- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

НАҚШ ВА ФАЪОЛИЯТИ САМАРАНОКИ БОНУВОН ДАР СИЁСАТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – Зокирова Н, Сармутахассиси раёсати СОИ ҶТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ, ки санаи 23-юми декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ба масъалаи мавқеи занону бонувон дар ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол диққати махсусро зоҳир намуданд, зеро, ин масъала дар баробари дигар масоилу мушкилоти ҳалталаби ҷомеаи имрӯзаи кишвар мубрам мебошад.

Нақши занон дар таълиму тарбияи насли наврас, ҳиссиёти миллӣ, корҳои эҷодиву илмии онҳо дар самти пешрафти илм баръало намудор аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва савияи дониши занону бонувони навоҳии кӯҳистони мамлакат Квотаи президентӣ ташкил намудааст. Ҳоло тибқи ҳисоботи оморӣ дар 21 соли охир   зиёда аз 504 ҳазор нафар духтарону бонувони тоҷик муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд.

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо бонувони тоҷик дар муассисаҳои таълимӣ ва макотиби олии мамлакат ба ҳайси таълимдиҳанда, омӯзгор, номзад ё ҳамчун доктори илм фаъолияти самарабахш дошта, ба ҷавонон дарси фарҳангу маърифат, зебоӣ, ватандӯстӣ ва далерию ҷасуриро меомӯзанд. Зимнан, зани тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҷомеаи кишвар фаъолияти босамар дошта, дар рушду нумӯи кишвар саҳми арзанда мегузорад. Айни ҳол шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла 20 фоизро кадрҳои роҳбарикунандаро бонувону занон ташкил медиҳанд. Шумораи онҳо дар соҳаи маориф 73%, тандурустӣ 71%, фарҳанг 47%, бонкдорӣ 329%, алоқа 25% ва инчунин хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40%-ро ташкил менамоянд.

Занон дар ҳама давру замон, чӣ дар фарҳанги оиладорӣ ва чӣ дар рушду пешрафти ҷомеа нақши бориз доранд. Ин нуқта, бахусус дар даврони соҳибистиқлолии кишвар боз ҳам бештар назаррас гардид. Зеро, истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати муваффақонаи роҳбарияти олии кишвар, бахусус таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеъро ба миён овард. Имрӯз зани тоҷик неруи созандаи худро дар ободию пешрафти кишвар сарф намуда, дар ҳамаи ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона заҳмат мекашанд. Ин аст, ки аз оғози таърих то имрӯз мардум ба маърифатнокии занон аҳамияти хосса дода, кӯшиш менамоянд, ки онҳо дар ҷомеа мавқеи пешсафиро доро бошанд. Дар зиндагӣ маърифатнок будани зан имкон медиҳад, ки кӯдакон ва дигар аъзои оила бофаҳму боидрок тарбия ёбанд. Ин арзиш асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ  зикр гардидааст, ки дар лаҳзаҳои ҳассос занон, бахусус зани тоҷик дар қатори мардон, мардонагиву шуҷоат ва қаҳрамонӣ нишон додаанд.

Дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила махсус ҷой додаанд. Ҳамзамон, роҳбари мамлакат пайваста қайд менамоянд, ки давлат ва Ҳукумати кишвар ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, нерӯи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоянд».

Дар партави ин сиёсати созанда бо мақсади тақвият бахшидани иштироки бонувон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ силсилаи тадбирҳои муассир роҳандозӣ гардиданд. Вобаста ба иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, аз ҷумла, ҷалби занон ба хизмати давлатӣ бо назардошти мақому мартабаи шоистаи бонувон, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии занон ва ихтиёр доштани роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд дар марҳилаҳои ҳассос ва оғози даврони соҳибистиқлолӣ санадҳои муҳим ва дардхӯре қабул гардидааст, ки то ба имрӯз вобаста ба талаботи замон ва имкониятҳои мавҷудаи онҳо самаранок истифода мегарданд.

Қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» нақши муҳим дошта, тибқи он стандартҳои ақали иштироки занон дар идоракунии давлатӣ муқаррар гардида, барои таҳкими сиёсати гендерӣ дар ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда заминаи устувор гузошт. Бо мақсади ноил шудан ба баробарҳуқуқии воқеии мардону занон ва бартараф намудани як қатор монеаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва бо назардошти афкори умум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, №89 қабул гардид, ки тибқи он масъалаҳои таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарии ҳуқуқу имкониятҳои мардону занон ба танзим дароварда шудааст.

Сармутахассиси раёсати СОИ ҶТ Зокирова Нодира