Дар замони истиқлолияти давлатӣ ва рушди босуботи сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ироа гардид,ки он ҳамчун маводи арзишманди таҳлилӣ ва роҳнамо барои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва равшангари имрӯз ва фардои кишвар ба ҳисоб меравад.
Паём мазмунан ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба худ касб намуда, бори дигар собит намуд, ки дар ҳама бахшҳои мухталифи кишвар нишондиҳандаҳои рушд дақиқан ва мазмунан шарҳ дода шудааст, ки чунин пешравиҳо аз рушди босуботи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятии кишварамон гувоҳӣ медиҳанд. Имрӯз тамоми ҷанбҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дар зери таасуроти беандоза ҷаззобу роҳнамоикунандаи Паём қарор дошта, раванду амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ мебошад. Паём ҳамчун хуҷҷати асосии Стратегии тамоми рукнҳои асосии фаъолияти ҷамъиятиро инъикос намуда, вазифаҳо ва амалиётҳои дар пешистодаро равон ва бо пуррагӣ мурратабу матраҳ сохт.Махсусан, дар қатори дигар нишондиҳандаҳои бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба масъалаи мутолиаи китобҳо ва азхудкунии донишҳои замонавӣ таваҷҷуҳи хоса дода шуд, зеро масъалаи мазкур бевосита дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархурди тамаддунҳо ва дурнамои захираҳои инсонии кишварамон ва махсусан барои ҷавонон нақши калидӣ дорад.
Барои расидан ба ин иқдоми фарҳангпарварона ташкил ва баргузории олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ махсусан оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот мувофиқи мақсад мебошад. Бо ибтикори Сарвари давлат ҳар сол ташкил ва ба роҳ мондани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” дар байни наслҳоии ҷавон ва дар ин замина ҳавасмандсозии ғолибон имкон медиҳад, ки сатҳи китобхонӣ дар кишвар ба маротиб зиёд гардида, худшиносии миллӣ ва болоравии маънавиёти ҷомеа такмил дода шавад. Ҳақ ба ҷониби Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад, ки фармудааст:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Бо дарназардошти омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва гиромидошти таъриху тамаддуни бойи тоҷикон, Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми навбатиашон таъкид карданд, ки шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда шуда, то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа карда шавад. Инчунин, ба хотири паҳн гардидани ин маводи арзишманди таърихӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ дастур дода шуд, ки китоби мазкур ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп шуда, нусхаи электронии он тавассути шабакаҳои иттилоотӣ низ паҳн гардад.
Ҳамчунин, сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона, миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд. Ба маънои томаш паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба хисоб рафта, ҷомеаро ба фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.
Ҳамзамон, ишора карда шуд, ки рушди ҳамаҷонибаи саноати мамлакат аз пешрафти соҳаи илм ва маориф, ки барои омода кардани кадрҳои баландихтисос муваззаф аст, вобастагии калон дорад. Оид ба ин масъала Пешвои муаззами миллат чунин ибрози ақида намуданд: “Вобаста ба талаботи соҳаи саноат зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили нақшаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва тайёр кардани мутахассисони касбҳои нав эътибори ҷиддӣ дода шавад”. Ин гуфтаҳои аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандона ва башардӯстонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои саноат ва илму маорифро аз самтҳои афзалиятнок ва соҳаҳои калидии рушди устувори мамлакат медонанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои олии мо мусоидат хоҳанд намуд.
Роҷеъ ба соҳаи маориф аз як нуқтаи бисёр муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нигоҳу муносибати сарвари давлатро нисбат ба ин соҳаи афзалятноки мамлакат нишон медиҳад,бояд ёдовар шуд: “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”. Бо дарназардошти аҳамияти калони соҳаи мазкур ва рушди минбаъдаи он роҳбари давлат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои амиқ доданд. Аз ҷумла, вобаста ба ин масъала чунин ибрози ақида карданд: “…бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”. Ҳамзамон, Пешвои миллат Вазорати маориф ва илмро вазифадор карданд, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Воқеан ,бесабаб нест, ки роҳбари давлат ба рушди соҳаҳои маориф, илм ва саноат диққати хоса зоҳир менамоянд. Зеро, таҷрибаи мамлакатҳои рушдёфтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки онҳо маҳз бо такя ба маориф, илм ва саноат ба дараҷаи баланди тараққиёти худ расида, дар муносибатҳои байналхалқӣ мақом ва нақши муассир доранд.
Напечатать страницу