ як манфиат ва ҳеҷ як ғараз садди роҳи ин дидан ва ин шунидан шуда натавонад. Зероманбаи илҳомбахши онро муҳаббати самимӣ ва умед ба ояндаи нек ташкил медиҳад.
Паём дар баробари аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ доштанаш, инчунин аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад. Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомези Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарастӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои ӯ, волоияти қонун ва амсоли онҳо боиси баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон мебошад.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат моҳияти равандҳои асосии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арзёбии амиқ ёфта, масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат баррасӣ гардида, барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта, дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шудаанд.
Меҳвари асосии Паём нишон медиҳад, ки дар он масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандони кишвар ва ғамхорӣ нисбат ба ҳар як қишри ҷомеа пешбини гардидааст. Пешвои миллат дар Паёми худ дастовардҳои асосии иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2022 ҷамъбаст намуда, барои таҳкими ин комёбиҳо дар соли оянда дар назди Ҳукумати кишвар вазифаҳои нав гузоштаанд.
Боиси сарфарозист, ки дар натиҷаи роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як фосилаи кўтоҳи таърихӣ, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа саъю талоши бунёдкорӣ авҷ гирифта, ин раванди нек боиси таҳкими мақому нуфузи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид.
Дар натиҷа, мо тавонистем, ки ҳатто дар шароити буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ низ татбиқи ҳадафҳои миллиамонро бо маром идома диҳем.
Бинобар ин, ба ҳамаи мо зарур аст, ки ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти олии онро сармашқи фаъолияти худ қарор диҳем.
Напечатать страницу