Иштироки Раиси СОИ ҶТ Мирзозода Рустам дар таҷлили бошукуҳи Наврӯз дар ноҳияи Спитамен

Санаи 21 марти соли 2023 ба муносибати Наврӯзи байналмилал дар ноҳияи Спитамен чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ доир шуд. Дар чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҳир Толибзода, Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода иштирок намуданд.

Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода таъкид намуд, ки Наврӯз ҷашни аҷдодӣ буда, бо шарофати истиқлол ва сиёсати созандаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё ва шукуҳу шаҳомати байналмилал касб намуд.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр дошт, ки Мирзозода Рустам Пираҳмад сокинони ноҳияи Спитаменро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик гуфт.  Гуфта шуд, ки Наврӯз тайи тақрибан 6000 соли таърихи пуршебу фарози хеш мазмуни васеъ ва амиқи иҷтимоӣ ва амалӣ касб намудааст.

Табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҳир Толибзода ба самъи сокинони ноҳия расонид.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки Наврӯз амали созанда ва халлоқро чун нахустунсури фаъолияти инсон муаррифӣ кард, ки баёнгари возеҳтарини он барзгарӣ ва кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ фаъолияти иқтисодӣ ва созандаи иҷтимоист. Маҳз ҳамин амал имкон медиҳад, ки ҷомеа ба пешрафт ва рушди матлуб ноил гардад”- зикр шуд зимни чорабинӣ.

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ, расму русум ва оинҳои наврӯзӣ, инчунин барномаи фарҳангӣ ба чорабинии тантанавӣ ҳусни бештар ва шаҳомати баландтар бахшид.

Напечатать страницу Напечатать страницу