Солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни сайёраамон миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд. Алҳол зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта метавонад оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор орад. Бешубҳа, чунин вазъиятро ягон кишвари дунё дар танҳоӣ наметавонад рафъ намуда, комил гардад ва сулҳу суботро таъмин намояд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва мураккабӣ имрӯза мо бояд ҳамкории мутақобиларо ба роҳ монем. Барои ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар муқовимат бо зуҳуроти хатарҳои замони муосир бояд бар пояи ҳусни эътимод, ҳамдастиву ҳамоҳангиҳои зичи хадамоту ниҳодҳои амниятии кишварҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шавад.
Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита онҳо мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.
Аз ин рӯ, такмили сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии кишвар буда, ҳалли масьалаҳои марбут ба танзими робитаи дину давлат ва муносибатҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои динӣ на танҳо масъалаи сирф динию фарҳангӣ, балки як мавзуи муҳими илмию пажуҳишӣ ва сиёсиву ҷамъиятӣ ба шумор мераванд.
Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин падидаи номатлуб иброз намудаанд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Гузашта аз ин, равандҳои сиёсии солҳои охир дар дохил ва хориҷи кишвар аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз масъалаҳои марбут ба дин ба таври бевосита ба масъалаҳои субботу амнияти ҷомеа ва манфиатҳои милливу давлатии ҳар кишвар иртиботи мустақим пайдо намудаанд.
Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегардад. Зеро, худи истилоҳи «терроризм» маънои «тарс ва ваҳм»-ро дорад.
Тибқи қонунгузорӣ зери мафҳуми терроризм ин содир намудани алҳое фаҳмида мешаванд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад. Амалҳои мазкур ақсади ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳои бо фоида чунин шахсони равонашуда содир мешаванд.
Ҳамаи амалҳои номбурда, аз қабили зӯроварӣ, зулму фишор, таҳдиду таҳқир, паст задани шаъну шараф, мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад ва ба ифротгароӣ бурда мерасонад.
Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зуроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ – бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористӣ дошта, дар шакли таркиш, пахши одамон тавассути воситаҳои нақлиёт, истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, содир намудани дигар амалҳои хавфноке, ки боиси ҳалокати одамон шуда метавонад, равона карда шудааст. Дар маҷмӯъ мақсади асосии террористон ба таври зуровари ғасб намудани ҳокимият ва аз нигоҳи талаботҳои шариат ҳукмфонӣ намудан аст. Баҳри амалӣ намудани ин ниятҳои нопокашон террористон омодаанд, ки ҳатто муқаррароти Қуръони маҷидро тағйир диҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 1 -и Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, онро ҳамчун яке аз асосҳои сохтори конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст.
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар ин радиф, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстримизм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Аз ҷумла, бо мақсади пешгирӣ ва решакан кардани амалҳои террористӣ стратегии мубориза бар зидди терроризм ва эксгремизми диниро тақвият дода, ҳамкориҳои худро бо ҷомеаи байналмилӣ дар роҳи ва коркарди механизми муқобилият бар зидди он бо дарназардошти муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода истодааст.
Ёрдамчии судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзов Ф.Ф.