Мардуми сарбаланди тоҷик имрӯзҳо ба шарофати Истиқлоли комили давлатӣ ва паӣгири аз сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил, дар арафаи ҷашнгирии оӣини бостонии милливу мардумӣ ва соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи баӣналмилалӣ қарор дорем.
Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат 19-уми феврали соли 2010 бо қатъномаи Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иди ниёгони тоҷикон Наврӯзи аҷам, ҷашни баӣналмилалӣ эълон карда шуд ва мувофиқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» №753 аз 2 августи соли 2011 ҳамасола рӯзҳои 21-24 март иди баӣналмилалии Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.
Бояд зикр намуд, ки суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои ҷашнгирии Соли нави миллӣ ва Наврӯзи баӣналмилалӣ истифода мегардад.
Донишмандон бар он ақидаанд, ки суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад. Суманак инчунин ифодагари паӣдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар миёни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад.
Бо ташаббусҳои Роҳбари давлати тоҷикон баъди ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО суманак дар кураи заминро бо навиштаҷоти “Рӯзи Наврӯзи баӣналмилалӣ” ҳамчун рамзи наврӯзӣ интихоб кардаанд.
Рисолаву осори бахшида ба Наврӯз ва наврӯзномаҳои сершумори гузаштагонамон собит месозад, ки ниёгони мо ҳанӯз аз замони шоҳ Ҷамшеди бузургу хирадманд ин ҷашнро ҳамчун рамзи паӣванди ногусастанӣ миёни табиат ва инсон, аӣёми покиву сафо, муҳаббату дӯстӣ, эҳсону сахо ва бахшоишу самимият бо шукӯҳу ҷалоли хоса таҷлил мекардаанд.
Зеро, он тибқи илми ситорашиносӣ ба нахустрӯзи офаринишу баҳор, рӯидани сабзаву ҷон гирифтани рӯдҳо, шукуфтани гулҳо ва зинда шудани умеду орзу дар қалби инсонҳо ва муҳимтар аз ҳама, ба лаҳзаҳои баробар шудани шабу рӯз рост меояд.
Яъне, бо ибораи дигар Наврӯз оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав буда, баробарии шабу рӯз дарбаргирандаи фалсафаи баробарии инсонҳо дар рӯи замин ба шумор меравад.
Бинобар ин, ниёгони арҷманди мо якдигарро ба муносибати фарорасии чунин як ҷашни аз лиҳози эҳтироми қадру шарафи инсонҳо камназир шодбош мегуфтанд.
Ҷашни Наврӯз дар тӯли асрҳо дар баробари ин, ки ба ривоҷи маданияти заминдориву зироаткорӣ ва боғдориву ободгарӣ мусоидат намудааст, ҳамчунин ба инсонҳо чун фарҳанги волои ҳамёриву ҳамкорӣ ва омили муҳими таҳкими сулҳу ваҳдат ва тавсеаи накӯкориву хаӣрхоҳӣ хизмат кардааст ва карда истодааст.
Яке аз сабабҳои ҷаҳонишавӣ ва дар баӣни халқу давлатҳои дигар доман паҳн кардану гиромӣ шудани Наврӯзи Аҷам, бешубҳа, дар ҳамин аст.
Ҳамзамон, яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда натанҳо макони зисту ашёи рӯзгор ва сару либоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, балки қалбу ботини худро аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ пок месозанд, ҳамдигарро бо чеҳраи кушоду оғӯши пурмеҳр истиқбол мегиранд.
Мо дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз суханҳои волои гузаштагонамон – «Гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек»-ро мушоҳида мекунем. Яъне, ҳар амале, ки дар ин ҷашн карда мешавад, бо неки оғоз ва анҷом меёбад.
Вобаста ба ин, бояд қаӣд кард, ки имрӯз тамоми мардуми фарҳангиву шарифи Тоҷикистон шиори пурфазилату пурманфиати гузаштагонамонро, ки пояи ҷовидонии суботу оромии ҷомеа, дӯстиву ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллии мо ва умуман иттиҳоди баӣни инсонҳо мебошад, дастури амали ҳаррӯзаи худ қарор медиҳанд.
Бо омад-омади Наврӯз, ки аӣёми умеду орзуҳои наҷиб мебошад, табиат баъди фасли сармо аз нав зинда мешавад, деҳқон ба замин донаи умед мекорад. Хуршеди пурҳарорати наврӯзӣ ба хонадон ва қалби ҳар яки мо нуру зиё мебахшад ва дар қалбҳои мо эҳсоси самимии накӯкорӣ ва созандагиро бедор мекунад.
Яке, суннатҳои дигари беҳтарини Наврӯз бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону аёдати маъюбон ва хаӣру саховат ба дармондагону ниёзмандон аст, ки имрӯз ҷавонмардони саховатманди кишвар ин анъанаи неки ниёгонро идома бахшида, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату мӯҳтоҷон дасти мадад дароз мекунанд, ки ин амали онҳо шоёни таҳсин мебошад.
Беҳтарин дастоварду хушбахтии инсон дар фазои сулҳу субот бо аҳли оила, ёру бародарон ва наздикону паӣвандон зистан мебошад.
Бузургони мо ҳамин дӯстиву ҳамбастагӣ, ифтихори милливу ватандорӣ, хештаншиносӣ ва расидан ба қадри сулҳу субот ва оромиву осоишро ҳамеша васфу ситоиш кардаанд.
Мо низ шукрона аз он кунем, ки имрӯз бо сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Пешвои миллат ва шарофати созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар фазои озод, дар мамлакати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил зиндагӣ дошта, ҳар як ҷашни бузурги миллиамонро таҷлил ва дар онҳо хурсандӣ менамоем.
Ҳамчунин, мардуми Тоҷикистон, ба ифтихори боз як ҷашни муқаддастарин ва муқаддамтарини кишвари озоду соҳибистиқлоламон – 35 солагии Истикдоли давлатӣ омодагӣ мебинанд.
Барои истиқболи арзандаи он ба ҳар як фарди бонангу номус зарур аст, ки бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ҳар рӯзро пурсамар истифода бурда, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани хонаву кошона ва маҳалли зисти худро вусъат бахшад, инчунин дар раванди созандагиву ободонии Ватани аҷдодиамон ва то ин санаи таърихӣ ба анҷом расонидани бунёди иншооти ҷашнӣ ва дигар нақшаҳои неки қабулгардида саҳми ватандӯстона гузорад.
Хайриддинзода Азизбек, муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон